Ҳоло, ки дар ҳавлии деҳа сояашро меҷӯяму талх мегирям ё дар кӯчаҳои шаҳр, ки бо ҳам қадам зада будем, ӯро ба ёд оварда, бесадо ашк мерезам, қомати зебои Падари раҳматиям дар барам рост намешавад, ки бигӯяд:

«Худатро ба даст гир! Мард шав! Ин зиндагӣ аст!». Зиндагии ман воқеан холӣ шуд. Ҳеҷ чизе наметавонад диламро ба дунё гарм кунад. Имрӯз бори дигар дарк кардам, ки марги Падар сахт нотавонам кардааст. Пештар вақте мешунидам, «падар ё модари фалонӣ гузашт», бароям як хабари ғамангез буд, вале ҳоло чунин хабар пеши рӯям рӯзи гузаштани Падари раҳматиямро меорад. Беихтиёр ашкам мерезад. Талх мегирям.

Ин навиштаро журналисти шинохта Завқибек Сайдаминӣ дар сӯгӣ падараш навишта буд. Завқибек нафарест, ки зиёда аз як сол мешавад “Фейсбук”-ро гирёнда истодааст.

Журналистон, публитсистон, шоирон, нависандагон ва ҳама он нафароне, ки даъвои эҷодкорӣ доранд, қариб ки як мавзуи муҳимро ба фаромӯшӣ бурдаанд ё худ кам аҳамият медодагӣ шудаанд. Мо имрӯзҳо дар матбуот саҳифа-саҳифа мақолаҳои давомдору мусоҳиба-лавҳаҳоро дар васфи модар мехонем. Аксар публитсистон мавзуи дӯстдошта ва содаву равонро ёфта, лавҳаву очеркҳои зиёд гуфтаанд дар бораи модар. Калимаи модар дар шеъру ғазалу рубоӣ чунон зиёд зикр шудааст, ки ҳоло 80-90% овозхонҳои мо албоми “Модар” доранд. Ва боз ҳикояву қисса, достону романҳои зиёд дар поси шахсияти модар гуфта шудаанд. Хулоса, аз вақти дар батн будани кӯдак то охирин ҳаракату калимаи модар дар эҷоди эҷодкорон инъикос ёфтааст. 

Аз сархати боло чӣ мехоҳам? Ин хуб аст, ки модаронро тоҷи сар кардаем ва ифтихор ҳам дорем, ки заррае ҳам бошад, бо тарзҳои гуногун қадрашронро медонем, аммо бояд тавре гуфт ва рафтор кард, ки падар пушти абрҳои сиёҳ пинҳон намонад. Бояд дар борааш чизе гуфту бо ҳарфҳои заррин навишт: Падар, Шумо ҳастед, ки мо ҳастем!

Пеш аз ҳама мо бояд дар баробари бо забонамон тасдиқ кардан боз бо диламон тасдиқ кунем, ки сӯзиши падар, ашкрезиҳояш, ғамғориҳояш, умедҳояш, нақшаҳояш, фикрҳояш барои ҳар фарзанд камтар аз модар нестанд. Ман ҳоло аз китоб, филм, намоиши театрӣ, суруд, реп дар бораи падар чизе намегӯям, танҳо чанд ҳолати дидаву шунидаамро меорам.

Падаре ҳаст, ки дар як рӯз 2-3 маротиба ба писари донишҷӯяш занг зада аҳволпурсӣ мекунад ва дар охири ҳар суҳбаташ бо меҳрубонӣ хоҳиш мекунад: “Бачам, оби ҷӯшомада хӯр, ҳаргиз хунук нахӯр”.

Ман падареро медонам, ки умраш аз 60 гузаштааст, аммо дар даст дос гирифта, алафҳои назди хонаашро даррав мекунад, то фурӯшаду пулашро ба фарзандаш равон кунад. Он пул барои хӯроки чандрӯзаи духтараш мерасида бошад?

Падареро вохӯрдам, ки барои фарзандаш бо ҳама ҷангӣ шудааст, ҳамаро шикаст додааст, аз баҳри ҳама гузаштааст.

Чанде пеш дар назди бонке пирамардеро дидам, ки барои қарз гирифтан омада буд, то маблағи шартномаи донишгоҳи фарзандашро супорад ва аз суҳбати кӯтоҳамон маълум шуд, ки фарзандаш 5 соли таҳсил дар донишгоҳро бо қарзи бонкии падараш хондааст. Ҳар вақте ки писарҳои дигари пирамард пул равон мекардаанд, вай аз сари пули равонгардида “қайчӣ” карда, оҳиста-оҳиста пули бонкро медодааст. Худ нахӯрда, писарашро хӯрондааст.

Ман падареро дидам, ки дар фироқи фарзанд мӯйи сарашро резондаву ришашро сафед кардааст.

Рӯзе дар масҷид пас аз намози пешин ҳама намозгузорон рафтанд. Мардеро дидам, ки ба сӯйи Худо бо дастҳои ларзонаш илтиҷоомез чизе мегуфт. Пас аз баромаданш чӣ мушкилӣ доштанашро пурсидам. Кӯтоҳакак ҷавоб дод: “Писарам донишҷӯ аст”.

Дар ин умри кӯтоҳ ман бо падарони зиёд вохӯрдам, суҳбат кардам, дидам, шунидам… Ва ҳоло боз метавонам чандин ҳолати дигарро аз рӯзгори қаҳрамононаи падарон мисол орам, вале “як нуқта бас аст, агар шуур аст…”.

Болои ин ҳама бузургиҳои падар, агар ҳоло мо тақвимро ба даст гирему нигарем, аз 365 рӯзе, киХудованд дар як сол ба мо додааст, рӯзеро ҳамчун рӯзи падар қайд намекунем. Моҳе нест, ки мо чанд иду ҷашни расмию ғайрирасмӣ надошта бошем. Пас чаро рӯзи сутуни хонадон, хуршеди зиндагӣ, моҳтоби шабҳои тор, дилбардори тамоми лаҳзаҳои ногуворамонро надошта бошем? Чӣ мешавад, агар рӯзеро муайян кунему ҳар фарзанд ҷомаву салла ва калӯше гирифтаву бо табассум назди падараш равад ва дуояшро бигирад? 

Медонам, шояд гуфта шавад, ки касе падарашро дӯст медорад, марҳамат, ҳама рӯз рӯзи падар аст ва ҳар вақте ки хоҳад, дуои падарро рафта гирад. Аммо, бовар кунед, таъсири рӯзи махсус дигар аст, ҳамон тавре, ки дар як сол як маротиба ба модарону хоҳарону ҳамсаронамон як даста гул ҳадя мекунем.

Падаронро дӯст доред, қадр кунед, дуояшонро гиред!

Худо нигаҳбон!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here