Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр чун рӯзи омӯзгор эълон гардидааст. Вале ин рӯзро танҳо омӯзгорон медонанду ду— cе волидайне, ки заҳмати эшонро қадр мекунанд. Ва журналистон, ки ба қавли модари ман «бояд аз гӯру лаҳад бохабар бошед». Аммо гумон аст, ки омӯзгори бечора ин идро ҷашн гирад. Мепурсед чаро?

Муаллим кораш аз саҳар то бегоҳ хондану навиштан. Рӯзи истироҳатӣ навиштани конспекти якҳафтаина. Бархе шояд эрод гиранд, ки «о, хонаи муаллимон барои чӣ сохта шудааст?». Сабр кунед, «осиёб бо навбат» гуфтаанд.

Ман танҳо як мисол аз як рӯзи муаллими фанни забон ва адабиёт меорам, шумо хулоса бароред:

Як муаллими забон ва адабиёт дар як ҳафта агар танҳо 4 синф дошта бошад, ҷамъоҷамъ дар шаш рӯзи кори 30 соат дарс мегӯяд ва қариб ҳар ҳафта ё ЕССЕ мегирад, ё имло, ё нақли хаттӣ. Имрӯзҳо ҳар як синф камаш 30-35 хонанда дорад. 4х30=120, яъне ҳар ҳафта танҳо имло ё нақли хаттӣ ё ЕССЕ, муаллим бояд 120 дафтарро ҳар ҳафта санҷида, баҳояшро гузаронад. Ин танҳо дафтарҳои иншо. Дафтарҳои гардиширо бояд қариб ҳар рӯз иваз карда, тафтиш кунад ва баҳо гузорад. Яъне, дар маҷмуъ дар шаш рӯзи корӣ муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷикро лозим аст, ки на камтар аз 700 дафтарро тафтиш кунад. Ин танҳо дафтартафтишкунӣ. Ҳар рӯз муаллими бечораро лозим аст, ки конспект кунад. Он ҳам ҳамон мавзуҳое, ки муаллим онҳоро бо сабаби ҳар сол дарс додан азёд медонад. Ҳол он ки, дар аксари мамолики олам муаллим план ва конспектҳои чандинсолаашро истифода мебарад. Албатта бо сабаби зиёд будани кор (охир зиндагии муаллим танҳо аз мактаб иборат нест-ку. Оила гуфтанӣ гап ҳаст. Ӯро лозим аст, ки ба кори хонааш ҳам расидагӣ кунад. Ақаллан як соат ҳам бошад, бо фарзандонаш нишинаду суҳбат кунад) муаллим аксар вақт наметавонад, ки конспектҳояшро нависад, бинобар ин, рӯзи якшанбе аввал сари дафтари конспекташ мешинад. Баъд сару тани як ҳафта ношустаашро мешӯяд. Ин аст рӯзгори якҳафтаинаи муаллим.

Акнун мегузарем ба мавзӯи асосӣ: Қадру манзалати муаллим. Ман дар мақолаи пешин ҳам гуфта будам, ҳоло ҳам мегӯям: Мо — носипосонро рӯзе намаки муаллим кӯр мекунад! Кадом намак? Ҳамон намаке, ки мо кор карда, маош мегирему мехарем. Муаллим чӣ дахл дорад? Охир, агар АБВГ ёд доданҳои муаллим намебуд, мо ба гуфти бибиҳоямон «хоки хунук» ҳам намешудем! Дар давраи пандемия аз табибон дида муаллим бештар ҷонаш дар хатар буду ҳаст: Муаллим ҳамарӯза аз саҳар то бегоҳ камаш бо 700 талаба вомехӯрад ва камаш 300 касро дарс медиҳад.

Мувофиқи таҳлили олимон, кӯдакон низ Ковид-19-ро доранд, аммо тани онҳо на чун қабулкунанда, балки чун интиқолдиҳандаи ин вирус фаъолият мекунад. Яъне кӯдак метавонад ҳар лаҳза ба воситаи организми худ вирусро ба муаллим «интиқол» диҳад. Болотар аз ин, агар табибон ҳар ҳафта бонавбат «смена» меистоданд, муаллимон хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд. Ин ҳам замоне, ки ба қавле «саг аз гушнагӣ ҳам мемурд, аз хонааш намебаромад». Вале бо ин вуҷуд муаллим ҳар рӯз ҷон дар кафи даст ба мактаб меравад, то машъали илм дар зеҳни хонанда афрӯзад, ки насли оянда бесавод намонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки талабаи имрӯз 70-80%-аш ба мактаб барои вақтгузаронӣ меравад. Ё ба қавли баъзе аз модарон, «хез гум ша мактав рав, иқа гӯшом ором гира». Имрӯз талаба болои сари муаллим ба қавле чормағз мешиканад. Аммо муаллим наметавонад дар асоси қонуни масъулияти падару модар ба мақомот аз болои он хонанда шикоят кунад. Чаро? Масалан дар деҳот директор вақте шикоят кардани муаллимро шунавад, мегӯяд:

— Биё малим сари бе проблемамона проблемадор накн.

Ё:

— Ӯ навераи фалон муллоҳай. Бовои муллода хуб намешава.

Ё ин ки:

— Малим, дари ҳамсоягарию қавмигарида кори хуб намеша…

Дар шаҳрҳои калон бошад:

— Э не, тра сарт задагияй малим? Ӯ талабаи мегуфтагит бачаи амакии амакбачаи оташ дар фалон ҷо кор мекна. Бо хдт гунаҳгор меброӣ…

Ҳамин тавр, муаллим хотирбинӣ мекунаду талабаю волидайн ба қавле ҳавояшон баланд мешавад ва волидайн ба ҷои фарзандашонро тарбия кардан бо даҳони пур мегӯянд:

— Канӣ я малимуш бачама я чӣ бга, мерам…

Ана ҳамин аст қадри муаллими имрӯз. Акнун фаҳмидед, чаро пештар гуфта будам, ки бояд ҳайкали муаллимро гузошт?

… Бори дигар Рӯзи ОМӮЗГОР муборак, устодони қаҳрамони давру замон!!!

Фарангиси ФАРМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here