Шикояти аввалини худро тариқи онлайн ман аз занони бемасъулият шуруъ мекунам!

Ҳукумати шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, ки дар сурати мушоҳидаи камбудиву нуқсон дар ҳудуди шаҳр онро аксу навор гирифта, ба суроғаи шаҳрдорӣ фиристанд. Аз нигоҳи аввал, ин як кори маъмулӣ ба назар мерасад, аммо ҷиддитар нигоҳ кунем, аксу навор гирифтан ва миёни ҳам паҳн кардан тариқи Viber ё Whats App ба шуғли аслии ҷавонон табдил ёфтааст. Инро фақат нафаре дарк мекунад, ки ҷавон аст ва ниёзҳои насли худ ва кор бо онҳоро хуб медонад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ин иқдом қадамҳои аввал ва ҷиддии ҳамкорӣ бо ҳамнаслони худро гузоштанд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки ҷиҳати саривақт бартараф кардани камбудиҳо сокинон бо аксу видео бояд шаҳрдориро дар ҷараён гузоранд: “Муаллифон метавонанд, ки дар садри мавзуъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро гузошта, сипас навор ё акси гирифтаашонро тавассути замима ба мавзуъ ба суроғаи мазкур ирсол намоянд. Инчунин онҳо метавонанд тариқи шабакаҳои Viber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22 навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд”.
Шаҳрдорӣ махфияти муаллифони навор ва аксҳоро, ки дастраси Рустами Эмомалӣ мешаванд, кафолат додааст. Дафтари шаҳрдори Душанбе мегӯяд, «баъди пахши ҳар аксу навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода, камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ислоҳ менамоянд».
Пас аз ин иқдом мантиқи таъин кардани ҷавонон ба вазифаҳои раҳбарикунандаро хубтар фаҳмидам. Дар ҳоле, ки аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, таъини ҷавонон ба вазифаҳои раҳбарикунанда метавонад ба вазъ таъсир расонад. Ҳоло зиндагии ҷавонон онлайнӣ шудааст. Харидро тариқи онлайн анҷом медиҳанд, шикояташонро онлайнӣ мекунанд ва умуман дар ҷаҳони онлайнӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло Ҳукумати шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин корҳоро анҷом медиҳад. Сомонаи ҳукумати шаҳр низ хеле фаъол аст. Пас, замоне расидааст, ки раҳбарони шаҳру навоҳиро ба мисли Рустами Эмомалӣ ҷавон кунем ё онҳо мағзҳои худро ҷавон кунанд ва бо ҷавонон ҳамкории онлайнӣ намоянд. Коре, ки ҳоло шаҳрдори ҷавони Душанбе оғоз кардааст.
Шикояти аввалини худро тариқи онлайн ба Рустами Эмомалӣ ман аз занони бемасъулият, ки фарзандашонро аз соати 7-и субҳ то соати 10-12-и шаб дар кӯча сар медиҳанд, шуруъ мекунам. Ва бигзор ҳар яки онҳо бо ифтихор ва масъулияти калон фарзандонро ба фарҳанги шаҳрнишинӣ омода кунанд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here