Борон ҳам ба рӯи ситамгар меборад ва ҳам ба рӯи ситамдида, вале бештар рӯи ситамтида меборад, зеро ситамгар чатри ситамдидаро рабудааст.

Кристофер Бонн

 

Назаре дар бораи гарон шудани нархи Интернет…..

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ барои ҳар як шахс интернет чизи муҳим ба ҳисоб меравад, зеро тамоми ҷаҳон кӯшиш дорад, бо ихтирои навтарини худ кори инсонҳоро осону қулай гардонад.

Аммо ман ба ақидаи баъзе аз шахсони “мансабдор” ҳайронам, ки чаро дар қабули қонуну қоидаҳо танҳо як тарафи масъаларо ба инобат мегиранду халос… Боре намеандешанд, ки аз ин қарори қабул кардаашон бешак бар зарари мардум аст.

Дар ҷумҳуриямон қиммат шудани тамоми чиз ба қавле “муд” шудааст. Ин навбат дар олами “Муд” болоравии нархи интернет аст, ки ҳамаро ба ташвиш овардааст.

Аз замони овоза шудани гароншавии арзиши интернет, мардуми кишвар ҳар рӯз вокунишҳо анҷом медиҳанд, аммо бенатиҷа. Ин мавзӯъ вақтҳои охир ба мавзӯи “доғ”  табдил шуда мондааст.

Вақте  интернет қимат мешавад, таваҷҷӯҳ ба он кам мешавад ва ин ба иқтисодиёти ширкатҳо зараровар аст, вақте интернет қимат мешавад, дастрасии иттилоот ба мардум камтар мешавад, ки ба фикрронии одамон зиён дорад. Масалан, чун интернет ҳаст, ҳар шахс хабарҳоро  аз тамоми сомонаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунад, аммо баъди гаронии  интернет бошад, касе аз чизе хабардор шуда наметавонад ва ин ба он оварда мерасонад, ки мардум танҳо ба гапҳои “занакои лаби об” мароқ зоҳир мекунанд.

Шахсан ман донишҷӯе аз минтақаи дурдасти кишвар ҳастаму дар пойтахт таҳсил мекунам. Аз интернет хеле кам истифода мебарам, агарчи дар ихтисоси ман ин чиз хеле муҳим ба шумор меравад.

Интернетеро, ки ман истифдода мебарам, дар як рӯз бо нархи 1 сомону 30 дирам бароям дастрас аст. Ҳмм, хандаовар аст, не! Шояд барои шумо хандаовар бошад, аммо барои ман ингуна нест, зеро вазъи иқтисодӣ имконам намедиҳад, то аз  интернети қимматару каме босуръаттар истифода барам. Ҳарчанд суръати интернет дар кишвари мо бе ин ҳам он қадар баланд нест. Баъди гаронии интернет  ва ивазшавиии тарофаҳои мобилӣ бошад, шояд тамоман истифода набарам.

Хуллас, ба дастандаркорони ин “амали хайр” хотирнишон карданиям, “ҷанобон, як бор биандешед, ин қадар зулмро, ки раво мебинед, кӣ мекашад?!

Дилшод Болтаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here