Агар як журналисти тоҷик наметавонад адолати судиро барқарор намояд, пас чаро бовар намудани ин ки низоми судии мо пур аз мушкил аст, мушкил бошад?

Як солу 2 моҳ аст, ки Рамзия Мирзобекова — яке аз рӯзноманигорони ҳирфаии тоҷик дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои ба даст овардани адолат мубориза бурд, вале меҳнатҳояш барабас рафт ва ӯ бо ягона фарзандаш дар кӯча монд. Қарори ӯ пас аз як рӯзи мулоқоти Пешвои миллат бо додрасҳои кишвар бароварда шуд. Гарчанде Президенти кишвар аз додрасҳои тоҷик хеле қотеъона талаб карда, гуфт: “Ба қарорҳои ғайриқонуниатон нуқта гузоред. Ҳар кадоми шуморо ман вақти суҳбат таъкид кардам, агар мансаби судягӣ танҳо барои як ҳадаф — қонеъ кардани нафси бади худ бошад, хубаш, ки дар система кор накунед, соҳибкорӣ кунед, бизнес кунед, бой мешавед, равед!”.

Рамзия мегӯяд, ки тӯйи арӯсии ӯ бо собиқ шавҳараш соли 2014 дар шаҳри Хоруғ барпо шуд. Ва маҳз дар ин рӯз ӯ қурбонии тақаллуб гардид. Вақте ки ӯ ақди никоҳи давлатӣ талаб мекунад, собиқ шавҳараш ваъда медиҳад, ки “ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар тарабхона дар вақти маросими тӯй имзо мекунем” ва ҳатто як нусхаи шаҳодатномаи САҲШ тариқи интернет пешакӣ барои боварӣ ҳосил намудани ӯ фиристодааст.

— Он танҳо ба хотири мулло, ман ва тарабхона пешниҳод шуда буд, то ки мани сода розӣ шаваму барои гузарондани тӯй иҷозат диҳанд. Аммо ин як ҳуҷҷати қалбакӣ будааст. Дар куҷо ва аз тарафи кӣ омода гардидааст, бароям то ҳол як муаммост. Эҳтимол худаш барои ин рафтораш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд? Тӯйи арӯсиам ба охир расид, вале аз ақди никоҳи давлатӣ дигар хабаре набуд. Аз зиндагии якҷоя мо соҳиби як фарзанд шудему хонаи истиқоматӣ, 1 дорухона ва маблағи калоне дар даст доштем,- мегӯяд ӯ.

Собиқ шавҳари Мирзобекова — Мамадсаидов Киромиддин, пас аз пош хӯрдани оилааш аз додани хонаи истиқоматӣ пурра сарпечӣ мекунад ва ҳатто ҳуҷҷатҳое барои додрас пешниҳод мекунад, ки гӯё ӯ «ба ҷуз 800 сомонӣ дигар чизе дар бисоташ надорад, ки хӯраду гардад ва чӣ расад ба харидани хонаи истиқоматӣ». Аммо Рамзия баръакси гуфтаҳои Мамадсаидов далелҳои зиёде пеш меорад, ки собиқ шавҳараш яке аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад.

Ба нақли Рамзия Мирзобекова, “аввалин аризаро дар суд судя Масрур Ҷӯрахонзода баррасӣ мекард ва доимо маро метарсонд, ки «умрат ба ҳамин судбозӣ мегузарад ва чизе собиқ шавҳарат мегӯяд, ба ҳамон розӣ шав». “Вале ман намедонистам, ки ба чӣ розӣ шавам, чунки шавҳарам ба мо ягон чиз пешниҳод намекард. Фақат дар назди Ҷӯрахонзода ваъда дод, ки дар муддати 1 сол ба духтараш хона мехарад. Суд аз намояндаи ӯ талаб кард, ки шарту шароити хонаро расман ҳуҷҷатгузорӣ кунад, вале ӯ баъди шунидани талаби судя зуд ҷавоби рад дод. Вале бояд қайд кунам, ки Мамадсаидов Киромиддин мисли “худам шоҳу таъбам вазир” дар мурофиа ҳамагӣ 3 маротиба иштирок карду халос. Вале судя Ҷӯрахонзода аз суханҳои дурушташ як лаҳза даст намекашид. Ҳатто боре бо тамасхур ба ман нигоҳ карда гуфт: «Вой, войээээ, гӯш кун, ба ту бо 80 квадрат хона мефора? Ичит намефоридай ку!”. Худ қазоват кунед, як судя ба модари тоҷик, ки муддати 14 моҳ дари судяҳорро мекӯбад, бо чунин шева суҳбат кунад, пас вой бар ҳоламон! Куҷо шуд забони ширин ва ноби тоҷикӣ, забони Рӯдакиву Сино? Забоне, ки Президенти кишвар барои мақоми давлатӣ гирифтани он чи талошу ҷонфидоиҳое накард. Ҷӯрахонзода зимни мурофиаи судӣ аз собиқ шавҳарам, на ҳамчун судя, балки мисли як ҳимоячӣ ва дӯсти ҷониву бародари ҳамхун баромаду ҳимоя мекард. Пас аз чунин муносибати сард нисбати судя раддия пешниҳод кардам, то ӯро иваз кунанд. Дар ниҳоят парвандаро ба Малоҳат Раҳмонзода, ба судяи дигари ҳамин ноҳия доданд. Ва ман аз надоштани қайди никоҳи расмӣ ва сабабҳои дар боло зикрнамудаам ба ӯ нақл кардам. Раисикунанда Раҳмонзода дар аввал маро хеле дастгирӣ мекард ва гуфт: «Қайди расмии ЗАГС нақше намебозад, шумо фарзанд доред, ин аллакай муносибатҳои оилавии шуморо тасдиқ мекунад». Аммо пас аз кашолакорӣ, яъне шаш моҳ, судя пеш аз ба хонаи машваратӣ рафтан гуфт, ки «ман аризаи ин занро пурра рад карда наметавонам”. Ва аз собиқ шавҳарам пурсид, ки «оё омода ҳастед барои фарзандатон кӯмаке кунед?”. Ӯ посух дод: “Не, ба фарзандам ягон кӯмак намекунам». Пас аз ним соат судя аз хонаи машваратӣ баргашту эълон намуд, ки аризаи ман пурра рад карда шавад! Мувофиқи қонун, модар ва кӯдак зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат мебошанд. Пас, нисбати ману фарзандам талаботи қонун то куҷо иҷро гардид? Адолати иҷтимоӣ куҷо шуд? Қонун чаро тарафи ману фарзандам неву ҷониби ҳимоягари собиқ шавҳарам шуд? Чаро судяҳо дар қарор мустақил нестанд? Маълумотномаҳои тақаллубӣ ва бардурӯғи шавҳарам чаро дастгирӣ ёфтанд? Кирдорҳои ғайриқонуниаш чаро аз назари суд пинҳон монданд? Барои чӣ далелҳои ман ҷиддӣ қабул нагардиданд, вале «эркагӣ»-ҳои ӯро хеле навозишкорона мебардоштанд?”,- таъкид мекунад рӯзноманигор.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, дар рӯзи қабули шаҳрвандон муовини якуми раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ҳам зимни суҳбат иброз доштааст, ки «Қонун ҳамеша тарафи модар ва фарзанди ноболиғ аст, новобаста аз қайди никоҳи расмӣ доштану надоштан».

— Бигузор судя ва собиқ шавҳарам дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Дар 14 моҳе, ки ман барои ба даст овардани хонаи истиқоматӣ мубориза бурдам, фарзандам аз тарбияам тамоман дур шуд. Ҳатто ӯро аз боғчаи бачагона бо далели нарасидани маблағ ва албатта вақт, гирифтам. Пас, бо чунин мушкилот ман ба тарбияи фарзандам чи гуна таваҷҷуҳ намоям? Насли ояндаи солимро ман чи гуна ба воя мерасонам?,- суол мегузорад Рамзия.

Аммо дар ҳоли роҳи ҳал наёфтани қазия, суоле, ки ин журналист ва садҳо корафтодаи дигар аз низоми судии кишвар ва бахусус раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён хоҳанд пурсид, чунин аст:

— Дар ин сурат чи гуна метавонем ба адолати судӣ бовар кунем?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Дузди пиреро ба дом андохтанд, Дасту по бастанду ҳад(д) бинвохтанд,
    Гуфт қозӣ: — ин хатокорӣ чи буд, Гуфт дузд: — ҳон, агар гӯям ба по хезад зи домони ту дуд.
    Гуфт: — он лаъли бадахшонӣ чи шуд, Гуфт:- медонам ва медонӣ чи шуд.
    Гуфт: — пеши кист он равшан нигин, Гуфт: — берун ор даст аз остин…….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here