Имрӯзҳо дар шароити паҳншавии вабои даҳшатбори аср — вируси Корона ё худ Covid-19, аксар пизишконро таърифу тавсиф намуда, ҳатто ишорае ба сохтани муҷассамаи пизишк дар ҳоли даст ба гиребон шудан бо куруно мекунанд, аммо, шояд баъди ин гуфтаҳоям фариштагони сафедхилъат ва онҳое, ки хешу ақрабое аз зумраи эшон доранд ва ё худ мардуми оддие, ки бо шарофати пизишкони ҳозиқ шифо ёфтаанд, сӯям санги маломат ҳаво диҳанд ва шояд нафароне низ ёфт шаванд, ки гӯянд: “Дар ҳарфи ин журналист ҳикмате ҳаст…”.

Маҳз дар ҳамин шароит, дар ҳамин замоне, ки кулли пизишкони олам бо ин вабои аср дастбагиребонанд, ман мехоҳам қаҳрамони замон на пизишкон, балки муаллимон эълон шаванду тоҷи қаҳрамонӣ бар сари ҳар муаллим, новобаста аз «статус»-у собиқаи кориаш, гузошта шавад. “Чаро?”,- шояд суол диҳад ҳар хонанда. Хеле содда ба ин савол метавон посух дод. Агар муаллим ё худ омӯзгор набуд, ҳеҷ кас яку якбора на табиб мешуду на милиса ва на прокурор. Ба ёд орем ҳикояти «Амир Насри Сомонӣ ва муаллим»-ро аз “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт”-и Муҳаммад Авфӣ:

«Амир Насри Сомонӣ (яке аз амирони Оли Сомон, ки аз соли 301 то 331 ҳ.қ. салтанат кардааст) дар айёми кӯдакӣ муаллиме дошт, ки Амир назди ӯ Қуръон мехонд, вале аз ноҳияи ин муаллим кутаки бисёре хӯрда буд. (Дар куҳан муаллимон шогирдони худро танбеҳи баданӣ мекарданд). Амир Наср кинаи муаллимро ба дил гирифта буд ва бо худ мегуфт: ҳар гоҳ ба мақоми подшоҳӣ бирасам, интиқоми худро аз ӯ мегирам.

Вақте Амир Наср ба подшоҳӣ расид, як шаб ба ёди муаллимаш афтод ва дар бораи чигунагии интиқом аз ӯ андешид, то ин ки тарҳе ба назараш расид ва онро чунин иҷро кард: ба хидматкори худ гуфт:

— Бирав, дар боғи русто чӯбе аз дарахти беҳ (биҳӣ) бигир ва биёвар.

Хидматкор рафт ва чунон чӯберо назди Амир Наср овард ва Амир ба хидматкори дигараш гуфт:

— Ту низ бирав, он муаллимро эҳзор кун ва ба инҷо биёвар.

Хидматкор назди муаллим омад ва паёми Амирро ба ӯ иблоғ кард. Муаллим ҳамроҳи ӯ ҳаракат кард, то назди Амир Наср биёяд. Муаллим дар масири роҳ аз хидматкор пурсид:

— Сабаби эҳзори ман чӣ бошад?

Хидматкор ҷараёнро нақл кард ва муаллим донист, ки Амир Наср дар садади интиқом аст. Дар масири роҳ ба мағозаи мевафурӯшӣ расид, пуле дод ва як меваи беҳ (биҳӣ) харид ва онро дар миёни остинаш пинҳон кард. Ҳангоме ки назди Амир Наср омад, дид дар дасти Амир чӯбе аз дарахти беҳ ҳаст ва онро баланд мекунад ва такон медиҳад. Ҳамин ки чашми Амир Наср ба муаллим афтод, хитоб ба ӯ гуфт:

— Аз ин чӯб чӣ хотирае дар ёд дорӣ? (Оё медонӣ, бо чунин чӯбе дар айёми кӯдакии ман, бо ман чӣ мекардӣ?).

Дар ҳамон дам муаллим даст дар остини худ кард ва он меваи беҳро берун овард ва ба Амир Наср нишон дод ва гуфт:

— Умри подшоҳ мустадом бод! Ин меваи ба ин латифӣ ва шодобӣ аз он чӯб ба даст омадааст. (Яъне бар асари чӯбу тарбияти муаллим, шахсе ба монанди шумо, фарде барҷаста ба вуҷуд омадааст).

Амир Наср аз ин посухи ҷолиб бисёр масруру шодмон шуд, муаллимро дар оғӯши муҳаббати худ гирифт, ҷоизаи бузурге ба ӯ дод ва барои ӯ ҳуқуқи моҳиёна таъйин кард, ба тавре ки зиндагии муаллим то охири умр дар хушӣ ва шодобӣ гузашт».

Имрӯз муаллим бо маоши ночизе дар зинаҳои гуногуни таълим дарс медиҳад, ба қавле мисли шамъ месӯзаду машъали илмро дар ҷомеа меафрӯзад. Вале ба ҷои раҳмат таънаю маломат ва писханд мешунавад: “Заб кореро интихоб кардааст, муаллим!”. Ҳол он ки, ҳанӯз дар замони худ Лутсий Аней Сенека, донишманди Рими қадим, файласуф ва олими машҳур гуфта буд: «Ҳар шахсеро, ки худоён хоҳанд баргузида ва ҷойгузини худ дар замин интихоб кунанд, касби муаллимиро барояш эҳдо мекунанд». Шояд хонанда ба ин сухани Сенека қонеъ нагардад ва гӯяд, ки моро ба ким-кадом римӣ чӣ кор, чун мо мусалмонему китоби муқаддасе бо номи Қуръон дорем? Воқеан, дар баъзе оятҳои мубораки Қуръони карим низ бобати мақому манзалати омӯзгор зикр шудааст, ки далолате ба бузургии мартабаи ӯ дар назди Худованд аст: «Мо илмро дар шаклҳо ва қолабҳои гуногун дар замин паҳн намудем, то ба ақл дарёбеду бар он амал намоед». Ҷойи дигаре дар тафсири ояҳои қуръонӣ тасҳеҳ ё иловае омада: «Ва дар роҳи фатҳи улум устодон бар бандагони Ҳақ ёрӣ хоҳанд расонд». Ҳамчунин, барҷастатарин паём аз сӯйи парвардигор ба мо омада, ки чунин аст: «Беҳтарини шумо онест, ки меомӯзад ва меомӯзонад».

Дар ислом ҳатто ба забон гирифтани номи муаллим ҷоиз нест ва барои ҳар фарди мусалмон фарз аст, ки устодашро ё «устод» гӯяд ё «муаллим».

Фикр мекунам, барои ҳар хонандаи закӣ ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеа, чӣ аз назари дин ва чӣ замон муайян шуд. Хуб, акнун меоем сари мақсад, ки чаро бояд тоҷи қаҳрамонӣ бар сари муаллим гузошта шавад?

Имрӯзҳо се давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ «Наҳангҳои Осиёгӣ» меноманд: Куриё, Ҷопон ва Сингапур. Чаро? Чун ин се давлат аз пешрафтатарин мамолики Осиё маҳсуб меёбанд. Ҷопон бо техникаи маишияш дар ҷаҳон (на дар як минтақаи Осиё!) дар ҷойи якум аст. Куриё бо тибаш пас аз Олмон дар ҷойи дуюм ва аз ҷиҳати ҷарроҳии пластикӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Сингапур низ бо тараққиёти хеш дар соҳаи илм мавқеи назаррасеро доро буда, чун намоёнтарин кишвари содиротии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Замоне дар нишасти матбуотие як рӯзноманигори амрикоӣ аз депутати Ҷопон пурсида буд:

— Сабаби аз як кишвари ақибмонда ба як кишвари пешрафтаи дунё табдил ёфтани Ҷопон дар чист?

— Дар манзалати муаллим! Мо ба муаллим маоши депутат ва ҷойгоҳи прокурорро додаем. Ҳар куҷо, ки муаллим аст, он ҷо эҳтиром аст, файзу баракат аст, одоб аст.

Воқеан, мавриди зикр аст, ки ҷопониҳо муаллимро «Сэнсэй» мегӯянд, ки дар тарҷума бо забони мо «насли аввал» ё худ «одами пеш аз ҳама таваллудшуда» мебошад, ба ибораи дигар, «аз табори бузургзодаҳо». Он чӣ ки он вакил гуфт, воқеан ҳам дар Ҷопон роиҷ аст ва ҳатто болотар аз гуфтаҳои он вакил. Як дӯстам, ки солиёни зиёде ба Ҷопон, ба хотири тиҷорат, равуо дорад, гуфт: «Барои ҳар савдогар ифтихори бузург аст, агар омӯзгор, ҳатто омӯзгори оддие аз мағозааш чизе харад».

Дар Куриё бошад, душвортарин имтиҳон — ин имтиҳони дохилшавӣ ба  донишкадаву донишгоҳҳои педагогист ва муаллим шудан ифтихори басо бузург на танҳо барои худи донишҷӯ, балки барои кулли авлоди ӯст.

Ва ахиран Сингапур. Дар Сингапур аз толибилм, дар ҳолати буридани сухани муаллим ва ё гӯш надодан ба ӯ, ҷарима меситонанд ва ҳолатҳое ҳаст, ки ӯ ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад.

Аммо, бадбахтона, эҳсос мешавад, ки барои насли имрӯзи мо муаллим шудан ё муаллим будан гӯё ҷойи ифтихор нест. Ва бадбахтии дигари мо ин аст, ки аксари омӯзгорони макотиби миёнаи моро занҳо ташкил медиҳанд, чун кам нафарон аз ҷинси мард хоҳиши омӯзгор шуданро доранд. Сабаб дар чист: набудани маоши баланд ё коста шудани манзалати омӯзгор дар ҷомеа? Фикр мекунам, ҳар ду.

Имрӯз (маҳз имрӯз ва маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои душвор барои ҷомеаи ҷаҳон) вақти он расидааст, ки мисли Ҷопону Куриё ва Сингапур ақаллан эҳтироми муаллимро баланд бардорем. Танҳо ба он хотир, ки маҳз бо сабаби «шамъ» гардидану машъали илмро дар дили табибон — қаҳрамонони имрӯз афрӯхтани эшон. Маҳз ба хотири он ки шогирдони ана ҳамон муаллимоне, ки шабу рӯз азоб кашида, эшонро илм омӯхтанду имрӯз он шогирдон ҷони миллатро аз марг раҳонида истодаанд. Маҳз ба хотири он ки имрӯз бо шарофати илми додаи муаллим табиб дорухат менависаду ба ҷисми бемор дору мегузаронад. Ва билохира, маҳз ба хотири номи бузургаш, вақти он расидааст, ки тоҷи қаҳрамони замонро бар сари муаллим гузорем.

Зиҳӣ, муаллим ва омӯзгоре, ки худ сӯхтиву машъали илм афрӯхтӣ!

Фарангиси ФАРМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here