Хомӯшии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзодаро дар баробари интиқодот ба “пешвозгириаш” бояд ҳамчун розӣ будани ӯ бо вокуниши мардум қабул кард, ё чӣ?
Як корманди масъули дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Темурмалик ба қавле нишон доданӣ шуд, ки аз технологияи нав самаранок истифода мекунанд. Аслан ӯ кори дуруст ҳам мекунад. Яъне дар саҳифаи фейсбукии худ хабарҳои марбут ба ноҳия, хоса иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фотеҳ Аминзодаро ба нашр мерасонад. Пештар ҳам ин корро мекардааст. Вале ин иқдоми масъули ноҳия замоне овоза шуд, ки хабар ва аксҳои маъракаи ифтитоҳи ду дорухона дар деҳаи машҳури Кангурти ин ноҳияро дар “Фейсбук” гузошт. Ин чорабинӣ, тавре аз аксҳо дида мешуд, дар як рӯзи сард гирифта шуда, иҷрокунандаи раиси ноҳия бо масъулини дигар бо палтову либосҳои гарм ба он омадаву духтаракони мактабхон бо либосҳои тунук ӯро пешвоз мегиранду шеърхонӣ мекунанд.
“Фейсбук” якбора таркид…
Корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ бо мавқеъгириҳои гуногун вокуниш намуданд:
“Агар духтаракҳо дар ин ҳавои сард бемор шаванд, магар Аминзода ба онҳо аз ҳамин дорухонаи мекушодагиаш доруҳои ройгон тақсим мекунад? Албатта, НЕ!”.
“Хайрият Аминзода ягон корхона насохтааст! Он гоҳ чӣ кор мекард?“.
“Раис аз аввал маълум буд, ҳамеша мехост аз ӯ таърифу тавсиф кунанд ва ҳатто кор ба ҷойе расид, ки ҳатто мехост ба ӯ пойандоз партоянд, ӯро Аминзода мегӯянд!”.
“Ой, ин ҳамон Фотеҳ Аминзода нест магар, ки гуфта буд, “ман ҳам прокурорам, ҳам суд ва ҳам милиса. Ягон кас ба нишасти матбуотӣ наёяд, ба ҷойи ҳамааш ман ҷавоб мегӯям!”?”.
“Гулдухтарон ба Аминзода кадом шеърро қироат карда бошанд?“.
“Манзараи ин пешвозгирӣ аз Аминзода хеле ҳузнангез аст. Ба ҷои табассум гиря гулӯгирам кард. Ин чӣ замона аст!?“.
“Ин ҷаҳолати асри 21 кай ба охир мерасад ва чаро Аминзода то ҳол ягон ҷазо нагирифтааст?”.
“Оё ин гуна раисҳо розӣ мешаванд, ки духтарони онҳо ҳам ба пешвози раиси дигаре раванд?”…
Вокунишҳои аз ин сахттар ҳам буданд, вале онҳоро ин ҷо овардан мумкин нест.
Воқеан, Аминзода пештар раиси ноҳияҳои Балҷувону Ҷайҳун ҳам буд, вале дар борааш тақрибан мардум намедонистанд. Фақат як хабар ин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияро “ситора” намуд.
Он масъули ноҳия ба зудӣ, чун дид вокунишҳо ҷиддӣ мешаванд, пости худро бардошт. Вале дар асри 21 имкон дорад, ки чизеро пинҳон намуд?
Яқинан, кормандони мақомоти ҳукумат бояд машғулият дар бораи истифода аз технологияи навро омӯзанд, ки ин мавзӯи дигар аст…
Бояд гуфт, ки чунин тарзи пешвозгирии раисон нав нест. Пештар раиси вилояти Суғд ва чанде дигар низ барои дар ҳавои хунук бо либоси тунук ба маъракаи пешвоз овардани духтарон мавриди интиқоди сахт қарор гирифта буданд. Масъулин худро бо ин сафед карданӣ мешаванд, ки ин духтарҳо танҳо 10-15 дақиқа барои “зебо шудани эфири ТВ” бо куртаи тунук шеърхонӣ мекунанд. Аммо инро мешавад ҷиддӣ қабул кард?
Аввалаш, мардум дуруст мегӯянд, ки чаро барои “зебоӣ” раисҳо палтои худро намекашанд ҳамин 10 дақиқа? Ва баъдан, чаро чунин маъракаҳои ба асри 21 номувофиқ бояд сурат гиранду дар он маҳз духтаронро истифода намоянд? Барои чӣ писарон не?
Айб аст…
Аминзода барои он ҳам мавриди тамасхур қарор гирифт, ки атрофи ду дорухонаи кушодааш ҷазирбод буд. Ба ғайри ин, магар кушодани ду дорухона, ки якеаш барои ҳайвонҳо будааст, зарурати чунин “тантанаву ҳангома”-ро дошт? Ҳамчунин, аз саҳифаи ҳамон масъули ноҳия, ки ин аксу хабар пайдо шуд, маълум гардид, ки Аминзода бори аввал набудааст, ки чунин кор мекардааст. Ҳангоми кушодани дарвозаи ноҳия ва чанд ҳолати дигар ҳам “духтарони тунукпӯш”-ро ба тамошо гузоштаанд.
Акнун тасаввур кунед, ки “иҷрокунандаи вазифа” кадом рӯз раиси расмии ноҳия интихоб шавад ва ягон корхонаи ҷиддии истеҳсолӣ кушояд, “қаҳрамонӣ”-и худро чи гуна “реклама” карданӣ мешавад?
Айбро донистанду аз саҳифаи кормандаш (ба эҳтимоли зиёд бо супориши раис) суратҳоро пок карданд. Оё мушкил ҳал шуд? Оё беҳтар набуд, ки раис бо як навиштаи дигар аз мардум бахшиш мепурсид ва мегуфт, ки чунин ҳолат такрор намешавад?
Накард…
Яъне давом доданист?
Пас, шояд акнун зарурат пайдо шудааст, ки бо қонуни махсус ба ин гуна раисони мағрур ҳушдор диҳанд:
ИСТ!
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА