Кӯдакҳои аз Ироқ овардашудаи тоҷикро чаро мансабдорону сарватмандон ба фарзандӣ қабул накунанд?
Аз оварда шудани 84 кӯдаки тоҷик аз кишвари ҷангзадаи Ироқ, ки бо супориши Пешвои миллат сурат гирифт, чандин рӯз сипарӣ шуд. Аммо расонаҳои дохиливу хориҷии хабарӣ ин иқдомро ҳамоно инъикос менамоянду аз ибтикори наҷиби роҳбарияти мамлакат тавсиф мекунанд. Дар ҳақиқат, ин як тадбири муҳим ва дар байни кишварҳои дигар тафовутпазир аст. Шояд шумо надонед, ки бисёрии кишварҳо аз баҳри шаҳрвандони худ, ки дар ҷангҳои гуруҳҳои террористӣ иштирок доштанд, гузаштанд. Яъне шаҳрвандии онҳоро барҳам доданд. Аз ин сабаб, қарору тасмими Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани на танҳо шаҳрвандони худ, балки тифлони онҳо, ки шояд баъзеашон ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштанд (чун дар он кишварҳои ҷангзада таваллуд шудаанд), боиси таҳсину офаринҳо гардид. Ин маънои онро дорад, ки мамлакат ва роҳбарияти олии он ягон шаҳрванди худро ҳатто дар хоки кишвари дигар бесаробон гузоштанӣ нест.
Дар ҳамин ҳол, боз хабарҳое паҳн шудааст, ки Ҳукумат тасмим дорад модарони ин тифлони бахтбаргаштаро ҳам ба Ватан баргардонад. Таври маълум, аксарияти ин занҳо аз ночорӣ ва зери фишори шавҳарҳои худ ба Ироқу Сурия рафта буданд. Бояд гуфт, ки сарпастиву аз ҳад гапдароии занону бонувон дар ана ҳамин гуна ҳолатҳо натиҷаи манфии худро медиҳад. Яъне, агар ин занҳо то ҷое аз ҳуқуқҳои худ бохабар мебуданду аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин, шояд теъдоди занҳову кӯдакони ба сафи гуруҳҳои террористӣ пайваста хеле камтар мебуд. Аммо азбаски бонувони мо аксаран зери таъсири шавҳарҳои худ ҳастанд, ба зудӣ аз пайи онҳо мераванд, ба қавле “зери обу таги оташ низ».
Муносибату робита бо кӯдакони нафароне, ки волидайнашон дар Ироқу Сурия кушта шудаанд, ё он ҷо зиндонианд, кори осон нест. Масъулини UNICEF — ниҳоди вобаста ба кӯдакони СММ низ иқрор кардаанд, ки баргардонидани кӯдакон нозукиҳои худро дорад ва хеле мушкил аст.
Аз ҳамин нуқтаи назар ва ҳам бо сабаби тадбирҳои амниятӣ зери назорати давлат ва дар ҷои алоҳида нигоҳ доштани ин кӯдакон тадбири хирадмандона аст. Ҳоло онҳо дар осоишгоҳи Харангони ноҳияи Варзоб нигоҳдорӣ мешаванд.
Албатта, ҳукумат ба назар гирифтааст, ки шояд муносибати мардум ба ин гуна кӯдакон якранг нест. Барои ҳамин, ҳарчанд бархеҳо ҳоло мехоҳанд ин кӯдаконро фарзандхонӣ намоянд, чунин иҷозаи расмӣ дода нашудааст. Зеро, тавре гуфтем, ин ҳолат нозукиҳои ба худ хос дорад. Масалан, мумкин аст падару модароне ҳам пайдо шаванд, ки аз бозӣ кардану робита доштани фарзандонашон бо ин гуна атфол канораҷӯӣ намоянд. Дар натиҷа, ин ба руҳияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад ва онҳоро аз ҷомеа дур мекунад.
Бо ин вуҷуд, мардум дар шабакаҳи иҷтимоӣ савол мегузоранд, ки “оё мумкин аст яке аз онҳоро барои гирифтани аҷру савоб ба фарзандӣ қабул кунам? Ба куҷо муроҷиат бояд кунам?“.
Хуб, агар вобаста ба нозукиҳои равонии гуфтаамон ба мардуми оддӣ фарзандхон намудани ин кӯдаконро иҷозат намедиҳанд, фикр мекунам, роҳи дигари ҳалли қазия вуҷуд дорад. Масалан, агар ин атфол аз ҷониби мансабдорон ва сарватмандонамон ба фарзандӣ қабул гарданд, масъала ранги дигар мегирад. Яъне он масъалаҳои психологӣ, ки гуфтем, аз байн хоҳанд рафт ва мардум ба иртиботи кӯдаконашон бо ин атфоли бахтбаргашта мухолифат нишон нахоҳанд дод. Ба ҳар сурат, мансабдорону сарватмандон назди мардум таъсири дигаре доранд…
Воқеан, мансабдорон аслан дар ҳавлиҳояшон маъракаҳои пурдабдаба барои садҳо нафар мегузаронанд ва ҳама хубакак меғунҷанд. Пас, беҳтар нест, ки дасти ин кӯдаконро гиранду савоби ду дунёро ва эҳтиромро ҳам мардум барояшон қоил шаванд!?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here