Оҳ аз касе шунида мешавад, ки қиммати неъмати дар ихтиёр доштаашро надонистааст.

Моҳи май фардову пасфардо бо мосту халос. Май баъди рафтани худ моҳи мубораки Рамазонро ҳам мебарад. Дар тақвими мелодӣ моҳи июн пайдо мешавад. Июн меояд. Рамазон меравад. Ид мешавад. Рӯзадорону рӯзахӯрон дигар дар дилхоҳ вақт қаҳва менӯшанд. Пас ҳоло месазад аз рӯзҳои гузаронидаамон дар ин моҳи муборак чизе бигӯем ва оҳи “сабук”-и нафаронеро, ки рӯшоду пинҳонӣ ба ҷуз аз субҳу шом боз нисфирӯзӣ ҳам даҳонашонро меҷунбониданд, ёд кунем.

Як нафаре ҳамту нахост, ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро дорад. Ӯ ҳоло аз рафтани ин моҳ, аз маҳрум шуданаш аз подоши беадад, аз бенасиб монданаш аз раҳмати беҳад, аз… оҳи “сабук”-е кашида, саволи “Чаро ман ҳам рӯза надоштам”-ро пайи дар пай ба худ медиҳад. Вале ҷавобе намешунавад.

Як нафар ҳанӯз дар тақвим ҳукмрон будани моҳи апрел ба шиносу ношинос эълон дошта буд, ки “меъдаи ман бемор аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд рӯза дорам”. Пинҳонию рӯшод саҳархӯраки аҳли оиларо назора мекард. Медид, ки падараш бо ду ангушти дасташ бисёр зебо ва бо лаззат гирдачаи дар ширчой резакардаашро бо садои ба ширчойхӯрон маъмулу шинос мехӯрад. Медид, ки модараш бо як усули наву тоза аз пиёлааш чойи тароватдори хушбӯйро менӯшад. Медид, ки бародараш бо хоҳараш пас аз хӯрдани хӯроки якум аз болои мизи хӯрокхӯрӣ ду дона тухм гирифта, бо ҳам тухмҷанг мекунанд ва бо тартиби муайян тухмҳоро шикаста, ба волидонашон медиҳанд. Медид, ки аҳлу байташ чи тавр хуб ва сарфакорона рӯзҳои ин моҳи шарифро сипарӣ мекунанд. Медид, ки бегоҳ ҳар кадоме аз аъзои оила бо селофани пур вориди хона шуда, барои ифтор ба ошхона рафта, аз модар хоҳиши пухтани фалону фалон хӯроку хӯришро мекарданд. Медид, ки падару бародараш таҳорати нав гирифта, ба масҷид барои адои намози хуфтану таровеҳ мерафтанду модару хоҳараш дар хона ба ибодат машғул мешуданд. Медид, ки… ва ин ҳамаро ӯ дида, оҳ мекашид. Оҳи “сабук”, оҳи “бедард”, оҳи “шодӣ”, оҳи “хурсандӣ”.

Як нафар бо худ маслиҳат кард, ки “ман имсол рӯза дошта наметавонам”. Маслиҳати мазкур хулосааш шуд ва ин хулосаи қатъияш сабаби кашидани оҳ ё оҳҳои имрӯзааш шуданд.

Як нафар пинҳонӣ-пинҳонӣ рӯзаашро мехӯрд. Бисёр кӯшиш мекард, ки дигарон аз 24 соат иҷозати хӯрдану ошимидан ба худ доданашро нафаҳманд, лекин бар ивази носӣ будану асабӣ нашуданаш баҳонаи хуби ошкор шуданаш гардид. Дар охир вай ҳам оҳ кашид.

Як нафар қасдан аз доштани рӯзаи моҳи шариф худдорӣ кард. Аммо бо гузаштан аз назди масҷид, ки марде ҳамаро ба нӯшидани чалови хунуки хайрия даъват мекард, оҳ кашид, ки чаро ин даъват ба ман ҳам дахл надорад? Аммо бо дидани косаҳои чаловро бо шурӯ ҳаяҷон нӯшидани намозгузорон дар назди масҷид оҳ кашид, ки чаро ман ҳам нӯшида наметавонам? Аммо бо дидани бисёр зебо ва форам тақсим кардани хурмоҳо аз ҷониби хурдсолон ба ҳар роҳгузару намозгузор оҳ кашид, ки чаро он кӯдакон ба ман хурмо намедиҳанд? Аммо бо дидани ба рӯйи якдигар табассумро арзонӣ доштани рӯзадорон ва шунидани сухани “ош шавад” оҳ кашид, ки чаро ба рӯйи вай касе табассум намекунад ва “ош шавад”-аш намегӯяд? Аммо ӯро қасди кардааш, ки оқибат пушаймон кард, ба оҳгӯиву оҳкашӣ оварда расонд.

Худо кунад, ки ҳеҷ кадоме аз шумо дар ҷойи яке аз инҳо набошед ва ҳеҷ гоҳ “мушти пас аз ҷанг”-ро ба сари худ назанед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here