Мавзӯе, ки хеле доғ аст, аммо…

Имрӯз дилхоҳ мансабдореро, ки мебинем ё аз вазифааш сабукдӯш шудааст ё нафақа рафтааст ва билохира, дар интизори курсӣ аст, як ибораро аз ӯ мешунавем: “Маро сиёҳ кардаанд”.

Нафақахӯрон ин андешаашонро бо шиква собит месозанд, ки “хеле барвақт ба нафақа гусел карданд, ҳастанд нафароне, ки синнашон аз ман боло аст, ҳоло кор мекунанд”.

Дуввумӣ, ки сабукдӯш шудааст, мегӯяд: “Маро нотавонбинону фитнаҷӯён пеши калонҳо сиёҳ кардаанд”.

Оне, ки барои курсӣ ҷон меканад: “Дӯстону ҳамкоронам бо усулҳои зиёд худро дӯсту моро душман гардониданд”.

Ғаразҷӯён киҳоянд? Чаро инҳо наметарсанд, ки як рӯз ҳақиқат ошкор мешаваду дигар доду вой, афсӯс хӯрдан, бахшиш чизеро иваз нахоҳад кард?

Албатта, компютери як мансабдорро таъмир кардану вазифа гирифтан магар аз рӯйи виҷдон аст? Чӣ гуна як нафари ғайриҳирфаӣ барои нафарони касбӣ роҳбарӣ хоҳад кард? Ва баъдан, ҳамин “непрофессионалҳо” тухми душаманиро дар вазорату идораҳо зиёдтар намепошанд? Бовар намекунед? Инҳо хушомадгӯёни асосӣ хоҳанд шуд.

Муаллифи ин мисраҳоро дар ёд надорам ростӣ, вале хеле бамаврид гуфта:

Хушомадгӯ гар аз дунё барафтад,

Халал дар кори шоҳон камтар афтад.

Онҳое, ки бе заҳмату меҳнат ба ҷое мерасанд, баъдан солҳо аз корашон ҳама пушаймон хоҳанд шуд, ҳатто роҳбароне, ки онҳоро ба кор гирифтаанд. Сухани пурғараз бештару тезтар ба гӯши роҳбарҳо мерасад. Аммо ин гунаҳо аз фурсати муносиб истифода бурда, тамаллуқкорона таърифаш мекунанд. Таъриф ба кӣ намефорад? Ситоиш ҳамеша гӯшнавоз аст.

Нафаронеро метавонем дарк кунем, ки аз сахтии рӯзгор, хӯрондану пӯшондани фарзандон ва таъмини хешу табор, дар пеши “дӯсту душман паст набошам” гуфта, ин корро анҷом медиҳанд. Аммо нафароне, ки лаҳзае бе ёди илму таърих нестанд, илмро равнақ медиҳанд, бо шиками нимгуруснаву рӯзгори пурмушкилот ва пурмуаммо умр ба сар мебаранд, дониш доранд, аммо ту барои ҳама монеа мешавӣ, пас аз мурдан дар бораат чӣ хоҳанд гуфт? Инро андеша накардаӣ?

Имрӯз ту “нобиға”-ӣ, вале нобиғаҳо хор…

Аммо фаромӯш накунед, ки сипас чунин афрод ба ҳама кор қодир хоҳанд шуд, ҳатто дар ҳаққи худи шумо. Маҳз ӯ бешармона нерӯ мегирад ва садди роҳи чандин камбизоату соҳибистеъдод, босаводу хушахлоқу қобилиятнокро мегирад, ки маҳз ҳаминҳоянд “тартибдиҳандаи рӯйхати сиёҳ”. Онҳо ҳатман навиштаҳои моро мехонанд, медонам, сахт мерасад, вале бояд донанд.

Имшаб яке аз рӯзноманигорони хеле донишманду хушном, шахсияти муътабар бароям дар Фейсбук пайём навиштааст: “Ҷамила, як насиҳат бароят, ҳеҷ гоҳ аз қафои ҳақиқат надав, войи ҷони худат”.

Ҳақиқатро ҳеҷ кас дӯст намедорад, медонам, аммо агар мо нагӯем, кӣ мегӯяд?!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here