Ҷавоне, ки аз хизмат кардан метарсад, дигар наъраи ҷавонмардӣ назанад!
Чаро ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардам? Зеро, ҳама зидди иҷборан ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон «лашкар сафарбар карданд». Маҳз ин оҳу нолаи мардум сабабгор шуд, ки дар ин бора чизе беш аз ҳақиқат нависам.
Як фикр мекунем, ки минбаъд ҳеҷ яке аз ҷавононро ба хизмат ба таври маҷбурӣ ҷалб намекунанд, ҳар касе хоҳад, ихтиёрӣ барои адои қарзи Ватан-Модар сафарбар шавад. Оё касе аз шумо сад фисад кафолат дода метавонед, ки касе ба аскарӣ меравад? Ҳеҷ кадоми шумо наметавонед, зеро ҳама имрӯз тарсу шудаанд. Маҳз волидон сабабгор гардидаанд, ки ҷавонон дар муҳити тарсуӣ ба воя расанд. Оё касе аз волидон то имрӯз фарзанди худро ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ фиристодааст? Шояд бошад, аммо аз ҳазор якто. Пас чи гуна метавонанд бо ин руҳияи ватаннохоҳӣ ҷавонони мо ояндаи миллат шаванд? Магар ҷалб кардан ба хизмати ҳарбӣ — ин ҷалб кардан ба майдони ҷанг аст? «Майдон аз мардон аст» мегӯянд, аммо имрӯз он мардон ҳама тарсу шудаанд. Шояд омили дигари аз сафи хизмат дур мондан ва саркашии ҷавонон дар азоби он бошад? Аммо азоб, машаққат, ташнагӣ, гуруснагӣ, хунук хӯрдан — ин ҳаёти афсарона аст. Ин зиндагиро бояд ҳамаи афсарон аз сар гузаронанд ва пас аз он метавон гуфт, ки «ӯ афсар» аст. Ё ин ки ҳама мехоҳанд барои бачаҳояшон дар хизмат ҳаёти шоҳона ороста шуда бошад, ки онҷо канизакон дар хизмат бошанду писарашон дар тахти заррин нишинаду аз чор тарафаш духтарони нимӯрён бо рақсҳои шикам базмро бо овози танинандози карнаю сурнай оро диҳанд? Агар ин тавр бошад, пас дар вақти ҷанг ин «шаҳаншоҳ», ки умри дусолаи хизматашро бо базмҳои майишӣ шабзиндадорӣ кардааст, ватанро ҳимоя мекунад? Ҳеҷ гоҳ ҳимоя намекунад, баръакс, мисли шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ рӯ ба фирор меорад.
Агар ин тавр ҷалб кардани ҷавонон ба хизмат идома ёбад, оқибати он бо чӣ меанҷомад, вақт нишон хоҳад дод.
Нуралӣ КАРИМ
Оё худат хизмат кардаи?
Нуралӣ оё ту худ хизмат кардаӣ? Карда бошӣ бисёр хуб вагарна вой бар ҳолат. Ҷавобро интизорам дар коммент.
Барои чӣ шумо журналистон мақоларо менависед, комментҳоро мехонед, аммо барои ҷавоб гуфтан тарсуед.? Савол ба ҳамаи рӯзноманигорони Фараж аз А то Я.