Имрӯзҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия як ҷузъи ҷомеаи мотоҷикон шудааст, зеро аз cе хона як хона ҳатман як узви оилааш дар Русия кор мекунад ё шаҳрвандии ин мамлакати абарқудратро дорад.

Бархе агар ба воситаи имтиҳон шаҳрванди Русия шаванд, бисёре аз мардҳои тоҷик ба воситаи никоҳ ё худ ба истилоҳи имрӯза — «загс» шаҳрвандии Русияро соҳиб мешаванд. Бале, ҳайрон нашавед, ба воситаи загс…

Чанде пеш муаллимаам духтари ягонаашро ба шавҳар дод. Ростӣ натавонистам дар тӯйи духтараш ҳузур дошта бошам. Бинобар ин, чанд рӯз пас муборакбодӣ рафтанӣ шудам, ки модарам намонд:

— Рафта болои сӯхтаашон чӣ намакоб мепошӣ?

— Нафаҳмидам, чӣ хел намакоб? Магар Роҳиларо шавҳар надоданд?

— Доданду оқибаташро Худо ба хайр гардонад.

— Чаро? Магар домод ягон айб…

— Не, айб надораду…,- забон хоид модарам.- Бача ба загс розӣ нашуд ба зудӣ.

— Чаро? Зани рус доштааст?

— Не, надоштаасту дилаш гирифтанӣ.

— Нафаҳмидам?…

— Охир, бача россиян. Гуфтааст бояд шаҳрвандии Русияро гирад. Барои ин бояд загс надошта бошад, то ин ки он ҷо бо зани русе оиладор шавад.

— Муаллима чӣ?

— Падараш гуфтааст, ки туқузатро гирифта бар, ман набераамро «запасной вариант» намедиҳам.

— Ааа, фаҳмо,- гӯён, зуд аз хона ба «ҳой ба куҷо» гуфтани модарам аҳамият надода, роҳ пеш гирифтам сӯйи мактаб. Хушбахтона, муаллимаро дидаму асли воқеаро пурсон шудам. Муаллима бо ҳасрат гуфт:

— Худо оқибати зиндагии духтарамро ба хайр гардонад. Домод рӯзи никоҳ, ки бегонияш бояд «загс» мекардем, ба загс розӣ нашуд. Исрор мекард, ки загс намекунад. Чун падарам сабаб пурсид, бешармона гуфт, ки агар бо арӯс никоҳ кунад, зани рус гирифта наметавонад. Дуд аз димоғи падарам баромад, ки «ҳоло ту боз болои набераи гул барини ман зан гирифтаниӣ?». Домод бо ҳамон нигоҳҳои бешармонааш рост ба чашми падарам нигоҳ карда, гуфт, ки ин загс ҳамту барои шаҳрвандӣ гирифтан аст. Аммо падарам, ки одаму оламдида аст, ба хашм омада, гуфт:

— Ту киро аҳмақ гумон кардӣ? Он зани рус бо ту ки никоҳ кард, мемондааст боз омада бо набераи ман зиндагӣ кунӣ?! Ту қонунан шавҳари Роҳила не, балки шавҳари «Наташа»-ат мешавӣ! Фаҳмидӣ?!

Домод ҳарчанд исрор мекард, падарам ниҳоят гуфт:

— Ё ҳозир загс мекунед, ё бору бандатро гирифта бар! Ман бе никоҳи давлатӣ духтар — пухтар намедиҳам!

Домод бо қавоқи гирифта ва ноилоҷ ба загс розӣ шуд. Ана, ҳамин хел воқеаи кор, шогирд.

— Мемондед, шояд воқеан загс бо зани рус ба нафъ мебуд…

— Фарангис, ту воқеан журналистӣ?

— Шояд…

— Агар журналист бошӣ, магар намедонӣ, ки чӣ қадар мардҳои мо баъди дар Русия гӯиё барои шаҳрвандӣ загс карданашон бедарак шуда, бозпас ба назди занҳои тоҷикашон намеоянд? Худи аз ҳамин маҳаллаи мо ду кас рафту наомад. Бахт чӣ барои зани рус, чӣ тоҷик бахт аст…

Суҳбати мо нотамом, ман бо чанд суоли беҷавоби худ ба хона баргаштам. Зеро сухани муаллима ҳақ буд. Дур намеравем, ҳамсояи худи мо занашро бо чор кӯдак партофта рафт. Рафту зани рус гирифт, дуюним сол боз намеояд. Ба гуфти ҳамсояҳо, ба занаш занг зада гуфтааст, ки «хоҳӣ, ист, нахоҳӣ, рав».

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон теъдоди оилаҳои аз ҳам пошида рӯз то рӯз афзун шуда истодааст. Ва бадбахтона, аксари ин оилаҳо ҷавонони «россиян» ҳастанду занҳояшон бидуни маълумоти олӣ ва касбу кор. Бечора занҳо аз ноилоҷӣ «фарқаш чӣ, аз ҳаромгардӣ кардана…» гӯён, рафта ариза менависанд. Менависанду ба ҳамин ё дар 10-15 сол шавҳарашонро як бор мебинанд, ё умуман намебинанд. Танҳо телефонӣ ду-cе бор дар тамос мешаванду халос. Онҳо кам-кам пули шавҳарро мебинанд, аммо худи ӯро…

Дар ҷомеаи кунунии мо бадбахтона садои зан дар дарун аст. Аз тарси «номи бевагӣ бад» ба ҳама гуфтаи шӯ розӣ мешавад. Розӣ мешаваду бахташро бо зани рус тақсим мекунад. Худ канизи беминнати хонае мешавад, ки дигар мардеро, ки ба хотири ӯ хизмати падару модарашро карда истодааст, танҳо дар хобҳои руъёияш мебинад.

Имрӯз ҳама шавҳар кардани Сурайё Қосимоваро мегӯянд. Аксар нигоҳи каҷ доранд ба ин никоҳ. Аммо медонед, ман шахсан аз ин никоҳ хурсанд шудам. Чаро? Барои он ки лоақал аз сад як зани тоҷик бо зани рус бахташро қисмат намекунад. Ман нисбати занҳои рус хусумате надорам. Аммо намехоҳам оилаи тоҷике ба хотири «гражданство» аз ҳам бипошаду зани тоҷик аз суоли «кай дадам меояд?»-и фарзандонаш дидагирёну синабирён шавад. Шавҳар танҳо ба хотири фарзанд кардан нест! Шавҳар вазифааш нисбати зан меҳрубону ғамхор ва мунисаш будан аст! Ҳар марди тоҷикро мебояд пеш аз «ба хотири гражданство» аз зани тоҷикаш қонунан ҷудо шудан сари андеша равад, ки оё ӯ қасами зимни никоҳи мусалмонӣ хӯрдааш — «хостам ва қабулаш кардам»-ро пас аз ин рафтораш намешиканад?… Оё ӯ бо ин рафтораш ба зану фарзандонаш хиёнат намекунад? Ё хиёнат танҳо аз ҷониба зан хиёнат ҳисобида мешавад? Инҳо суолҳое ҳастанд, ки натанҳо аз мардҳои муҳоҷир, балки аз кулли ҷомеаи кишвар ҷавоб мехоҳанд. Ҳар падару модарро мебояд сари хушбахтии фарзандаш андеша кунад, ҷиддӣ андеша кунад. Чун ӯ духтарашро шавҳар медиҳад, на барои хидматгорӣ мефиристад.

Шояд аксар мардҳо садо баланд кунанд, ки қарзи ҳар келин аст хидмати хонаи хусуру хушдоманро кардан. Хуб, бошад, эродатон болои чашм.

Пас, қарзи шавҳар пеши занаш кадом аст?…

Фарангиси ФАРМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here