Дуруд Абдувоҳид!

Аз он ки ба номаатон дер ҷавоб навиштам, ба эҳтимоли яқин хаёл кардед, ки ё гирифтор ба вабои нав (коронавирус) шудам ва ё дар кадом кунҷе аз тарси ин бало руст шудаам. На ину на он дӯстам! Чанд соат аст, ки фикр мекунам, то ба Шумо дар кадом боб нависаму гӯям. Гоҳо фикр мекунам, ки ману Шумо ҳама мавзӯъҳоро варақ задаем ва ҳарфи наве нест то бигӯем. Охир аз Фейсбук ҳам гуфтему аз интихобот ҳам, аз афсона ҳам гуфтему аз шеър ҳам, аз деҳа ҳам гуфтему аз хотираҳо ҳам. Ин бор мехоҳам ба Шумо аз одатҳои ҳаринаи шаҳр шикоят кунам. На, барои он ки ин урфу одат дар деҳаи ману Шумо набуд ва барои ҳамин бад аст. Балки фикр мекунам ислоҳ кардани он зиндагии шаҳриёнро зебу зиннат мебахшад, беҳтар мекунад. Ман ин урфу одатҳоро қатор мекунам ва умедворам, ки Шумо мисли ман гӯяндаи мисраъҳои:

-Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,

Ақлро бенуру бе равнақ кунад -ро накӯҳиш мекунеду даъво пеш меоред, ки хато гуфтааст шоир. Ҳарчанд ба пиндори ман, ин андеша аз миёни мардум баромадааст ва онро шоир дар ришта назм кашидааст.

1). Шумо таваҷҷуҳ кардаед, ки дар деҳа на партов ҳаст ва на партовгоҳ? Сокини ҳар деҳа партовгоҳи худро дорад ва онро ё дар ҷое гӯр мекунад ва чуқурие кофта ба он ҷой мепартояд. Аммо шаҳрӣ чӣ? Гоҳо ҳавсала намекунад ҳатто то партовгоҳ равад ва пасмондаҳои худро ё ба ҷӯйи наздик мерезад ва ё оҳиста дар даромадгоҳи раҳраваш мемонад то нафари дигар барад.

2). Дар шаҳр бисёр ҳамсояҳо ҳамдигарро намешиносанд. Рафтуо надоранд, дурӣ меҷӯянд, аз ҳоли ҳам хабар намегиранд. Ёдам ҳаст, на як бору ду бор шунидаам, ки мурдаи шахси танҳо то вайрон шудан дар хонаи дарбаста мемонад. Аммо дар деҳа боре рух додани чунин ҳодисаро нашунидаам.

3). Дар шаҳр ҳама зӯр аст. Дар боғча мураббии бечора наметавонад ба кӯдак аз бинӣ боло гап занад, дар мактаб омӯзгоре наметавонад ба рафтору муносибати одобу ахлоқи талабае ё толибае эрод гирад, дар Донишгоҳ ҳангоми пайдо шудани мушкиле бо донишҷӯ омӯзгорро ҳатман декан ба назди хеш мехонаду ёдрас мекунад, ки фалонӣ фарзанди кадом зӯр аст. Ҳама зӯранд ва чунин менамояд, ки барои он ба Душанбе омадаанд то зӯрии хешро собит созанд.

Масалан, ин субҳ бойбачае бо рақамҳои воҳимаю ойинаҳои сиёҳ пушти мошини ман мошин гузоштааст. Вақте пайдо кардаму хоҳиш кардам то мошинаашро гирад, то ман ба кор дер накунам, лаб инҷ карду баъди ним соат аз ҷой дилу бедилон хест. Дар деҳа бошад ҳатто писари раис қонуну қоидаю эҳтироми деҳаро медонад.

4). Дар шаҳр шахсро ба хотири одобу рафтораш, фарзанди фалон шахси неккирдор буданаш, аз кадом авлод буданаш эҳтиром мекунанд. Дар шаҳр бошад, ба хотири мошини гаронбаҳо, либоси қимату соати дастону вазифаи муваққатиаш! Яъне дар деҳа ба хотири ботини нек, дар шаҳр ба хотири зоҳири чашмрас. “Ин куҷову он куҷо” Абдувоҳид?

5). Баҳси ҳамсояҳо дар шаҳр аз корношоям шудани трубаҳою шикастани он, рехтани об сар мешавад. Ин баҳс дар деҳа ҳам ҳаст, ҳангоми тақсими обу замин. Аммо бо фарқ аз шаҳр дар деҳа ба сари Шумо рафта, ягон мансабдорро намеоранд, ягон зӯр аз боло ба раиси ҷамоату нозири минтақавӣ фишор намеорад, ки фалониро ба ҷояш шинон.

Хулоса, ана ҳамин тавр, деҳаҳои мо, қонуну қойидаи он аз шаҳр фарқ дорад! Ин панҷ фарқи чашмрасе буд, ки ба ёдам омад. Шояд ба ёди шумо дигар ҳолатҳое меоянд, ки ман фаромӯш кардаам? Интизорам, ки ақаллан дар ин маврид андешаи маро дастгирӣ мекунед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here