Ҳисоботхонӣ дар нишастҳои матбуотӣ мисли як афсонаи такрорӣ шудааст, ки аз шунидани он на хоб мебараду на пинаки касе вайрон мешавад

Нишастҳои матбуотӣ ба анҷом расиданд. Гуфтан мумкин нест, ки онҳо ба таври идеалӣ  сурат гирифтанд ва хостаҳои роҳбарияти олии кишвар ва ҳамкасбони моро комилан бароварда карданд. Ҳамоно “ҳисоботхонӣ” дар авҷ буд, ки қисми зиёди вақтро мегирифт. Ҳоло ҳам вазирону раисон на ба ҳама саволҳо посухи мушаххас медоданд. Як қисмати раҳбарон “дипломатично” дар нишастҳо ҳузур пайдо накарданд.

Дар қатори рекордҳо мешавад аз нишасти вазорати тандурустӣ номбурд, ки он қариб ду соат идома ёфт. Мавзуи муҳим коронавирус буд, ки вазир ҳар замон мавҷудияти онро мисли дар оғози ин касалии ҳамагир инкор мекарду табобати онро ройгон мегуфт, аммо мисоли мушаххас намеовард. Шояд манзураш аз табобати ройгон танҳо онҳое буд, ки ба эшон ташхиси каронавирус гузоштаанд. Тавре медонем, ин гунаҳо, ки расман сабти ном шудаанд, зиёд набуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазир аз духтуре,ки дар давраи сирояти вирус аз ҷониби як бемор латукӯб шуд ва ҳафтаномаи “Фараж” низ дар бораи ӯ навишт, хеле бепарвоёна ҷавоб дод, ки ҳимояи духтур ба ӯ рабт надорад, бояд ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекарданду онҳо аз ӯ ҳимоя мекарданд. Бо чунин муносибат оё мардум ба хулосае намеоянд, ки вазирони мо парвои моро надоранд? Яъне, сару равғанат, туро газад, маро чӣ кор?

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, ки пас аз дидор бо мардикорзанони шаҳри Бохтар рейтинги баланде гирифта буд, гуфт, тасодуфан аз роҳ мегузаштасту занони мардикорро дидаааст. «Ин тасмимии шахсиам буд, ман бо супориш он ҷо нарафтаам…», — шояд гуфтан мехост, ки ба назди ин занони камбахт на чун соҳибмақом рафтааст, балки чун раҳгузар, то ҳарфи дили онҳоро бишнавад. Пас аз бозгашт вазир бояд ҳамчун роҳбари бахши муҳим дар ин бора барнома месохт. Дар шабакаи иҷтимоӣ акс мондан кори осон ва хондани шарҳҳои болохонадор роҳатбаш аст, аммо «дигар вонамехӯрам» гуфтан ҳамаи ин рейтингро зери шубҳа намебарад? Ин вазир ҳам ба як қавле сару равғани занҳои муздур гуфт, як «поле чудес» кард…

Омбудсменти ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода низ гӯё эстафетаи “сарату равғанат”-ро идома додан мехост. Хоса вақте аз ӯ дар бораи қазияи духтараки 12-солаи Ҳисор, ки таҷовуз шуду фарзанд таваллуд кард, пурисданд, бепарвоёна гуфт, ки “ӯро хабар нагирифтааст”. Чунин ҳолат аз ҷониби омбудсмен бори аввал нест. Қаблан низ ба бештари суоли хабарнигорон посухаш як буд: “Намедонам”.

Ҳоло бархе одамон ба хулосае омадаанд, ки чунин хонумҳо барои он ба курсӣ мешинанд, ки худро нишон кунанд. Барои ин далел ҳам доранд.

Замоне, ки кӯдакони тоҷикро бо дастури Пешвои миллат аз Ироқ оварданд, хонум Ҳабибуллозода дар экрани ТВ кӯдаконро оғӯш мегирифту худро чунон зани меҳрубон нишон медод, ки… Пас он чӣ дар дидем дигар будаву тақдири кӯдакони таҷовузшуда дигар? Ё инҳо фақат пас аз дастури Президент кор мекунанд?

Ҳоло мардум дар баҳсҳои интернетӣ мегӯянду мегӯянд, баъд хаста мешаванду ба хулосае меоянд, ки аз чунин вазиру кабир набуданашон беҳтар. Фардо, агар муъҷиза шуду аз мардум пурсанд, ки кори кадом роҳбар, ё вазир, ё кабире ба шумо писанд аст, то мо ӯро дар вазифааш қоим гузорем, мардум нахоҳанд гуфт, ки “саратону равғанатон”?

Ҷамила Мирбозхонова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here