Барои чӣ ҳатто иқдомоти дар назар мусбати масъулин сели нобовариву асабонияти одамонро ба вуҷуд меорад?

Рӯзҳои рафта ҷомеаи фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ мавзӯи нав ёфт. Ин бор сарусадо аз Конибодом баланд шуд. Сухан аз нашри аксҳое меравад, ки хадамоти матбуотии шаҳри Конибодом аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар сомонаи расмии худ нашр кард. Дар расми аввал як марди деҳқон дар болои дарахт тарзи буридани навдаҳоро ба “меҳмонони олиқадр” нишон медоду онҳо кори ӯро назорат мекарданд. Акси дуюм, ки сели бадгӯиву ҳақоратҳоро ба бор овард, воқеан ҳам ҷиддӣ буд: 3 зан дар замини шудгори тирамоҳӣ каланд мекарданд ва беш аз 40 мард кори онҳоро баҳогузорӣ менамуд! Дар акс мақоми баландпояи вилояти Суғд Зариф Назирӣ, муовини аввали вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, намояндагон аз дигар сохторҳо низ намудор ҳастанд.

Номи Саъдӣ Каримзода дар матбуот ҳарчанд чандон маъруф нест, пас аз як тадқиқоти анҷомдодаи мо дар мавзӯи муаммои тухмии картошкаи “Элита” зертобеонаш аз ӯ ном бурданд, ки роҳбари (куратор) лоиҳаҳои вобаста ба кишоварзиро аз ҷониби СММ ба зимма доштааст. Каримзода барои “Фараж” акнун нафари хеле ошност. Зангаш задем, то фаҳмем, ки ин бор чӣ иттифоқе пеш омадааст. Гуфт, ки гап ин бор ҳам дар бораи картошка меравад. Ба фикрам “масъалаи картошка” ӯро сахт “дӯст” доштааст. Бовуҷуд, ба саволи мо посух дод:

— Аз баҳсҳое, ки дар «Фейсбук» пайдо шудаанд, огоҳ нестам, чунки вақт надорам вориди он шавам. Аммо дар Конибодом мо семинар барои картошкапарварон доштем. Он 2 соат давом карду дар он олимони мо иштирок доштанд. Мавзӯи асосӣ картошкаи барвақтӣ, яхобмонӣ, буриши дарахтҳо ва тарзи додани нуриҳои менералӣ буд. Буриши зимистонаи башаклдарории боғу токзор ва мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасон аз тарафи ходими калони илмии филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ дар вилоят Ҷурабой Бойматов нишон дода шуд. Дар қитъаи 1-ум тарзи гузаронидани шудгори тирамоҳӣ бо ворид намудани нуриҳои фосфорӣ бо таҷҳизоти нуриандозии РУМ-50 бо трактори тамғаи Т4А ва испораи ПЯ-3-35 намоиш дода шуд. Дар қитъаи 3-юм тарзи омода намудани замин барои кишти картошкаи барвақтиро нишон доданд. Дар қитъаи 4 ва 5-ум яхобмонии замин ва майдон бо истифода аз оби худҷорӣ ва тарзи обёрӣ дида шуд. Дар он ҷо фақат занон иштирок надоштанд, ҳатто ман дидам, ки мардон ҳам буданд, ки ба занон картошка меоварданду онҳо мешинонданд. Пас аз кори амалӣ 3 соат дар бинои ҳукумати Конибодом бо ҳузури олимону донишмандони соҳа семинари назариявӣ гузаронидем. Ҳамин қадар гап буд.

Пас аз чанде шарҳи сардори бахши матбуотии шаҳри Конибодом Маҳмудов дар расонаҳо пайдо шуд ва ӯ гуфт, ки “мардум аксро камтар нодуруст фаҳмидаанду воҳима шуду ҳама раҳгум зад”: «Ин як семинари омӯзишӣ буд ва занҳое, ки дар акс мебинед, тарзи шинонидани картошкаро ба меҳмонон мефаҳмонанд. Дар семинар на танҳо кишти картошка, балки техникаи кишоварзӣ ва тухмӣ ҳам ба намоиш гузошта шуд».

Новобаста аз ин шарҳ, ҳарорати вокуниши мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ паст намешуд. Мардум воқеан мантиқӣ савол медоданд, ки “чаро се зан бояд дар назди 50 мард дуқад шаванд?”, “Оё дар Конибодом мардони картошкапарвар нестанд?”.

Пурсиши дигаре ҳам пайдо шуд, ки агар дар ин омӯзиш олимон ҳузур доранд, пас ин занони деҳқон аз онҳо дониши беҳтари соҳаи кишоварзиро доранд?

Суолҳо беҷавоб монданд…

Ин ҳам дар ҳоле, ки чунин баҳсу ҳолатҳо бори аввал пайдо намешаванд. Зимистони гузашта ё соле пештар раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзода бо палто дар маросими ифтитоҳи “Дорухонаи бойторӣ” дар ҳавои сард ва пешвозгирии духтарони атласпӯш зери таънаи мантиқии мардум қарор гирифт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чандин бор эълон намуд, ки аз чунин иқдомҳо масъулин даст бикашанд. Вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳоло ин ҳолатҳо на танҳо кам шудаанд, балки ба ҳукми анъана даромадаанд.

Мардум мегӯянд, ки вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо ҳар рӯз бо мардум будан аст. Пас чаро онҳоро бояд бодабдаба пешвоз гиранд?

Ё шояд марказҳои матбуотиву бахши идеологии мақомоти маҳаллӣ кори худро ба дурустӣ анҷом дода наметавонанду раҳбарони худро дар натиҷа хиҷолатзада мекунанд?

Шояд сарусадо дар бораи рақобатҳои вуҷуддошта дар минтақаҳо ҷо дораду гуруҳҳои норозӣ дар ҳақиқат мехоҳанд “рақибони” худро ҳарчи бештар шарманда кунанд?

Аммо барои мардум ин ҳама чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки онҳо баду нек ва таҳқир шудани худу занону духтарони худро дар чунин “маъракаҳои муҳим” мебинанду садо баланд мекунанд. Маҳз ин садоро бояд шунид, ки фикр накунам натиҷаи хубе ба бор орад. Барои худсафедкунӣ бошад, шояд вақт ёбанд. Ҳатто шояд наёбанд…

Не?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here