Дуруд Абдувоҳид!

Бори дигар зодрӯзатон муборак бод! Ҳайф, ки набудам то ақаллан коняки дӯстдоштаатонро туҳфа кунам. Медонед, зодрӯзи ман бо зодрӯзи ду нафар шахси бароям азиз, устод Иброҳим Усмонов ва рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод ба як рӯз иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ, беш аз 10 сол аст, ки мо зодрӯзамонро якҷоя таҷлил менамоем.

Вале андешаи Шумо дар бораи зодрӯз як гуфтаи дӯсти шодравонамон Акбари Сатторро ба ёдам овард:

“Агар хоҳед, ки зиёд таърифатон кунанд, ҳатман ҷашни зодрӯз ороед” ё андешаи дигаре дошт. Мегуфт, ки “Рӯзи зодрӯз касе ҳуқуқ надорад то соҳибҷашнро бигзор одами бад ҳам бошад, бад гӯяд ё аз камбудии вай ҳарф занад”.

Замоне буд, ки то пайдо шудани интернету телефонҳои мобилӣ ман аз ҳама дар рӯзи таваллудам мегурехтам. Не! Не! Ин аз тарси зиёфат набуд, балки фақат як рӯз мехостам бо худам бошам, худам бо худам суҳбат кунам. Як бор биандешам, ки дар як соли охир чӣ кардааму чӣ карда истодааму чӣ хоҳам кард. Бовар кунед ин беҳтарин суҳбат аст, гуфтугӯй бо худ. Дар ин суҳбат камбудиҳои хешро дар як соли охир бар мекашед, баҳо медиҳед, хулоса мекунед. Ана ин як роҳат аст. Роҳати равонӣ.

Шумо дар мавриди он гуфтед, ки азиз будани худро барои пайвандон нав дарёфтаед. Хато мекунед дӯстам. Шумо барои ҳатто ҳамон дӯстони хасакӣ азиз ҳастед. Бубинед, ки садҳо нафар вақт сарф кардаю аз Шумову аз зодрӯзатон андешидаанд, ҳарфи дилашонро иброз доштаанд.

Ба наздикӣ як барномаро бо иштироки ҳамкасбамон Раҷаби Мирзо тамошо кардам. Рӯзноманигори ҳамсуҳбаташ намедонам аз чӣ бошад, бисёр донистан мехост, ки ӯ дар бораи ман чӣ фикр дорад, ҳатто такрор ба такрор инро мепурсид. Медонед чӣ? Раҷаб ҷавоби хубе дод. Гуфт: “Хуршед дӯсти ман аст!”

Абдувоҳид, Шумо хуб медонед, ки ману Раҷаб инак наздики 30 сол мешавад дӯст ҳастем. Вале кам мешавад, ки дар масъалае мо ҳамфикр бошем. Ҳатто чанд маротиба мо то ба як моҳу ду моҳ бо ҳам қаҳрӣ шудаем. Бори охир вақте қаҳрӣ будем ва дӯстон инро хуб медонистанд, ҳамкасбонамон Абдумалик Қодиров ва Умед Бобохонов моро оштӣ дода буданд. Ҳарфи Умед аз ёдам намеравад, ки гуфта буд: “Хуршеду Раҷаб, журналистикаи имрӯза шабеҳ ба як инсони бе дасту пой аст, онро аз чашм ҳам маҳрум накунед”. Мо боз ба ҳам омадем. Наздик ба 30 сол аст, ки гуруҳҳои муайян, нафарони алоҳида, чӣ мансабдору чӣ бе мансаб, аламовартар аз ҳама ҳамкасбонамон мехостанд маро ба Раҷаб ҷанг андозанд. Аммо мо ҳамдигарро ба андозае мешиносем, ки ҳамроҳ ба ин ҷангандозиҳо механдем. Дӯстам, ман метавонам ин андешаро ақаллан дар бораи даҳ нафар гӯям. Пас хато хатои Шумост, ки ноодамакҳои зиёдеро дӯст пиндоштаед, ба лофу газофашон дар бораи дӯстӣ бовар кардаед. Озарахш боре ба ман гуфта буд:

“Нафареро, ки ба дӯстӣ пазируфтӣ бо ҳама хислатҳои манфиаш қабул кун. Бидон, ки дӯсти ту чунин хислатҳои бад ҳам дорад. Вале ту бо вуҷуди донистани ин ӯро ба дӯстӣ пазируфтаӣ”.

Дуо мекунам, ки дӯстони содиқатон бештар бошанду дар он миёна ман ҳам бошам!

Бо умед Хуршед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here