Монолог

Ҳаштуми март ҳам омада истодааст ва ин омадан ба мардҳо ишораи «фикри тӯҳфаҳоро кунед»-ро мекунад. Яке ба модар, дигаре ба ҳамсар, саввумӣ ба ҳамкор, чаҳорумӣ ба дилдода ва панҷумиву шашумӣ ба ҳамкурсу ҳамсинфашон мувофиқи табъу завқ ё шароит тӯҳфа мекунанд.
Ҷаноби Тоҳирӣ, бахшиш барои пургӯӣ, меоям сари мақсад. Ростӣ, туро намедонам, аммо ман, ки психолог ҳастам ба ҳама муштариёнам пеш аз ҳама очаҳояшонро «модарҷон»- гуфтанро талқин мекунам, вале мутаассифона, дар умрам худам як маротиба ҳам очаамро «модарҷон»-гуфта садо накардаам.
Бовар кун, ман бисёр кӯшиш мекунам, вале ҳатто модар гуфта наметавонам ва илтимос ту сабабашро напурс, зеро худам ҳам намедонам.
Ҷаноби Тоҳирӣ, синну соли модари ман аз 80 гузаштаасту худам наздики 60 ҳастам. Дар ҳамин қадар сол шояд 50 зодрӯзи очаам сипарӣ шуда бошад ва онҳоро ман дар хотир дошта бошам, вале мане, ки ҳамсояи писари амаки ҷияни холаи додараруси устои мошини рафиқамро ҳам дар рӯзи зодрӯзаш табрик мекунам, боре ҳам “оча, зодрӯзатон муборак” нагуфтаам. Боз мегӯям, на бо телефон ва на рӯ ба рӯ. Чӣ кор кунам, ман ҳамин гунаам.
Дар ин баробар ба ҳар нафаре, ки аз пешам мебарояд мисли носеҳони бузург онҳоро ба ҳурмату эҳтироми модар ва меҳрубонӣ нисбати волидон роҳнамоӣ мекунам, вале ту, ки дӯсти аз ҳама наздики ман ҳастӣ боре меҳрубонӣ кардани маро ба модар дидаӣ? Албатта, намебинӣ, зеро ин корро ман накардаам.
Ҷаноби Тоҳирӣ, Худо аз таърифу тавсифи худ нигоҳ дорад, аммо бояд ба ту бигӯям, ки ман баробари баромадан аз дилхоҳ хона дар пешам ҳар попушеро бинам рост момонам, то соҳибаш дар пӯшидани он заҳмат накашад, вале дар ин умри тӯлонии худ боре ҳам попушҳои очаамро дуруст накардаам ва ин дар ҳолест ки садҳо маротиба пешу пас аз ҳамдигар аз хона баромадаем. Ту маро сарзаниш накун, ман худам ҳам намедонам барои чӣ қудрати анҷом додани ин корро надорам. Ба ту рӯйи рост мегӯям, ки ин корро карда наметавон.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дирӯз ба мо аз роҳбарият супориш шуд, ки ба ифтихори ҳаштуми март бо наворбардор ба кӯчаҳои пойтахт бароем ва аз роҳгузарон хоҳиш кунем, ки дар назди камера ба модарҳояшон занг бизананду ҷумлаи «Модарҷон, ман Шуморо дӯст медорам»-ро ба онҳо бигӯянд. Вале ман розӣ нашудам, зеро худамро лаҳзае дар ҷойи роҳгузарон тасаввур кардам. Бовар кун, тарсидам, арақ кардам, худамро бад ҳис кардам, суп-сурх шудам… Ҳоло ба хотир меорам, ки ман дар умрам ба модарам нигариста ё ҳатто тавассути телефон ҷумлаи «Модарҷон, ман Шуморо дӯст медорам»-ро нагуфтаам. Бадбахтона, очаи дар ғами писар пиршуда, боре ҳам аз фарзандаш ин ҷумларо нашуданидааст. Ва илтимос аз ту барои ин гуноҳам маро сарзаниш накун. Ман бисёр мехоҳам ин ҷумларо ҳар соат бигӯям, вале наметавонам.
Ҷаноби Тоҳирӣ, моҳи дуюми имсол 120 моҳ мешавад, ки ман аз очаам ҷудо зиндагӣ мекунам. Шукр мо ҳар рӯз тариқи телефон сӯҳбат мекунем ва ҳар рӯз модарам дар аввалу охири сӯҳбаташ нахуст мепурсад, ки кай хабаргирӣ меравам ва пасон аз ёд, сахт ёд карданашон ёдовар мешаванд. Аммо ту, бале, ту, дӯсти наздики ман, бовар мекунӣ, ки ман то ҳол ягон маротиба на бо телефон ва на рӯ ба рӯ нагуфтаам, ки ёдатон кардам. Албатта, ёд мекунам, вале гуфта наметавонам. Хоҳиши зиёд, сарзанишам накун.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дар интиҳо ба ту гуфтаниям, ки ҳафтаи гузашта як гурӯҳ дӯстони ҷавонам аз ҳаштуми март ёдовар шуданд ва ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки дар бораи модаронашон 10 калимагӣ нависанд. Ман ҳам баробари аз пеши эшон дур шудан дар «заметка»-и телефонам 10 калима навиштам. Ҳафт калимаи аввал шинохти ман дар бораи модарам ва се калимаи баъдӣ узри бадтар аз гуноҳ:
Гиря, ғам, дард, чашминтизор, кулча, танҳоӣ, ҷудоӣ… Оча, маро бубахш.

Сино ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here