Паёмбари Худо (с) мефармоянд, ки ҳар кӣ се духтар дошта бошаду дар парастории онҳо меҳрубониву сабурӣ кунад ва аз дороии худ онҳоро хӯронаду пӯшонад ва шавҳарашон диҳад, онон рӯзи қиёмат барояш пардае аз оташи дӯзах ва сабаби ворид шудан ба биҳишт хоҳанд шуд.

Ривояти Ибни Моҷа — 2659, Абӯдовуд — 4481 ва Аҳмад – 1985

Сари мушкилоти исқоти ҳамл, ки ҳафтаи гузашта оид ба он чанде гуфтем, боз каме таваққуф мекунем. Аксарият ҳоло ақида бар он доранд, ки фарзанди аввал писар бошад ва ё ин ҳам насиб накард, аммо насли баъдӣ бояд ҳатман бача таваллуд шавад. То ба гуфти баъзе “обрӯи падару хонавода гардад”. Лекин таваллуди духтари аввал ва пайдарҳам ба дунё омодани хоҳаракон ба табиати махлуқии чанде рост намеояд ва дар ин кор занро гунаҳгор эълон мекунанду мегӯяндаш, ки “ҳатман бояд писаре тавлид кунӣ”. Ҳол он ки, он аблаҳ хабар надорад, ки Худо дар Қуръон ба мардум гӯшзад мекунад: “Подшоҳии осмонҳову замин аз они Худо аст, ҳар чӣ хоҳад, меофаринад; ба ҳар кӣ хоҳад, духтаронро ато мекунад ва ба ҳар кӣ хоҳад, писаронро ато мекунад; ё барояшон писарону духтаронро ҷамъ мекунад; ва ҳар киро хоҳад, нозоянда месозад; ба дурустӣ ки Ӯ Донои Тавоно аст”(Сураи Шӯро, 49-50). Аммо дар баробари ин гуфтаи Худо, пас аз тавлиди чанд духтарчаи дӯстрӯяк оилаи ҷавон тасмим мегиранд, ки “минбаъд духтар шавад, ҳамлаш мекунем”.

Мушоҳида намудам, ки ин алгоритми исқоти ҳамли духтаракон пас аз ду-се нафар шуданашон дар зиёди оилаҳо дида мешавад. Шумо низ дур нарафта ҳамсоягон, хешу табор ва ба аҳли маҳаллаатон назар ва таҳлил кунед, айнан гуфтаи болоро мушоҳида хоҳед кард.

Пас ҷоҳилияти мо аз ҷоҳилияти араби пеш аз Ислом чӣ фарқият дорад? Онҳо духтарони худро пас аз тавлид дар наврасиашон зинда ба зинда гӯр мекарданд. Мо чӣ? Меравем ба маркази тиббӣ ва аз ташхили ултрасадоӣ мегузарем, пас аз хабар ёфтан аз духтар будани ҷанини дар батн буда ӯро исқоти ҳамл мекунем. Чаро бояд пеши роҳи ин ваҳшониятро нагирем ё ҷумла мардум аз духтар безор шудаанд?! На, албатта ҳама дар ҷомеа ҷонибдори будани духтар аст. Дилхоҳатон ба ҳангоми назар кардан ба духтаре бо мушкилӣ аз ӯ чашм меканед, зеро зебову дилкаш аст. Пас чаро духтараки худро бо ақидаи ботилу ғурури аблаҳонаи мардиву тарс аз надоштани писар бо дасти худ ба қатл мерасонед? Магар намедонед, ки ӯ дар зиндагӣ баракату нур меорад ва дар охират сипар аз оташ мешавад?

Гумроҳӣ аз ин зиёд намешавад! Оё ба ақл дарнамеёбед?

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here