Монолог

Дардо, ки табиб сабр мефармояд,

В-ин нафси ҳарисро шакар мебояд.

САЪДӢ

 Чӣ хуб, чӣ ороставу пероста гуфта ҳакими хирадманд Саъдӣ. Гӯё ӯ аз қаъри қалби ман садо баланд карда, дӯстам Хоҷаев. Гӯё ӯ аз дарди дили бандаи ганда огаҳӣ дошта. Гӯё ӯ бо ман ҳамнаво гашта, панд хонда, имкони сабр илқо кардан хоста. Гӯё…

Аммо оё ман метавонам ҳарисона лаҳзаи ширин шудани комро бипоям ва аз худ берун наоям? Кафолат додан мушкил аст. Чун сабр сангин ва ҳам роҳи шахси сабур сангин аст. Ба қавле, сабр эҳсоси беҳамтост, вале ман чун ту ва дилхоҳ дигар зоти инсонӣ қудрате надорам, ки ҳама вақт, дар ҳама ҳолат сабр кунам. Бо кадом далел? Зиёд баҳона ҷустан ва фарзияҳои каснашунид бофтану сохтан шарт нест. Чун умр кӯтоҳ аст ва онро саросар бо сабр паси сар кардан “кӯдакиву наврасӣ” орзу намудани марди пирро мемонад. Албатта, ин вобаста аст ба мафкураву табиати инсонӣ. Ҳамон тавр, ки шоири арманитабор Эдуард Асадов мегӯяд: «Бо торҳои гитор бозӣ кардан даҳшатнок нест. Торро дар як мижа задан метавон иваз кард. Аммо бо торҳои асаб бозӣ кардан мумкин нест. Дар акси ҳол, сабр метавонад битаркад”.

Агар аз таҳти дил, бо камоли майл иқрор шавам, ман хоҳони “таркидан”, “гандидан” ва аз байн рафтани сабри касе нестам, ҷаноби Хоҷаев. Мехоҳам ҳама ба эҳсоси сабр эътимод дошта бошанд ва ин гуфтаро, ки “меваи сабр ширин аст”, фасона напиндоранду аз он ком ситонанд. Аммо, ин хоҳиш берун аз ихтиёри ман аст. Зеро ҳама фаҳмишу биниши яксон надоранд. Айб дар онҳо низ нест. Замону вазъият ҳолатҳоеро пешорӯ меоранд, ки шахс дар ташхисашон саргум мемонад. Масалан, ман ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ гуфта наметавонам, ки агар сабр кардам, ба машомам бӯйи атри ёсамини роҳатафзо мерасад. Ҳеҷ гоҳ ба он ғарра намешавам, ки аз ҷумлаи собиронам ва метавонам хостаҳоямро бе пушт-пушту мушкилӣ ба даст орам. Чун, медонам, ки шояд чандин нафар дар кунҷи дигари хилват сабр мекунанд, пайт меҷӯянд, то зарба ба истодагариву тоқатпазириам бизананд. Дар ҳоле, ки шояд баръакси пиндори онҳо, ман пешрафту сарбаландиашонро хоҳонам. Аммо дарк мекунам, ки на ҳама ба ман чун як нафари сабур менигаранд. Ба қавле, ҳамон ҷавони спартаниро мемонам. Ҷавони спартание, ки боре ӯро ба шикор мефиристанд ва лонаи рӯбоҳеро дарёфт мекунад. Дар назди лона рӯбоҳи мурда хобида. Дар дохили лона бошад, рӯбоҳбачаи зинда қарор гирифта. Гарчанде ин амал ноҷоиз будааст, ҷавони спартанӣ аз ғояти дилсӯзӣ рӯбоҳчаро зери куртааш пинҳон мекунад. Дар ҳамин ҳолат ӯро касе аз меҳтарон фаро мехонад ва ба суҳбат моил месозад. Рӯбоҳча ҷавонро газидан мегирад, аммо қаҳрамони ҷавон сабр мекунад ва то он замоне, ки аз ҳуш мераваду рӯй ба замин меафтад, ба суҳбат таваҷҷуҳ медиҳад. Вақте ӯро ба дигар паҳлу мегардонанд, рӯбоҳчаи зинда ва ҷисми захмини ҷавонро мебинанд…

Аммо, бигӯ рафиқ Хоҷаев, оё он рӯбоҳча лоиқи қурбонӣ шудани ҷавони спартанӣ буд ё на?

Аз ҳакиме мепурсанд:

— Оё оби муқаррариро дар элак гирифта мешавад?

Мегӯяд:

— Оре. Агар сабр кунӣ, дар фасли зимистон об ях мекунад ва он гоҳ онро дар элак гирифта метавонӣ.

Воқеан, ҳикмати маънидору бикр аст ин ҳикоят. Вале агар зимистон гарм ояд чӣ? Ва ё агар барф болои обро пӯшонад ва он чун фаслҳои дигари сол уштулумкунон равона бошад? Пас, дар ин сурат сабри мо ғӯраи сармозадаро намемонад?

Ин нукта бебаҳс аст, ки “худо собиронро дӯст медорад” гуфтани мардум амали маъмулӣ гардидааст. Ман ҳам собиронро дӯст медорам ва зиёд мехоҳам сабур бошам. Инҷо як эпизодро ҳам мехоҳам гӯшрас намоям. Замони наврасӣ муддате чанд ба “ғазаб”-и як гуруҳ, дақиқтараш хонандаҳои 4 синф аз ман боло гирифтор шудам. Ҳар ҷо ки вомехӯрданд, ҳатман таҳқир мекарданд ва ҳатто ду-се шаппотӣ мезаданд. Ҷабр медидам, вале аз тарс сабр мекардам. Гумон доштам, ки рӯзе аз кирдорашон пушаймон мешаванд ва ба қилиқҳои ноҷои худ нуқта мегузоранд. Аммо вазъият бад шуду хуб не. Ноилоҷ дар боби қазия ба бародари калониам арз кардам. Як бор гӯшмолашон дод ва рафторашон тағйир ёфт.

Ҳоло ҳам баъзан мешавад, ки чанд нафар ҳамзабону ҳаммаслак гардида, ба хотири пардапӯш кардани бофтаҳову тофтаҳои худ ба таҳқир роҳ додаву мехоҳанд фишор оранду тарсонанд. Гарчанде дигар он навраси тарсончак нестам, вале дар посухашон хомӯшӣ ихтиёр мекунам. Меандешам, ки шояд бо дарназардошти синну солам онҳо низ ба андешаи мантиқӣ расанд ва булаҷабиҳои хандаовари худро хотима диҳанд. Аммо, на. Аҳмад ҳамон Аҳмади порина. Шояд ба дарки он намерасанд, ки оқибату охируламр ҳама косаҳои сабр лабрез мешаванд. Ба қавли донишманди украинӣ Валентин Домил, “сабр мисли шим аст, метавонад дар лаҳзаи ғайриинтизор ва дар макони ғайриинтизор бидарад”.

Барои ҳамин, дӯстам Хоҷаев, эҳтиёткор бош, бо ҳамасронат ончунон муносибат намо, ки лоиқи ситоиш бошад. Зеро, агар косаи сабрашон лабрез шуд, дигар иродаашон ҳам боқӣ намемонад барои сабурӣ. Иловатан, ба гуфтаи нависандаи рус Марта Кетро, “агар ман сабр мекунам, ин маънои дард накашиданамро надорад”.

Фазлиддин АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here