«… Баҳси мову ман дар ин фасл ҳамон зарбулмасали “мурдаро монда тут хӯрдан” аст…

… Ҳоло калхоти наҳси КОВИД-19 болои шаҳру диёри мо парвоз дорад…

Ҳоло ҳама бо ҳам дар сангари миллӣ меистем, то Ватани азизи худро аз вабои охирзамон озод бинамоем.

Оини ватандорӣ, урфи ватандорӣ, дастури ватандорӣ, тариқати ватандорӣ, шариати ватандорӣ ҳаминро талқин менамояд».

Ин сатрҳоро рӯзноманигор Додоҷон Атовулло навиштааст. Ба онҳое, ки аз дуриҳо истода, ба сӯйи миллати тоҷик санг мезананд, тавсия медиҳам, то аз рӯйи виҷдону имон сатрҳои мавриди назарро боре хонанд.

Пас аз мутолиа ин навишта бароям душвор буд, то дар ин бора фикрамро баён созам. Аммо бояд чанд сатре гуфт, зеро дар ин вазъият бетараф будан нишонае аз бешарафист.

Чандест, ки баромадҳову навиштаҳои иддае ба ном “мухолифин”-ро дар фазои иттилоотӣ мебинаму қалбамро андуҳе пахш карда, нафратам меояд. Нафрат ба ҳарфҳои дурӯғашон ва виҷдони фурӯхташудаашон, ки аз душвортарин лаҳзаҳо истифода бурда, ҳар рӯз ҳангомаи наверо дар фазои иттилоотӣ роҳандозӣ мекунанд. Ин бевиҷдониву беимонии онҳо гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ин вазъияти сангин ва рӯзҳои сахт ба ҷойи дар сангари миллӣ истодан, бо ҳангомаву навиштаҳои ғаразноки хеш мардуми шарифи Тоҷикистонро ба таҳлука андохта, гумроҳ сохтан мехоҳанд. Ин нишонае аз заифии онҳо буда, бори дигар собит мекунанд, ки душманони миллати мо ҳамагӣ заифу номарданд…

Фазои “Фейсбук”-ро бо навиштаҳои беасосу пур аз таҳқиқу туҳмати хеш чунон дилгиркунанда сохтаанд, ки наметавон инро ба як-ду сатр баён кард…

Чанде қабл ба матлаби беасоси як аблаҳи бевиҷдоне (яқинан ӯ дар хориҷа асту бо супориши хоҷагонаш паси компютер нишаста, иҷро мекунад,- Д. С.) назари хешро баён кардам ва ҳамон лаҳза чанд нафаре бо номҳои “аҷиб” (сохта) чун сагони ваҳшӣ ба шарҳи гузоштаи ман ҳуҷум карданд ва онро аз зершарҳи матлаби мазкур тоза намуданд. “Агар тоқати шунидани андешаи дигареро надоранд, барои чӣ он “афсонаашонро” расонаӣ мекунанд?”,- ин саволро аз дил гузаронида, чунин ҷавоб ба зеҳнам омад: “Ин гуруҳ на саводи баҳс кардан доранду на тоқати шунидан ва қабули андешаи дигареро…”.

Вақте ки иддае ҳамватанони мо бо садои гирифта, дили шикаста ва умед ба зиндагӣ дар беморхонаҳо бо марг дасту панҷа мезананд, дилам ба дард меояд. Вақте мебинам, ки оилае барои аз даст додани азизаш пираҳани сиёҳ ба бар карда, хун гиря мекунад, ашкҳои сӯзоне дар чашмони ман низ пайдо мешаванд. Охир, садҳо ҳамватани ман дар вазъияте ҳастанд, ки бояд дар канорашон бошем, бо сатре тасаллояшон диҳем…

Аммо, эй миллати сарбаланди ман, медонӣ, иддае аз фарзандони нохалафат (онҳо дигар фарзандони ту нестанд) ба туе, ки бемории коронавирус чун санг даҳҳо азизонатро нобуд кард, санги маломат ва туҳмат задан мехоҳанд. Гарчанде таърих собит карда, ки санги чунин нохалафон ҳамеша ба сари худашон мезанад…

Рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло, гӯё ишора ба чунин бевиҷдонон карда, дар детективе чунин гуфтааст: “Санг задани сангзада нишони мардӣ нест, далели пирӯзӣ ҳам нест, балки барои ба хар бадал шудани инсоне мусоидат мекунад”.

Хулоса, ҳар яки моро зарур аст, ки дар сангари миллӣ ва марзи иттилоотӣ бо иродаи қавиву руҳи шикастанопазир бояд чун сарбозони далер биистем ва нагузорем, ки иддае аз душманони мо аз ин гуна лаҳзаҳои ҳассос истифода бурда, “табли шодӣ” зананд.

Худ ва азизонатонро эҳтиёт намоед!

Доро СУҲРОБӢ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here