Танго — рақсест, ки як нафар наметавонад онро тани танҳо анҷом диҳад. Барои рақси танго як марду як зан лозим аст. 

Пешниҳоди ахири Додситонии кулли Тоҷикистон барои ҷазо додани мардони “сабукпо” дарки ин мантиқ аст. Додситонӣ пешниҳод кардааст, то нисбати мардоне, ки аз хизмати фоҳиашҳо истифода мебаранд, ҷазо таъин карда шавад.
То кунун бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо фоҳишаҳо аз 500 то ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд, вале мардон, ки як тарафи ин амал буданд, беҷазо мемонданд.
Фоҳишаҳо дар бисёр давлатҳои хориҷӣ қонунӣ фаъолият мекунанд, андоз месупоранд, ҳар моҳ аз назорати духтур мегузаранд. Вале барои мардуми шарқӣ ин чиз бегона аст ва аксарият онро бисёр дағалона ҳам ном мебаранд — «ҳаром». Ва «7 пушташ ҳаром аст!».
Дар давлатҳои мусалмонӣ, ба мисли Афғонистон, ҳам зан ва ҳам мардро барои чунин аъмол миёни издиҳом сангборон мекунанд ва ё сад чӯб мезананд.
Назари мардуми тоҷик дар ин робита тамоман дигар аст. Мардум ба фоҳиша нафрат доранд, вале ба марде, ки аз хидмати ӯ истифода мебарад, ҳеҷ назари баде надоранд. Барои ҳамин, ин пешниҳоди Додситонии кулл хуб аст, ки мардонро ҷазо медиҳанд, аммо бояд назари ҷомеаро низ дар ин росто тағйир дод.
Суол ба миён меояд, ки аз хизмати фоҳишаҳо бештар кадом мардон истифода мебаранд — пулдор ё бепул? Соҳикор ё мансабдор? Одӣ ё «кто попало»? Баъзан занҳо қурбонии ин роҳ мегарданд. Баъзеҳо барои расидан ба ҷойе дар кадом корхонае аз ҷониби раис таҷовуз мешаванд… Ин чӣ аст? Коррупсия ё фоҳишагарӣ?
Ба назар мерасад, ки аксарият аз ин тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ карданд. Яъне, ба он маъно, ки занони сабукпо дигар роҳи пулкоркунии осонро накобанд, чун дар ҳар ду ҷониб ҳам кор бо кашмокашӣ анҷом меёбад. Вале ҷониби дигар мегӯяд, ки «лоиҳаи мазкур роҳи ҳал нест. Беҳтар аст заминаи иҷтимоии занонро хуб кунед, барои онҳо ҷойи кор муҳайё намоед». Ба андешаи бархеи дигар, «бештар ба ин кор нафароне даст мезананд, ки мансабдоранд ва худи онҳо «мамароза»- ҳоро пуштибонӣ мекунанд». Пас чаро «мамароза»-ҳо кам ба маҳкама кашида мешаванд? Ҷазоро нисбати онҳо сахттар кардан лозим, зеро духтаракони ҷавонро ҷалб намудаву ҳаёти онҳоро месӯзонанд. Дар ин маврид ҳолатҳои овозашуда аз Дубай, Туркияву Санкт-Петербург далелҳои зиндаанд.
Хуллас, аз лоиҳа чӣ чизҳои хубе ба даст овардан мумкин аст, дар ҳоли амалӣ гардиданаш маълум хоҳад шуд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here