Муовини якуми раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Раҳмонзода Хуршед зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нархи тарбуз ва харбуза яку якбора баланд гардид ва сабабашро ба гарм шудани ҳарорати ҳаво рабт дод. Вале ӯ низ пас аз чунин изҳороти аҷоибулғароиб аз сӯи мардум мавриди интиқод қарор гирифт.
Коршиносони соҳа мегӯянд, ки палакҳо дар ҳавои гарми 45-50 дараҷа метавонанд хушк шаванд. Вале чунин гармӣ дар оғози гирифтани ҳосили якум аслан набуд ва ҳаво аз 5 то 10 дараҷа камтар буд. Тарбузҳо хуб пухтанд, нопухта накафиданд.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ низ таъкид карданд, ки воқеан ҳаво то он дараҷае гарм набуд, ки деҳқонон ҳосили хостаи худро ба даст наоранд.
Вале мардум чунин вазъро ба мудирияти нодуруст дар соҳаи кишоварзӣ ва масъулини «Тоҷикматлубот» алоқаманд медонанд. Албатта, роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ аслан ҳуқуқ надорад ба деҳконон супориш диҳад, ки «ту чиро кориву деҳқонӣ дигар чиро», вале бояд лоақал машварат аз хатарҳоро пешакӣ эълон мекард, ки нархҳо боло нараванд ва мардум воқеан ҳам зӯрашон ба он чизе, ки сарватмандон ҳар рӯз харидорӣ мекунанд, намерасад. Ҳангоми харид кардан албатта дасткӯтоҳанд. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин менависанд:
— Раҳмонзода Хуршед бояд дар якҷоягӣ бо вазири кишоварзӣ Изатулло Сатторӣ пешакӣ ба деҳқонон дастур медоданд, ки оянда талабот ба кадом намуди маҳсулоти полезӣ меафзояд. Онҳо аллакай таҷриба доранд, вале мебинед, ки кадомаш парвои мардум дорад?
— Инҳо фақат барои кисаи худашон кор мекунанд. Бо деҳқони бечора гап мезананд? Хандондед лекин…
— Агар тобистони гарм бошад, пас зимистон арзон мешавад, парво накунед.
— Сабабаш набудани маҳсулоти полезӣ…
— Омор нодуруст, хабар дурӯғ. Ҳамаро ба Афғонистон мебаранд.
— Гармӣ зарар дорад, хунукӣ зарар дорад… Ҳаво намебуд, гуноҳро ба гардани кӣ бор мекаранд? Бечораи табиат!
— Тобистон бояд барф меборид ва ҳама чиз арзон мешуд. Аҷаб мантиқе!
— Сабабгори асосии баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорҳо ноуҳдабароии «Тоҷикматлубот» мебошад, вассалом.
— Олимони ҷавон да…
— Нишонаи қиёматро дар ҳамин «Тоҷикматлубот» ва Раҳмонзода Хуршед мебинам.
— Фоидаи «Тоҷикматлубот» ба халқ тамоман намерасад. Инҳо аз деҳқон харида, дар яхдонҳо захира карда, дар вақти камчинӣ бо нархи ҳамонвақта мефурӯшанд. Пас тобистон гарм нашуда, хунук шавад-мӣ? Кай дидед, ки масъулин ба мардум захираашонро фурӯхтаанд? Ақаллан боре шунидаед?
— Ман нафаҳмидам, инҳо барои кӣ захира мекунанд?
— Тарбуз бисёр ҳам бошад, ҳеҷ гоҳ арзониро намебинем…
— Кишт зиёд шуд, вале нарх ҳамон тавре, ки буд, боқӣ монд.
— Ҳама танҳо аз фоида нагирифтан лаб мекушоянд. Наход як ҳаёт инҳо бефоида кор кунанд?
— Замоне деҳқонӣ мекардам, ягонтои инҳо на кӯмак, на дастгирии давлатӣ намекарданд. Масалан бо тухмиҳои сифатнок, доруҳои минералӣ ва маводҳои сӯзишворӣ аслан таъмин намекарданд. Ҳар касро дави аспаш буду ҳоло ҳам чунин аст.
Интиқол гардидани тарбузро ба хориҷ аз кишвар ҷаноби Раҳмонзода низ рад кард, ки хеле хандаовар ба назар мерасад: «Мо ба худамон тарбуз намеёбем, ки хӯрему боз ба хориҷ аз кишвар равон мекардаем?».
Пас, агар Раҳмонзода барои мову ба хориҷа баровардан тарбузу харбуза наёбад, вақти холӣ кардани курсиаш нарасидааст магар?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА