“… Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро написандед, ки Худо дар он хайри бисёрро пайдо кунад”.

Қуръон, Сураи Нисо, ояти 19

Издивоҷ ва оиладорӣ — ин қонуни муҳаббат, садоқат ва вафодорист. Бунёди оила ва ҷуфт шудан байни зану мард қонунест ба номи “никоҳ” ва ҷудоӣ байни ҷуфтҳо — ин қонунест ба истилоҳи “талоқ”, ки мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза бо вуҷуди талошҳои зиёде аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ шумораи пошхӯрии оилаҳо миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш аст. Талоқ дар ҳолати ночорӣ ва изтирорӣ илоҷи воқеа мегардад. Вуқуи талоқ ва вайрон намудани оила аз нигоҳи дини Ислом амали бад ва зишт маҳсуб мешавад. Паёмбар Муҳаммад (с) мегӯянд, ки “зишттарин ҳалолҳо назди Худованд талоқ аст”. Бояд дар ёд дошт, ки танҳо дар он сурат робитаи оилавӣ ба сабаби бадрафториҳои зан ё мард вайрон мешавад ва бо ҳеҷ восита ва илоҷ ислоҳ кардан имкон надорад, пас дар он сурат шариати Ислом иҷозат медиҳад, то зиндагии заношӯӣ қатъ карда шавад.

Аммо як бубинед, ҳоло талоқ дар ҷомеа ба ҳукми одат, саҳлу сабук ва одӣ шудааст, ки ин на танҳо доғи оила, балки доғи миллат ва камоли ноҷавонмардист. Зиндагии заношӯии баъзеҳо ҳатто чиҳил рӯз тӯл намекашад. Омилҳояшро меҷӯед, пас як гӯш андозед.

Иллати якум — ин камфаҳмӣ, бемаърифатӣ ва надоштани саводи динӣ ва дунявӣ дар ҷавонон аст. Айб аст, ки як ҷавони мусалмон аз аҳкоми дини худ огаҳӣ надошта бошад ва пояи зиндагиро бо ҳавову ҳавас бунёд кунад. Дувумин иллат — ин саросемагӣ ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Саромегӣ амалӣ шайтон аст, аммо омода набудани ҷавон ба ҳаёти хонаводагӣ бештар бо айби волидон сар мезанад, ки ононро аз шебу фарози ҳаёт наогаҳонидаанд. Омили савумӣ — ин риоя накардани ҳуқуқи тарафайн дар ҳаёти оиладорӣ аст. Аксарияти писарон гумон доранд, ки сарвари хонаводаанд ва ҳар чизе гуфтанд, бояд ҳамон шавад. Аммо оё намедонанд, ки Худо чӣ гуфтааст: “… Ва занонро аз ҳуқуқ бар мардон монанди он чи ҳаст, ки мардонро бар занон аст, ба ваҷҳи писандида…” (Қуръон, 2:228). Чаҳорумин омили пошхӯрии оилаҳо — ин ба назар нагирифтани розигии худи ҷавонон барои издивоҷ аст. Як бубинед, ҳоло низ қолабҳои шахшудаи гузаштагон дар анъанаи оиладориҳои замона вуҷуд дорад. Хуб шуд, ки никоҳи хешутабориро қонунан манъ карданд, вале баъзе тадбирҳоро низ бояд андешид, то ризоияти навоиладорон ба инобат гирифта шавад. Зеро аз нигоҳи шаръӣ номзадҳо бояд якдигарро бинанд, ақл, ҳусн ва ахлоқи ҳамдигарро биомӯзанд, пас бо хости якдигар оила барпо кунанд. Боз метавон иллатҳои дузанагӣ, фақр, муҳоҷират, ҷангу нофаҳмӣ ва зӯроварӣ дар оилаҳоро гуфт, ки ҳамагӣ метавонанд замина барои барҳамхӯрии оилаҳо гарданд.

Пас имрӯз ҳар ҷавонро мебояд дар муносибат бо ҳамсар меҳрубону раҳмдил бошад, чунончи Паёмбари Худо (с) фармудаанд, ки “беҳтари шумо касоне ҳастанд, ки бо занони худ рафтори нек доранд”. (Ривояти Тирмизӣ).

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here