Ба Хуршеди гиромӣ!

Номаатон навакак дастрас шуд. Ду маротиба хондам. Хондаму бори дигар мутмаин шудам, ки навиштани нома ба ҳамдигар як воситаи хуби дилхоликунии ману Шумост. Шумо то ҳозир, дар номаҳои пешинаатон, фақат дарди ҷомеаро мегуфтед. Аммо ман дарди дили худамро авлавият медодаму дар партави он ба дардҳои ҷомеа ҳам андеша мекардам. Инак, ин нома ҳар чизе, ки ман мехостам бубинам, рӯшод кард.

Бародарҷон! Ҳолати руҳии Шумо ҳамин ҳолати имрӯзаи ҷамъият аст. Ҳамин нобаробарии ҷамъиятӣ аст, ки ба ҳолати руҳии Шумо таъсир дошт ва дорад. Фақат Шумо то ҳол ҳолати ҷамъиятро дар худ эҳсос намекардед, вассалом!

Акнун, ки ин ҳолат ба ҷисму ҷонатон таъсири амиқтар гузошт, бешак онро ҷойи аввал гузоштед. Медонам, ки Шумо бо ҳама хандаҳои осмонкафатон (вақтҳои ахир ҳамон ҳам хеле кам ба гӯш мерасад) як нафари ҳассос ҳастед ва ин ҳама тарси ноаёну дилбезорию орамидану дигар барнахостан дар як кунҷи дилатон вуҷуд дошт. Чун Шумо ноомади кори як кормандатонро, шикасти як ҷавонмарди ҳақиқиро, фавти як ҷавонро, нодории як эҷодкорро, чоплусии як чоплусро дида худатонро мехуред. Кош зода намешудам!- гуфтанатонро мефаҳмам.

Даврони Шӯравию гирифтани диплому баъд аз донишгоҳ ба кор таъмин кардану маоши хуб доштани донишманд, акнун ҳамон афсонаҳои даврони кӯдакиро ба ёд меорад. Акнун давр даври ҳез аст! Акнун бояд тоҷир бошӣ, акнун бояд аробакаширо ёд бигирӣ, акнун бояд корчаллон бошӣ! Ҳамин вожаи корчалон пеш ба маънои манфӣ истифода мешуду акнун ба маънои ифтихорию мусбат. Э, аз одамот гардам Худое!

Фикр мекунам, агар ману Шумо чӯпон ҳам мешудем, молимардумхӯр намешудему боз ҳам дар ғаму андуҳи ҳамин миллат мезистем!

Дӯстам, агар Шумо як асари Айтматовро бо номи “Доғи касандра” хонед ба саволи “чаро Худованд ҳини таваллуд аз кӯдак намепурсад, ки ин дунё чунин асту чунон аст, мехоҳӣ дар муҳити ҳамин мардум зиндагӣ кунӣ ё не?” ҷавоб мегиред. Унҷа дар пешонии ҳар тифле, ки намехоҳад ба дунё биёяд як доғ вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам, ки дар замони мо дар пешонии ҳамаамон як доғ вуҷуд дорад. Ин доғ истеъдод аст!

Ин дафъа ман бо Шумо ҳамфикрам: Мо бояд ба дунё намеомадем!

Абдувоҳиди ЗЕВАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here