Баъзан шоҳиди он мешавем, ки роҳгумзадагони пайраҳаи навмедӣ роҳкушои дигарон шудаанд.
Шумо Фирдавсро мешиносед? Бубахшед, медонистам, ки намедонед ва бешубҳа, пас аз хондани савол лабонатонро ба маънои “не, намешиносам” тоб додед ё зери лаб “аз куҷо мешиносам?!” гуфтед. Вале боке надорад, зеро ман ҳоло шуморо шинос мекунам.
Фирдавс як ҷавони 22-сола аст, ки дар баробари фаъолият дар фазои маҷозӣ (блогер аст), боз магистранти ДМТ мебошад. Мо ба таҳсил ва фаъолияташ умуман кор намегирем, танҳо дар бораи хислат ва баъзе сухану амалҳояш мегӯем, ки ба шумо ҳам роҳгумзадагӣ ва ҳам роҳкушоияшро нишон медиҳанд.
Ӯ доимо ба ҳама атрофиёнаш кор мегирад.
Ӯ ба ҳар кору сухан, амалу ҳаракати атрофиёнаш эрод мегирад.
Ӯ ҳамеша ба атрофиёнаш талқин мекунад, ки вақтро беҳуда ва бефоида нагузаронанд.
Ӯ мубаллиғи бо мақсад ва нақшаи муайян зистани мардум аст.
Ӯ аз умрро беҳуда гузаронидани шиносу ношиносаш ғам мехӯрад ва мекӯшад, ки ба ҳар нафари пешомада роҳе нишон диҳад.
Ӯ ҳама чизи медонистаашро ба дигарон мегӯяд.
Ӯ ихтисоси файласуфу равоншинос надорад, вале фалсафаву психологияро бисёр хуб мефаҳмад.
Ӯ танҳо кӯшиш мекунад, ки ҳамагон хушбахт, ором, хандон ва муваффақ бошанд.
Дар навбати худ, атрофиён ҳам барои гирифтани тавсия ба ӯ бисёр муроҷиат мекунанд. Аксари нафарон маслиҳатҳояшро қабул кардаву мувофиқи онҳо амал менамоянд. Хуллас, ӯ барои қисме аз мардуми деҳааш, қисме аз ҳамсинфонаш, қисме аз ҳамкурсонаш, қисме аз дӯстонаш, қисме аз шиносҳои дураш, қисме аз “подписчик”-ҳои “Ютуб”-аш, қисме аз дӯстони фейсбукиаш ва қисме аз обуначиҳои “Инстаграм”-аш идеал мебошад.
Вале дар баробари ин ҳама вай роҳгумзада аст, роҳгумзада.
Роҳгумзадаи воқеӣ…
Роҳгумзадаи пайраҳаи навмедӣ…
Роҳгумзадаи бероҳӣ…
Роҳгумзадаи ин дунёи дун…
Роҳгумзадаи миёни роҳ…
Роҳгумзадаи торикӣ…
Роҳгумзадаи пурдард…
Роҳгумзадаи хандон…
Роҳгумзадаи зиндагӣ…
Сабабашро фаҳмидан мехоҳед? Марҳамат!
Ба Фирдавс касе кордор намешавад, зеро аксарият ба фикре ҳастанд, ки вай ба маслиҳату насиҳат эҳтиёҷ надорад.
Касе пайдо намешавад, ки ба ҳар кору сухан ва амалу ҳаракати Фирдавс эрод гирад, зеро суханронии вайро шунида, фикр мекунанд, ки ба вай эрод гирифтан номумкин аст.
Ба Фирдавс касе талқини вақтро хуб ва самаранок гузаронидан намекунад, зеро қариб ҳамаи атрофиёнаш аз “лекияҳо”-яш дар бораи аҳамияти вақт ва вақтгузаронӣ бархӯрдоранд ва фикр мекунанд, ки вай ба суханони онҳо ниёз надорад.
Ба Фирдавс касе дар бораи мақсад ва нақша доштан чизе намегӯяд ва вай ба андешаест, ки ҳама кору суханаш олӣ пеш рафта истодаанд.
Ба Фирдавс касе дар бораи қимматии умр ҳарф намезанад ва роҳкушое надорад.
Ба Фирдавс касе чизе намегӯяд, яъне баробари вохӯрӣ кардан атрофиён хомӯширо ихтиёр карда, доимо ҷилави сухан дар дасти вай аст.
Ва дар охир, агар ёдатон монда бошад, мо дар боло гуфтем: “Ӯ танҳо кӯшиш мекунад, ки ҳамагон хушбахт, ором, хандон ва муваффақ бошанд”. Вале бадбахтона, аз миёни атрофиён касе пайдо намешавад, ки ҳадди ақал барои ором будани вай чизе бигӯяд ё аксуламале нишон диҳад.
Нигаред, як нафари 22-сола, ки ҳамагонро талқини муваффақияту комгорӣ мекунад, худ заррае муваффақ нашудааст ва шумо — хонандагони гиромӣ, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ дар нақши Фирдавс набошед. Зеро, то ҷое ба ман маълум аст, ҳоло қаҳрамони мо ба чизе ноил нагаштааст ва агар бо ҳамин минвол умрашро гузаронидан гирад, муваффақ шудану дар ҷомеа мавқеъ ёфтанаш танҳо хаёли ширин боқӣ хоҳад монд.