Хубу бади хук рафт. Мушро бо чӣ пешвоз мегирем?

Инак, бо соли 2019 падруд гуфтем. Соли гузашта барои қисме бобарору пурнишот буд, қисми дигар онро бадтарин сол унвон мекунанд.

— Афви 20 ҳазор нафар маҳбус дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Точикистон, ки онро «Авфи тиллоӣ» ном мебаранд.

— Пирӯзии Чоршанбе Аловатов — овозхони ҷавони тоҷик дар Central Asia,s Got Talent, ки ғолибиятро ба даст овард ва соҳиби 26 ҳазор доллари амрикоӣ гардид.

— Ғолибияти Меҳринисо, ки дар як дақиқа 4000 калимаро дар озмуни «Хотираи қавию зудхонӣ» хонд ва байни 100 нафар кӯдакону наврасон дастболо шуд.

— Сомон Маҳмадбеков — ҷавони 21-сола Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон шуд.

— Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ғолиб гардидани узви 1 оила, ҷойи якум, дуюм ва сеюмро ишғол кардани фарзандони сиёсатмадори тоҷик Абдулло Раҳнамо ва тақдими 5 ҳазор доллар ба писараш Раҳнамо Бунёд, ки хонандаи литсейи «Раҳнамо» будааст. (Муассиси литсей ҳам Абдулло Раҳнамо мебошад).

— Пирӯзии Тими мунтахаби Тоҷикистон U дар бозиҳои Осиё ва гирифтани роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон.

— Соле, ки кормандони Прокуратураи генераливу Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиа соҳиби хонаи истиқоматӣ дар пойтахти Душанбе шуданд.

— Аз «Бренди сол», ки охири сол аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба корхонаҳои муваффақ дода мешавад, бисёриҳо норозӣ буданд, бахусус нисбати бонкҳо, зеро мардум ҳафтаҳо дар ба дари бонкҳо буданд, вале маблағашонро гирифта наметавонистанд. Аз ин сабаб, ҷоизаҳоро ба онҳо лоиқ намедонанд, вале «ҷевонашон пур мешавад, ҳамин қадар фоида» мегӯянд мардум.

— «Пешвозгирӣ»-и иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзода барои кушодани 2 дорухона (яке барои ҳайвонҳо) ва дар рӯзи сарди зимистон баромадани духтаракҳо бо атласро ҳеҷ кас то абад фаромӯш нахоҳад кард.

— Суҳбати телефонӣ ё худ бадзабонии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Мавҷуда Бобозода бо зердастонаш, ки хашми мардум ба бор овард ва ҳамаро шокӣ карда буд: «Шумо у варақоя дар мурдаҳоя мебаред? Қабристон? Ҳозир ман дар Рамазон дар даҳантон қопчаш қатӣ м…. м. Ҳоли бестен…».

— Калонгапию аз худ рафтанҳо, беадабии раиси комиссияи аттестатсионии шаҳри Ваҳдат Тураев Холмуҳаммад, аъзои комиссия Назиров, Раҳмонов, Ғуломов ва Қурбонов, ки ахиран садояшон дар Интернет нашр шуд: «Ин кампиракони аз шир мондаро аз куҷо овардед, ки дар рӯшон нигоҳ карда намешавад? Афти и маллимаҳора бин? Ранги харанд. Ай инода маймун хушрӯтар аст».

Ва баъзе аз мансабдорон, ки ҳамеша бо либоси дурусти корӣ ба корхонаҳои давлатӣ даромаданро ташвиқ мекунанд, ахиран худашон бо либосҳои варзишӣ ба назди раисони вилоят мераванд!

Посухҳои ин ҳама корҳои неку бадро шояд дар соли нав шунавем.

Соли 2020 муборак, ҳамватанони азиз!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Соли 20-ум соли пурмаймун шавад, Хонаи мӯшон пур аз гандум шавад… Соли нав, е мурак бошаде!!!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here