Салом Абдувоҳид!

Медонед, имрӯз қариб буд тасмим гирам, ки дигар нома ба номи Шумо наменависам. На, баҳона ин набуд, ки мавзӯъ барои навиштан нест. Баръакс, шояд ҳафтаи охир он қадар мавзӯъ барои дарди дил бисёр буд, ки аслан намедонистам кадомеро интихоб кунам. Аз ҷанги арманию озар дар Қарабоғи куҳӣ бигӯям ё аз кӯшиши табадуллоти навбатӣ дар Қирғизистон? Аз интихобот дар Тоҷикистон гӯям, ё аз паҳншавии бесобиқаи вабои аср (каранавирус) дар дунё? Ба ин монанд шабакаҳои иҷтимоию телевизион он қадар зиёд барои ман мавзӯъ дода буданд, ки беҳисоб…

Тавре мебинед, баҳона барои нанавиштан ин набуд! Баръакс. Диламро сояи сияҳи пардаи ҳузне, гоҳо се рӯз идома меёфту боз бармегаштам ба зиндагӣ. Вале ин маротиба… рӯз ба рӯз ин ҳолат, як тарси ноаён аз шабу аз рӯз, як дилбезорӣ аз ҳама, як андешаи орамидану дигар барнахостан, қалбамро мефишорад. Шояд ин таъсири марги пайдарҳами ононе бошад, ки мешинохтаму имрӯз ба ҷабри каронавирус як – як аз дунё мераванд? Шояд ин аз ғами мардуме бошад, ки ба фардои хеш бовар надоранд ва танҳо барои имрӯз мезиянд? Шояд ин ҳама натиҷаи он бошад, ки корманд дигар аз рафтан ба маҳалли кори хеш метарсад?

Намедонам. Вале инро яқин медонам, ки на шабу на рӯз чанд муддат аст наметавонанд ҳолати рӯҳии маро тағйир диҳанд ва ҳама дар назари ман пираҳани сип-сияҳи андуҳ пӯшидаанду хандаро фаромӯш кардаанд.

Абдувоҳид!

Медонед, ситораи насли ману шумо ситораи наҳс будааст. Бале, бо вуҷуди он ки телевизорро чанд сол баъди таваллуд дидему имрӯз тилфони мобилию Интернет дорем, ки ҳар сония метавонем бо нафари дилхоҳ ҳарф занему шунавему бинем. Аммо, дар ин баробар, ба чашми сар имрӯз мебинем, ки чӣ гуна дар давраи зиндагии ману шумо донишманд хор асту бесавод тоҷи сар, аблаҳу дузду ҳаромхӯр соҳибнон асту фарҳангие, ки умраш бо тарбияи фарзандони ин ҷомеа гузаштааст, фақат андешаи чӣ гуна сер кардани шикамашро дорад. Ҳа, агар мо дар давраи дигар таваллуд мешудем, шояд ақаллан азияти руҳӣ аз дидану шоҳиди ин рӯзгор шудан, намекашидем.

Шуморо намедонам, аммо ман аз ин ки маҳз дар ин даврону дар ин айём, замони беқадрии арзишҳои инсонӣ таваллуд шудаам, пушаймонам! Кош зода намешудам! Ё ақаллан дар замони Шӯравӣ, ки илму ҳунару фарҳанг қадр дошт, арзишҳои инсоние чун виҷдон, шарм, номус, андеша арҷ гузошта мешуд, инсон қадре дошт, мурдаи инсон қадре дошт, ба дунё меомадам.

Агар замони Шӯравӣ гирифтани диплом ҳукми инро дошт, ки Шумо гушнаю бекор намемонед, имрӯз медонед, ки диплому маълумот ба қади пашизе ҳам нестанд, агар Шумо “тағо” надошта бошед, ҳамдеҳа, ҳамноҳия, хешованди дорою соҳибнуфуз надошта бошед!

Пас, чаро аксар раҳи раҳоиро дар пайдо кардани яке аз ин воситаҳо мебинанду ман аз дидани ин ҳама азоб мекашам? Чаро инро бинам, дилам дард мекунад?

Андешае ба сарам зад: Медонед, аввали солҳои истиқлол филмҳои ҳиндӣ маҳбубияти азиме доштанд. Мардум дари кинотеатрҳоро барои дидани филмҳои ҳиндӣ мешикастанд. Ҳатто мегӯянд, ки ҳангоми намоиши филми “Раққоси диско” ҷавонон ба ҳамдигар корд зада буданд. Аммо, имрӯз касе ёд аз филмҳои ҳиндӣ намекунад, касе ин филмҳоро намекобаду ҳаваси дидан надорад. Мепурсед, ки барои чӣ? Барои он ки мардум дарк карданд, ки фарҷоми сапеди филмҳои ҳиндӣ дурӯғ аст! Имрӯз ба чашми сар мебинанду ҳаргиз бовар намекунанд, ки гунаҳгори пулдоре, мансабдори сернуфузе дар баҳсе, дар мунозарае, дар суде, дар ҷинояте ҷазо дида бошад!

Чаро Худованд ҳини таваллуд аз кӯдак намепурсад, ки ин дунё чунин асту чунон аст, мехоҳӣ дар муҳити ин мардум зиндагӣ кунӣ ё не? Шояд он замон ман замони Шӯравиро интихоб мекардаму Шумо замони Рӯдакиро? Чаро? Чаро ба қавли Лоиқи бузургвор:

Напурсида зи мо зоданд моро,

Насиби зиндагӣ доданд моро.

Барои хеш то роҳе биҷӯем,
Сари дуроҳа бинҳоданд моро.

Мунтазири посух ба ин ҳама чуну чароҳо ҳастам Абдувоҳид!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here