Ман ба фикре ҳастам, ки мо раҳматро хоси мурдаҳоямон медонем ва танҳо ба онҳо мефиристем.

Ҷавоне баробари ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шудани духтараке ҷойи нишасташро ба ӯ дод, вале вақти хестану пас аз он ҳам раҳмат нашунид.

Духтаре дар автобус ҷузвдони ҷавонеро, ки хело вазн дошт, тақрибан 20-25 дақиқа дар бағалаш нигоҳ дошт, вале вақти гирифтану пас гардонидан ҳам раҳмат нашунид.

Ронандаи таксӣ як нафарро гирди Душанбешаҳр чарх занонд. Иловатан, роҳбаладӣ ҳам кард, вале аз аввал то охир боре ҳам раҳмат нашунид.

Муаллим дар аудиторияи калону барҳавое, ки дар он зиёда аз 90 донишҷӯ нишаста буданд, ду дарси 50-дақиқагӣ лексия хонд, вале аз аввал то ба охир ва ҳатто вақти баромада рафтанаш ҳам аз касе раҳмат нашунид.

Журналист рӯз то бегоҳ дар даводав буду шаб хонааш омад. Вақте ки ҳамсараш аз ин даводавҳои зиёд чӣ ба даст оварданашро пурсид, бечора лол монд. Ӯ ба болои фоидае наовардан боз натавонист ҳадди ақал бигӯяд, ки кори фалониву фалониро осон карда, раҳмат шунид, зеро корҳои фалониву фалонӣ ҳал шуда буданд, аммо аз касе ҳам раҳмат нашунида буд.

Хизматрасони мағоза то селофанҳои харидор пур шудан ба ӯ хизмат расонид, ҳатто аз пасаш бо аробачаи харидкунӣ мегашт. Дар охир зани ҷавон 4 селофани пурро гирифта аз баромадгоҳи супермаркет баромада рафту фурӯшанда раҳмат нашунид.

Табиб ҷонашро гарав монда, ҷони дигареро наҷот дод, раҳматро бо заррабин ҷуст, аз касе наёфт.

Волидоне аз ҳисоби деҳқониашон фарзанди 8-умашонро дар Душанбе хононданд. Дар мо хонондан маъноеро дорад, ки ба ӯ хӯрока, пӯшока, иҷорапулӣ, малбағи шартномаи донишгоҳ ва боз ба як дунё хароҷоти дигар пул мефиристӣ. Вақте ки фарзанд диплом гирифту ҷойи кор ёфт, касе раҳмат нашунид ва дигар шунида ҳам наметавонанд, зеро нав нони ӯ дар равған тар шуд.

Пешхизмати ошхона бо тамоми тавоноӣ ва шавқу завқ ба меҳмонон хизмат расонид, меҳмонон раҳмат сӯе истад, ба тарафи ӯ нимнигоҳе ҳам накарда баромада рафтанд.

Пояфзолдӯзи тақрибан 60-сола попӯшҳои даридаву бӯгини нафареро дӯхта, монанди нав кард. Дар охири кор ба ҷуз як 10-сомонӣ дигар чизеро надиву ба ҷуз «ма, бигир» дигар чизеро нашунид.

Бадбахтона, дар мо раҳмат гуфтану бо раҳмат хайрухуш кардан қариб ки ҳаммаънои гунаҳкориро медиҳад. Борҳо мушодиҳа кардаам, ки ҳар нафаре, ки бо ташаккур ва ё раҳмат аз нақлиёти ҷамъиятӣ мефарояд, ронанда тарафи кондуктораш бо шубҳа нигариста, ҷумлаи кӯтоҳи саволиву хитобии “пулашро дод?!”-ро гуфта мегузарад. Ва аз ин ҳолат маълум мешавад, ки мо кайҳо бо мафҳуми “раҳмат” ногап шуда, ҳатто онро куштаву ҷанозаашро бетаҳорат хондаем.

Ман ҳикояи “Дар интизории раҳмат”-ро хондаам ва шукр, ки боре ҳам аз касе интизори раҳмат гуфтан нашудаам. Яъне медонам, ки бояд аз касе раҳмат интизор нашавем ва агар аҳамият дода бошед, ин навишта ҳам барои интизор шудани раҳмат аз касе бахшида нашудааст. Гуфтанием, ки мо ба қадри кӯмак расонидани атрофиёнамон намерасем. Додани ҳақи хизматро танҳо дар дароз кардани чанд қоғазпора медонем. Некиро арҷ намегузорем. Хубиро намефаҳмем. Ва билохира, худамонро қадр намекунем.

Худо кунад, ки раҳмат гуфтану бо ташаккур буданро мо дар рӯйхати калимаву ибора ва ҷумлаҳои “топ”-амон ҳамроҳ кунем ва ҳадди ақал баробари даҳ маротиба “хари бадай”, “гарении бад”, “бги дега”, “девонашай”… як маротиба калимаҳои аз мӯд рафтаи “раҳмат” ва “ташаккур”-ро ба забон орем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here