Мардум на танҳо аз ҳукми каму ноадолатона нисбати онҳое, ки ба кӯдакон дастдарозӣ мекунанд, ба хашм меоянд, балки онро дигаргуна ҳам баҳо медиҳанд.

Таҷовузи ҷинсии кӯдакон, ки онро педофилия низ меноманд, дар дунё вокуниши ҷиддӣ дорад. Дар мамолики дигар барои ин тадбирҳои сахт меандешанд. Аммо таҷрибаи Тоҷикистони мо нишон медиҳад, ки на танҳо бо ин намуди ҷиноят, балки бархӯрди ҳуқуқии он ҳам, хоса бо судяҳо бояд муносибатро тағйир дод.

Хабари авф гардидани сокини 42-солаи шаҳри Ҳисор аз толори суд, ҳамон тавре интизор мерафт, норозигии амиқи мардумро ба миён овард. Дар шарҳҳои мардум, ки дар Интернет менавиштанд, ҳатто як нафарро пайдо кардан мумкин нест, ки ин ҳукмро ҷонибдорӣ намуда бошад.

Хотиррасон мешавем, ки 9-уми декабри соли равон судяи Суди шаҳри Ҳисор сокини 42-солаи ин шаҳрро, ки ба “таҷовуз ба номус”-и духтари 12-сола гумонбар мешуд, аввал ба 5 соли зиндон маҳкум ва баъдан бар асоси қонуни авф ӯро аз толори суд озод намуд.

Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди «Ташаббуси ҳуқуқӣ» , ки аз духтари 12-сола ҳимоя мекунад, ин хабарро пас аз ҳукми додгоҳ расонаӣ кард ва ба ҳамкасбони мо гуфт, ки аз ҳукми суд куллан розӣ нестанд ва барои бозбинӣ ба Суди Олии Тоҷикистон аллакай шикоят навиштаанд. Ба гуфтаи Раҳмонова, “ҷараёни тафтишу мурофиа камбудиҳои хеле зиёду ҷиддӣ дошт ва ҳоло мунтазири он ҳастем, ки зинаи болоии суд чӣ ҷавоб хоҳад дод”. Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки судя “парвандаро дар як рӯз баррасӣ кардаву хулосаашро эълон намудааст”.

Пас аз расонаӣ шудани ин хабар сарусадои зиёд ба миён омад. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар яке аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ мавзӯро ба баррасии амиқ гирифту аз ниҳодҳои ҳуқуқиву интизомӣ дархост намуд, то ин ва чанд ҷинояти дигари вобаста ба таҷовузи кӯдакони ноболиғро ҷиддӣ бигиранд.

“Тафтишот идома дорад, аммо гумонбари асосӣ маълум нест. Эҳтимоли ширкати дигар афрод дар ин ҷиноят низ вуҷуд дорад. Ҳоло натиҷаҳои ташхисҳои зарурӣ маълум шавад, гунаҳкор низ рӯи об хоҳад баромад”,- гуфта буд он замон сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат бо мо.

Он замон нишастҳои матбуотӣ низ оғоз гардида буданд ва ҳамкасбони мо Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуфро аз ҳодисаи нангин дар ҷараён гузоштанд. Ӯ ваъда дод, ки “ҳодисаро мо меомӯзем, таҳқиқ мекунем ва агар фактҳо тасдиқи худро пайдо кунанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод”.

Дуруст аст, ки пас аз расонаӣ гардидани ин хабар ва дастури Раиси Маҷлиси миллӣ гумонбаршуда ба ҷиноят дастгир шуд. Саволи асосӣ ин буд, ки «чаро то расонаӣ гардидани ҳодиса миҷаи касе хам нахӯрд?».

Чаро дар мавриди ҷинояти таҷовузи кӯдакон изҳори нигаронӣ зиёд шуд? Ин бесабаб ҳам набуд. Масалан, 3-юми июли ҳамин сол дар толори Суди шаҳри Душанбе мурофиа бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола оғоз гардида буд, ки масъулини ин суд акси Зиёевро дар сайти расмии худ нашр ва ӯро ба 9 сол равонаи зиндон карданд. Мардум маҳз ба ҳамин судяе, ки ҳукмро содир кард, аҳсану офарин хонданд, ки ҳақро ба ҳақдор расонид.

Аммо дар ҳамин шабу рӯзе, ки баҳси судяи Суди шаҳри Ҳисор дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ идома дошт, судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавони 18-соларо барои анҷоми ҳаракатҳои бад бо писари ноболиғ фақат барои 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум намуд, ки сели норозигиҳоро ба миён овард.

Дигар хел шуданаш имкон надорад. Дар тамоми дунё ба муқобили онҳое, ки ба таҷовузи ноболиғон машғуланд, муборизаи беамон мебаранд. Қазоқистон ба наздикӣ ҷазои сахттаринро барои ин гуна одамон қабул намуд. Дар Русия ҳам бархӯрд ба ин ҷиноятро сахттар кардаанд.

Бо назардошти ин ҳама, инҷониб зимни нишасти матбуотии раиси Суди Олии Тоҷикистон пешниҳод намудам, ки нисбати чунин афрод ҳукми сангин ва муддати тӯлонии ҷазо татбиқ кунанд. Ҳатто ҳабси абад дода шавад. Зеро таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод, ки маҳз чунин намуди ҷазоҳо боис ба камшавии ин гуна ҷиноятҳо мегардад. Шермуҳаммад Шоҳиён ҳатто ваъда дод, ки онро ба парлумон пешниҳод мекунад. Намедонам фикри ӯ дар ин бора чӣ шуд, аммо тавре мебинем, ин намуд ҷиноятҳо зиёд мешаванд.

Барои ҳамин, мардум ҳоло аз Суди Олӣ талаб доранд, ки ҳукмро бознигарӣ кунанд. Пешниҳоде ҳам ҳаст, ки чунин парвандаҳоро бояд ошкор баррасӣ кунанд, то хабарнигорон аз ҷараёни мурофиа хабари дақиқ пешниҳод карда, мардумро ором намоянд, ки ҷинояткор ҷазои сазовор гирифтааст.

Хотиррасон мешавем, ки чунин мурофиаҳо бо сабабҳои ахлоқӣ ҳоло паси дарҳои баста сурат мегиранд. Аммо мардум шубҳа мекунанд, ки ҷазои сабук гирифтани ин гуна ҷинояткорон маънии дигаре дорад.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here