Ёд дорам, чанд сол пеш вақте ба касе кӯмак кардӣ, дасташ гирифтӣ, туро соҳибвиҷдону оқилу инсон мешумориданд. Ҳоло бо анҷом додани ин амал нисбати он шахс фақат як калима мегӯянд: “Сода!.

Салом Абдувоҳид!

Ҳаво ин зимистон сард омад. Гоҳ об дар трубаҳо ях мекунаду гоҳе барқ ба фишори зиёд тоб намеорад. Чанд соли охир ҳамагӣ як ё ду бор барфро дар пойтахт медидем. Он ҳам барои як ё ду рӯз. Зуд об мешуду ҳанӯз кӯдакон ҳавасшикан нашуда, об мешуд. Аммо имсол… намедонам бори чорум ё панҷум барф мезанад. Хунуки сард ба ёд Сибиреро, ки дар асарҳои бадеӣ мехондем, меорад. Барфи сарду яхолуд.

Ба болои ин имсол дар Душанбе туман пайдо шуд. Тумани ғафс. Ман то ин дам Душанбеи туманолудро тасаввур намекардам. Субҳ машинаҳо бо сад азоб то ба коргоҳ мерасанд. Утоқҳои корӣ гарм намешаванд. Кормандон бо азобе рӯзро кӯр мекунанду ҳанӯз пардаи торикӣ нафаромада, ба хона мешитобанд. Кор — хона, хона — кор. Бовар кунед, гоҳо ба назарам шабеҳи мӯрчаем. Мӯрчае, ки миёни коргоҳу хона мераваду меояд.

Дигар он то дилгаҳи шаб нишастану сӯҳбат оростан, бо майли дил сӯҳбат кардан, хандаҳои осмонкафу базлагӯӣ, дар хонаи касе ҷамъ шудану субҳро пешвоз гирифтан, дар хотираҳои мо мондаасту бас!

Баъзе авқот ба назарам чунин менамояд, ки зиндагӣ бемаънӣ шудааст. Ҳама чизи беҳтарин мурдаасту фақат хотираҳои нохуш боқӣ мондааст ва рӯз ба рӯз ин ҳолат бадтар мешаваду беҳтар не. Шояд таъсири коронавирус бошад? Намедонам! Дӯсте қисса кард, ки баъди коронавирус фаромӯшхотир шудааст ва гоҳо ҳамсӯҳбаташро соатҳо мебояд то ба ёд орад, кӣ буду аз куҷо буд, имрӯз чӣ хӯрда буду дар куҷо хӯрда буд. Рӯз ба рӯз вожаҳои инсонӣ, вожаҳое, ки фақат ба инсон дахл доранд, кам мешаваду гум мешавад. Ёд дорам, чанд сол пеш вақте ба касе кӯмак кардӣ, дасташ гирифтӣ, туро соҳибвиҷдону оқилу инсон мешумориданд. Ҳоло бо анҷом додани ин амал нисбати он шахс фақат як калима мегӯянд: “Сода!”. Дар ин калима ҳама чӣ нуҳуфта аст, ҳам авзои замона, ҳам монанд набудани ин инсон ба дигарон ва ҳам баҳои дигарон. Ва даҳшатноктар аз ҳама авзои ҷомеа.

Гоҳо фикр мекунам, ки мо воқеан содаем… Авроқи зиндагии худро варақ мезанам ва дар меёбам, ки чӣ қадар зиёд сода будаам. Ҳамеша дунболи он давидаам, ки ҳама коре анҷом медиҳам, бояд зебо ва босифат анҷом ёбад. На ин ки ба хотири касеву чизе ё андешаи дирӯзу имрӯз.

Ҳамин дирӯз буд, ки нафаре аз як минтақаи кӯҳистони дурдаст бо арзе омад. Номаашро хондам. Дилрешкунанда. Ҳангоме ба ҳамкорон гуфтам, ки бояд ин маводро нашр кунем, яке гуфт: “Шахси танқидшуда хешованди фалонӣ аст”, дигаре гуфт: “ӯ ягона нафаре аз раисон аст, ки бо мо муносибати хуб дорад ”, саввумӣ афзуд: “ба шикояти ин нафар дар ҳама зинаҳо беэътибор будаанд. Аз нашри ин шикоятнома чӣ фоида?”, чаҳорумӣ илова намуд: “Сода нашавед” . Ана ҳамин ибораи охирин маро кушт. Мефаҳмед, Абдувоҳид, ба худо, дилам дард кард. Охир, дигар вақте мушкили касеро баррасӣ мекунем, ба дардаш даво шудан мехоҳем, моро таъкид мекунанд, ки “сода нашавем”.

Акнун, чанд гуфтугӯи ахирро бо Шумо мехонаму ба худ мегӯям: “Ману Абдувоҳид аҷаб содаем. Ин ҳарфҳоро ба кӣ ва барои чӣ мегӯем?”. Оё касе онро мехонад? Касе аз дарди мо огоҳ мешавад?

Абдувоҳид!

Ба назари Шумо чунин наменамояд, ки ману Шумо сахт сода ҳастем, ки коғаз сиёҳ мекунему аз дарди ин ҷомеа мегӯем? Магар ба назар чунин наменамояд, ки хонанда баъди хондани ин сафсаттаҳои ману шумо моро “сода” меномад? Ё ҷойи вожаи “Инсон”-ро дигар вожаи “Сода” гирифтааст?

Шумо чӣ мегӯед?

 

Содамуғамбир

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Номаатонро хондам. Инак, дар пайи навиштани посух ҳастам. Агар Худо даст диҳад, нависаму ба охир расонам, мефиристам. Барои он “агар Худо даст диҳад” гуфтам, ки имшаб як дарди ҳарина диламро гирифту пайвандонро ба таҳлука андохт. Як даҳ-понздаҳ дақиқа хала гирифт. На нафас кашида тавонистаму на аз ҷоям ҷунбида. Шукри Худо, ки тез гузашт. Намедонам, агар зиёд давом мекард, шояд ин лаҳза ба номаи Шумо посух наменавиштаму Шумо ҳам ба ҷойи нома ба номи ман некролог ё марсия менавиштед. Ба ҳар ҳол зиндаам.

Дарвоқеъ, Шумо ба номаи ҳафтаи гузашта ба унвониатон навиштаам посух надодед. Зоҳири Сайфулло ҳам бемасъулият шудааст чӣ бало?! Газета наовард.

Дар ин фасли сармо, ки Шумо муфассал аз мушкилиҳояш дар номаатон ҳарф задаед, азоби алим мекашам. Азоби виҷдон, азоби руҳӣ. Азоб аз он мекашам, ки дар хонаи як тоҷик шояд як тифлак аз хунукӣ ҷон месупорад, шояд як кампирак дар назъи ҷон асту пеши худ фикр мекунад, ки “дар ин хунукӣ агар Худо ҷонамро бигирад, кӣ гӯри маро меканад? Гӯрканҳо ҳақорат мекунанд, ки мемурдӣ дар тобистон мемурӣ!” Азоб аз он мекашам, ки як подабони бечора субҳи содиқон бедор мешаваду барои як тиккаи нон моли мардумро ба саҳро мебараду аз хунукӣ дар пушти харсанге ҷон ба ҳақ таслим мекунад. Азоб аз он мекашам, ки муҳоҷирбаччае барои ба ҷанозаи падараш расидан имконияти харидани билети самолиёти чартерӣ надорад. Азоб аз он мекашам, ки… дар ҳақиқат содаам, сода. Агар не, ба ту чӣ, ки кӣ чӣ азоб дорад?!

Ман бо ҳамин содагиям боз “сода”-ҳоеро медонам, ки худро ба содагӣ задаю “азоб” кашида, аз сари минбари лоф дар бораи зиндагӣ ва мушкилии халқ “фикр” мекунанд. Аммо муғамбирона дар андешаи пур кардани киссаҳои батагӣ худ ҳастанд. Аз сарфакорона истифода бурдани барқ ҳарф мезананду барқро бебаркаш мефурӯшанд, аз ҳаққи ҳалоли мардум мезананду аз камбудии маоши мардум мегӯянд, ҳаққи қаламро аз байн мебардоранду аз норасоии мавзӯю мундариҷа мегӯянд, ба роҳбарияти корхона шахсони ноуҳдабароро таъйин мекунанду аз кормандон пешрафти кор талаб мекунанд… инҳоро ба гуфтаи мардум содамуғамбир мегӯянд, сода+муғамбир!

Ҳамон тумани гуфтаатон имрӯз ҳавои хотири маро ҳам фаро гирифтааст, Хуршед! Ҳавои хунуки зимистон ҳам таъсирашро гузоштааст, диламро аз зиндагӣ хунук карддааст. Намедонам, рафиқон ҳамун рафиқо, дӯстон ҳамун дӯстон, шаҳр ҳамун шаҳр, кор ҳамун кор, хона ҳамун хона, маош ҳамун маош… қаҳвахона ҳамун қаҳвахонаи медонистагиатон, аммо зиндагӣ ун зиндагие нест, ки даҳ ё понздаҳ сол пеш буд. Мурғи дили ҳама мурда, ханда дар лаби касе гул намекунад, саломҳо хушк, каломҳо бемуҳаббат, бе садоқат, бе латофат, фаросат несту гуму гӯр! Ин чӣ рӯзу ин чӣ умр аст намедонам!

Дар охир як чӣ навишта будам, ки кор-хона- кор гуфтанатон ёдам овард:

Гар шеъри бад…

Як сӯ азоб медиҳад ин ори лаънатӣ,

Як сӯ азоб медиҳад ин кори лаънатӣ.

Як анкабути хастаам: аз кор-хона-кор,

Гӯё ки тор метанам як тори лаънатӣ.

Ман мижаро намудаам аз чашмҳо баланд,

Рӯзе ба дида мехалад ин хори лаънатӣ.

Дар мулки ишқ шоҳаму дар мулки дил гадо,

Бар дарди ман намехурад дарбори лаънатӣ.

Гуфтам ба рӯзи мавлуди як бону мерасам,

Аммо ҷавоб намедиҳад сардори лаънатӣ!

Борон баҳор мекашад пушти тирезаам,

Аммо чӣ нағма мекунад ин сори лаънатӣ?!

Қад чун сафедори баланд бошад маро баланд,

Аз ёди ман намеравад як дори лаънатӣ!

Гар шеъри бад навиштаам бахшад маро Худо,

Бар гӯши кас намерасад ашъори лаънатӣ!

Бо эҳтиром Абдувоҳид,

Боқӣ саломату сарбаланд бошед, дӯстам!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here