Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид.

Инак, мавсими «рустшавак» ва даводаву паропар, ки соле ду маротиба меҳмони олимақоми мо мешавад, гузашт.

Инак, қолину ҷевон, сандуқу зери рахти хоб, ошхонаву оғил… аз «гурезаҳо» халос шудаву оҳи сабук кашиданд.

Инак, аксарият аз истироҳат ва саёҳати Туркияву Дубай, Маскаву Хитой… баргаштанд ва ба атрофиёнашон дурӯғҳое гуфта истодаанд, ки шайтон шокӣ шудааст.

Инак, ҷавонони мо бо хонаву ҷевон, ошхонаву анҷомхона… (тарсу ҳарос, даводав, рустшавак) то баҳор хайрухуш карданд.

Инак, донишҷӯён ҳам нафаси осуда гирифта, бо “билетҳои донишҷӯ”-ии худ худоҳофизӣ мекунанд.

Инак, мо то баҳору тобистони оянда дигар пушти дари комиссариатҳои ҳарбӣ модарони гирён, падарони қоматхамида, бародарону хоҳарони озурдаро намебинем.

Инак, ҷавонон ба «Спринтер» ва «Старекс»-ҳои дорои рақами хатсайри шаҳрӣ бо шубҳа наменигаранд ва бо боварие, ки ба макони дилхоҳашон мераванд, менишинанд.

Инак, волидони дардманд ва муҳтоҷи кори фарзандашон ханда дар лаб доранд, ки писарашон дар ин мавсими «шикор» «сайд» нашуд ва метавонанд боз барои чанд моҳ аз гуруснагӣ намиранд.

Инак, кӯчаҳои мо боз моломол аз ҷавонон шуд.

Инак, мо ҷорӯб ба даст гирифта, аз пушти моҳи ноябр мерӯбем, то дафъаи дигар танҳо ояд…

Мутаассифам, мутаассиф аз он, ки мо имрӯз то ин ҷо расидем. Моро кӣ расонд то ин ҷо? Худамон! Ин хости худамон аст. Усули зиндагии мост. Ҳоло шояд аксарият ба ин таззод одат кардаву дар кӯчаҳо «облава» шудани ҷавононро амали муқаррарӣ ва талаби замон шуморанд. Бале, имрӯз вохӯрдан мумкин аст нафаронеро, ки дар талаби будани «облава» ҳастанд. Ақида доранд, ки агар «шикори мавсимӣ» набошад, касе ба хизмати Ватан намеравад. Модоме, ки ватандӯст нест ё надорем, айб ва хатои мост ва бояд ҳарчи зудтар аз пайи ислоҳи ин камбудии бузург ва нобахшиданӣ шавем. То замоне, ки ҷавононро бо «облава» ва маҷбурӣ ба хизмати Ватан мебарем, доди ватанхоҳӣ заданамон лофу газофу афсонаро мемонад. Аз ҳама муҳим, онҳое, ки бо гиря ва зориву нола хизмат рафта буданд, дар назди виҷдонашон метавонанд худро пас аз хизмат муҳофизи Ватан шуморанд?

Мо ба гуноҳ, шармандагӣ ва хатои худ пеш аз дигарон худамон механдем. То ҷое расидем, ки шармандагии худро («облава» шудани ҷавононро) аз шавқу завқи зиёд бо телефон сабт карда, дар «Инстаграм» ва «Фейсбук» мегузорем. Пеш аз дӯстони маҷозиямон худамон механдем, «лайк» мемонем, коммент менависем. Магар дар ин ҳолат боз ба мо душман лозим аст? Не! Худамон корҳое мекунем, ки дар ақли душман намеғунҷад!

Ва чизи дигаре, ки мехосам дар ин навишта бигӯям: Касе нафаҳмад, аммо ман дар баробари донишҷӯйи ДМТ буданам дар мавсими тирамоҳии «шикор» се маротиба дар чашми «облавашикҳо» ҳамчун «сайд» намудор шудам, вале шукр, ки «билети донишҷӯ»-иям дар ҷайбам буду бо диданаш «облавашикҳо» ғамгин шуда, раҳоям карданд.

Худоё, шамоле ато кун, ки «облава» аз решааш канда шавад. Ба ҷавонони мо ватандӯстие насиб гардон, ки мисли солҳои пешин бо ифтихори ҷавонмардӣ, бо фикри муҳофизати Ватан, бо мақсади посбониву посдории ин сарзамин ба хизмати Модар — Ватан бираванд. Ба модарону падарон тавфиқ ва меҳрубоние бидеҳ, ки барои ба аскарӣ рафтани фарзандонашон ба ҷойи «черезбозӣ», тағокобӣ ва қарзкунию говфурӯшӣ ош пухтаву ба нодорҳо тақсим кунанд ва шукр гӯянд, ки фарзандашон мард шудааст…

Худоё, чунин шамолатро интизорам!

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here