Захираҳои табиӣ вақте мардумро сарватманд мегардонанд, ки манфиати онро ҳама мардум бинанд!

“Яке аз сабабҳое, ки бисёрии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дорои захираҳои калони нафту газу канданиҳои фоиданокро ба қашшоқӣ рӯ ба рӯ мекунад, ин аст, ки онҳо мушкилоти ҷиддӣ дар бахши идоракунии захираҳо доранд”,- гуфта буд коршинос Уктам Ҷумъаев дар машғулияти ташкилоти ҷамъиятии «Хома», ки ба мавзӯи “Индекси сарватҳои табиӣ” бахшида шуда буд. Ӯ аз ҷумла аз давлати Венесуэла мисол овард, ки 95% даромади давлат аслан аз содироти нафти хом ташаккул меёбад. Бовуҷуд, 90 фоизи аҳолии шаҳрҳои калонтаринаш, ба мисли Каракас, Маракайбо ва Валенсия даромади ночиз доранд.

75% аҳолии Нигерия ҳам, ки аз рӯи содироти нафт ин кишвар ҷойи 8-умро дар ҷаҳон соҳиб аст, бо қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Фасод дар ин давлат ба таври густурда доман паҳн кардааст. Коррупсия ба таври бояду шояд рушд кардааст.

Давлати Мянма (Бирма) низ дорои захираҳои калони нафт ва газ, истихроҷи 90% рубин ва нефритҳо, тилло, волфрам аст, аммо зиёда аз 60% аҳолиаш бекор ва бо нашъамандии шадид рӯ ба рӯянд. Фасод низ дар ин давлат сахт доман паҳн кардааст.

Ҷумҳурии демократии Конго бошад, 70% захираҳои ҷаҳони «колтан» ва 30% алмосҳо, дар ҷаҳон ҷойи 3-юм оид ба захираҳои кобалтро мегирад. Оид ба захираҳои мис бошад, дар ҷойи 10-ум аст. Вале 77 млн нафар аҳолӣ дар қашшоқии шадид зиндагонӣ мекунанд.

Ҳоким Исмоилзод — намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба ин назар аст, ки вобаста ба ин ҳолат онҳо кӯшиш мекунанд ва барояшон дар чунин лоиҳаҳои бузурги ватанӣ манфиати миллӣ аз ҳама боло меистад. Вале ба суоли он, ки чаро шаффофияти шартномаҳо таъмин нест, масъулини Кумитаи мазкур баҳона пеш меоранд, ки аксари сармоядорон намехоҳанд шартномаи бо онҳо басташуда расонаӣ шавад. Ин иддао аз нигоҳи ҳуқуқ ва манфиатҳои миллӣ комилан поя надорад.

Зимнан, Исматулло Раҳмонов — мутахассис аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ зимни маҳфили “Тавозун” истифодаи ҳадафмандонаи захираҳои табииро яке аз мавзуҳои муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки дар Тоҷикистон захираҳои табиӣ зиёд аст, аммо то ҳол баъзеашон коркард нашудаанд, чун сармоягузор пайдо намекунанд.

Гуфта мешавад, норасоии мутахассисон ва камбуди техникӣ барои анҷоми чунин корҳо кифоят намекунад. Масъулин аз ягона ширкати ватанӣ — “Ҷамаст” мисол меоранд, ки куҳи “Лаъл”-и Бадахшонро зери назорат дорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Анҷумани “МилалИнтер” Боймамад Алибахшов замоне гуфта буд, ки ҳарчанд дар Бадахшон сармоягузороне бо сармояи 10 -20 миллион доллар пайдо мешаванд, вале мо имконе надорем ба онҳо чизе пешниҳод намоем. Муаммо ана ҳамин аст. Яке мегӯяд, ки сармоягузор аст, дигарӣ комилан рад мекунад.

Ҳол он ки, дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст. Конҳои маъруфи мо — ин тиллои Панҷакент ва Шуғнов, кони нуқраи Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои Санги мармар дар Ванҷ, Дарвон, Панҷакент, Шаҳристон ба шумор мераванд.

Оре, қисме аз ин конҳо аллакай сармоягузор пайдо кардаанд, қисме интизоранд. Мушкили асосӣ дар мо, ба гуфтаи коршиносон, набудани шаффофият аст. Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Сайидҷаъфар Усмонзода дар барномаи пешазинтихоботии худ масъалаи ташкил намудани харитаи конҳо ва коргоҳҳои аслии Тоҷикистонро пеш гузошт, то дар ин масъала шаффофият таъмин гардад. Хеле аз одамон ба ин масъалагузориҳои ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Пешвои миллат низ ҳамеша аз он нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди зиёд будани захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъдани куҳӣ фақат 25 фоиз маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Президентро ин масъала ҳамеша нигарон мекунад, ки чаро бештари захираҳои табиӣ бе коркард ба хориҷа фиристода мешаванд? Дар мулоқоти ахири худ бо зиёиён Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо боз ҳам ҷиддитар баррасӣ намуданд.

Умед дорем, ки акнун масъулон сари ин мавзуъ ҷиддитар фикр мекунанд. Махсусан дар мавриди шаффофият. Ба ҳар сурат, илоҷи дигаре надорем, ҷуз коркарди захираҳои начандон зиёди доштаамон. Албатта, агар офияти мардуму Ватанро мехоҳем…

Не?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Агар кулли Бадахшон лаъл гардад, Ба чашмони Ҷамилабону наярзад…бо бардоштани масъалаҳои доғаш.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here