Нишасти матбуотӣ рейтинги кадом мансабдори Тоҷикистонро баланд бурд ва кадомиро баробари тин кард?

Нишастҳои матбуотӣ, ки мансабдорони тоҷик барои бесобиқа буданаш байни бисёр кишварҳои дунё ифтихор мекунанд, дар ҳақиқат метавонист ба як манбаи муҳими хабарҳои барои ҷомеа аҳамиятнок мубаддал шавад. Мақсади ПрезидентиТоҷикистон, вақте 15-уми сентябри соли 2011 ба ташкил намудани онҳо амр дод, фикр мекунам ҳамин буд. Дар ибтидо мақомдорони давлатӣ ҳар семоҳа ба саволҳои журналистон ҷавоб медоданд. Бо кадом сабабе муҳлати семоҳа ба шашмоҳа иваз гардид. Яъне, акнун мансабдорон соле на чор бор, балки ду бор “ҷилва” мекунанд. Ҷумлаи ахири мо шояд ба баъзе масъулони давлатӣ сахт расад, вале воқеият ҳамин аст, ки аз ин нишасти матбуотӣ то нишасти шашмоҳаи дигар мардум номи бисёр вазирону раисонро фаромӯш мекунанд. Аммо бо пеш омадани нишастҳо бархе мансабдорони мо ба “ситораи ҳақиқӣ” табдил меёбанд. Зеро гапҳое мегӯянд, ки ҳеҷ бовар кардан мумкин нест, ки онро як шахси муҳими давлат гуфтааст. Қисман ҳатто бе тайёрии ҷиддӣ вориди толор мегарданд.

Дур намеравем, нишастҳои охири матбуотӣ, ки ҳафтаи гузашта тамом шуданд. Ҳамкасбони мо дар ҷараёни ин нишастҳо борҳо бо шӯхӣ гуфтанд, ки яке аз “маъракаҳои сермаҳсул” буд. Манзурашон ин аст, ки сенсатсия аз забони мансабдорон хеле зиёд садо дод. Масалан чӣ?

Аслан, журналистон одат кардаанд, ки ба нишастҳои бисёр муҳим худи раисону вазирон намеоянд. Ё ягон муовини “доно”-и худро равон мекунанд, ё аз муовине, ки ба ягон кор халал расонидааст, қассос мегиранд. Қассос ба он маъно, ки раису вазир хуб медонанд, ки ин муовини “амбитсиядор” саводи кофӣ надорад ва вақте мавриди “ҳамлаи” журналистон қарор бигирад, ин ҳолат зуд маълум хоҳад шуд.

Муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонзода номаълум бо кадом сабабе “шеф”-и худро иваз кард, вале бо як ҷумлаи худ ба “қаҳрамони” расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт. Вақте журналистон аз ӯ пурсиданд, ки сабаби баландравии нархи тарбузро ба хориҷа содир шудани он нисбат медиҳанд, чӣ гуфт: «Баланд гардидани нархи тарбуз ба гармии ҳаво алоқаманд аст. Мо худамон тарбуз намеёбем хӯрем (акнун тасаввур кунед ва он ҳам дар Тоҷикистон, ки макони тарбузу харбуза аст,- Ҷ.М.), аз куҷо ба хориҷа равон мекунем?“.

Вазири кишоварзӣ Иззатулло Шарифӣ, ки журналистон ӯро ҳамчун академики номдор, ректори собиқи Донишгоҳи кишоварзӣ ва Президенти Академияи кишоварзӣ мешинохтанд, исбот кард, ки дар “рейтинги ситораҳо” кам омаданӣ нест. Вазир мушкилиҳои соҳаи зери идораашро ба … ”хуб шудани зиндагии мардум” нисбат дод. Мардум пас аз ин ҷавоби вазир гуфтанд, ки манзури Шарифӣ зиндагии мансабдорон аст, ки ба эҳтимоли зиёд “бисёр олиҷаноб шудааст”. Аммо ӯ вақте гуфт, ки болоравии нархи тарбузу харбуза воҳимае беш несту «1 ҳандалак 50 дирам аст. Ман худам доим мехарам. Тарбуз 5 сомонӣ. Бо чӣ мехоҳед мардум?”, хулоса дигар шуд: ин вазир ҳатто маълумоти одитаринро дар бораи соҳаи худ надорад! Вагарна ин шабу рӯз нархи тарбузу харбуза дар бозор аз 20-25, ҳатто 30 сомонӣ кам нест!

Аз мавзуи тарбуз дур наравем…

Ҷумъахон Давлатзода — директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба қавле“тарбузи журналистон ва мардумро аз бағалашон афтонд”. Зеро ӯро дигар хел мешинохтем. Ҳамеша дар парлумони кишвар ба суолҳои содаву мушкил бо далелҳои дар даст доштааш ҷавоб мегуфт. Ҳамеша рақами дастиаш ба мо дастрас буд. Ҳатто баъзан дар кӯча ҳам аз ӯ суол мекардем, ҳеҷ гоҳ монеа намешуд ва хеле масъулиятнок посух медод. Ӯ то замони гирифтани масъулиятҳои давлатӣ бо журналистон робитаи зич дошт ва худаш ҳам мақолаҳои зиёд менавишт. Ӯро як шахси донишманд ва бисёр хоксор медонистанд. Аммо вақте аз Давлатзодаи мансабдор дар бораи дороии мансабдорон пурсиданд, ӯ бисёр қотеона гуфт, ки барои матбуотӣ кардани “сарватмандони бесарват” мардуми Тоҷикистон омода нестанд. Ин гуфтаро ҳатто мисли таҳқир баҳо доданду дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт маҳкум гашт. Гоҳҳо ин гуфтаро ба шӯхӣ низ бурданд: “Мо ку ба донистани “асрори” онҳо омодаем, аммо шояд худи мансабдорон омода набошанд. Агар дороии онҳо ошкор шавад, шояд ҳамтоёнашон талхакаф шаванд, ки мабодо дороии яке аз дигараш бештар набошад”.

Дороии мансабдорон дар ҳоле ошкор намешавад, ки директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода сахт мутмаин аст: дар кишвар фасодзадатарин нафарон муаллиму духтур аст! Иддаое, ки ҳеҷ кас бовар карда наметавонад. Мардум ҳатто пешниҳод карданд, ки илтимос ба рӯйхати пешниҳодкардаатон минбаъд суяву прокурор ва милисаҳоро низ шомил кунед, то адолат барқарор шавад.

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Воизон, к-ин ч,илва дар мех,робу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд……»Кулухандозро подошт санг х,аст»))))))

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here