“Нуқта як изи пашша аст, вале як оламро хотимаву олами дигареро оғоз мебахшад”.

“Роҳ ба сӯи эҷод”

Имрӯз 359-ум рӯзи соли 2019 аст. 358 рӯзи сол сипарӣ гардид ва 6 рӯзи дигар дар ихтиёр дорем. Шумо чӣ тавр гузаронидани 358 шабонарӯзатонро метавонед бигӯед? Ё гуфта метавонед, ки гузаштани ин қисмати умр бароятон хотирмон ва фоидаовар буд? Ва ё ҳадди ақал метавонед бигӯед, ки дар ин миқдор шабонарӯз ба фалон хоста ё хостаҳоятон расидед? Боварӣ дорам, ки аз се саволи боло шояд шумо ками андар кам ба яктояш ҷавоб гуфта метавонед. Масалан, ман ба саволи дуввум ҷавоб гуфта метавонам ва бароям ҷавобатон мусбат бошад, басанда аст.

Тавре огаҳӣ доред, мо як соли расо, бе танаффус дар ҳамин гӯша дар бораи мақсад гузоштан, нақша доштану онро ҳамчун помонак барои расидан ба асли зиндагӣ истифода кардан, миёни тақдир ва интихоб фарқ гузоштан, иродаро мустаҳкам кардан, забонҳои муҳаббати модар, ҳамсар ва кӯдаконро донистан, роҳҳои ноҳамвори зиндагиро тай намудан, ба таътили идеалӣ баромадан, аз тамбалӣ ҳазар кардан, аз ғамҳо шикоят накардан, дур шудан аз бадгумонию қасдгирӣ, идеали дуруст интихоб кардан, бисёр ҳарф назадан, роҳкушоӣ намудан, имрӯзро истифода карда тавонистан ва ҳама рӯз аз саҳифаи тоза оғоз кардани умр ва боз даҳҳо мавзуҳои дигар гуфтем. Шуморо намедонам, вале бояд иқрор шавам, ки аз ин гӯша шахсан худи ман дар вақти таҳияи матолиб хеле чиз омӯхтам.

Дуруст аст, ки навиштаҳои мо аз оҳанги маслиҳатӣ дида, бештар оҳанги насиҳатӣ доштанд. Ба ин мазмун ҳанӯз дар шарҳи матлаби аввал, ки “Маслиҳат” ном дошт, дар шабакаи “Фейсбук” устод Қироншоҳ Шарифзода навишта буд: “Боз насиҳат-ку”. Аммо, бовар кунед, мақсад насиҳат кардани касе набуду нест, зеро мо ба ҳеҷ ваҷҳ вазифаи воизони муҳтарамро гирифтанӣ набудему нестем, ин як. Дуввум, миллати мо ҳазорсолаҳост, ки насиҳат мешунавад ва ба назар менамояд, ки аз насиҳатшунавҳо дида, насиҳаткунандагон зиёд шудаанд. Бояд бигӯем, ки мо хостем ҳама он дидаву шунидаҳоямонро дар шакли чопӣ, ба таври муъҷаз, бо мисолҳои равшану сода, дар ҷойи чашмрас (саҳифаи “Фараж”) ба шумо расонем. Ва шукр, ки расонидем.

Кадоме аз он матолибро хондану нахондан, чизе гирифтану нагирифтан, писанд омадану наомадан, қабул кардану накардан, хандидану гиристанатон ба мо маълум нест. Вале бо дидани ҳар шумораи “Фараж”, ки матлабҳои гӯшаи мазкур бе танаффус нашр мешуданд, ба дил шодмонӣ ва сурур меомад.

Дар давом чӣ ҳам гуфта метавонем? Соли 2019 гузашт. Ва ин маъноеро надорад, ки мо ҳам аз ҳама хостаҳо ва мақсадҳову нақшаҳое, ки дар соли 2019доштему ба онҳо расида натавонистем, даст кашем. Зеро бовар дорем, ки дар соли оянда боз Офаридгор лутф карда, ба мо варақи наверо ҳадя мекунед, то бо гуноҳу савобамон “сиёҳ”-у “сафед”-аш созем.

Ва дар охир сархатеро, ки ҳанӯз дар матлаби аввали ин гӯша навишта будем, меорем: “Ҳеҷ гоҳ барои аз варақи сафед оғоз кардани зиндагӣ ва умре, ки дар пеш доред, дер намешавад. Танҳо ғурурро, ки аввалин ва манфуртарин душмани мост, як сӯ гузошта, варақи нав гирифта, аз соли нав кору пайкори навро оғоз кардан лозим меояд. Ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар лаҷоми нафс ва ирода дар дастамон бошад. Ҳеҷ гоҳ дер нашудааст, агар ки ҳоло синну соли шумо ба 20, 30, 40 ё 50 ҳам расида бошад. Ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар дар қалб шуълаяке барои фардои беҳтар дошта бошем. Ҳеҷ гоҳ дер шуданаш мумкин нест, агар худро махлуқи Худо мешуморем…”.

Нуқта.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here