Шикоят аз болои ҳукму ҳалномаҳои судяҳо кам нест. Онҳо бошанд, чунин вонамуд мекунанд, ки ҳеҷ гап нест.

Сокини шаҳри Бохтар Хуршед Шоимов бо ҳамроҳии ҳамсараш Раънохон Қурбоналиева аз соли 2017 инҷониб аз додгоҳ адолат мехоҳанд. Онҳо мегӯянд, ки гарчанде ноадолатиҳоро зиёд дар мурофиаҳои додгоҳӣ мушоҳида кардаву хаста шудаанд, вале аз мубориза даст кашиданӣ нестанд. Гап сари чӣ меравад?

Моҳи январи соли 2014 шавҳари Раънохон Қурбоналиева — Хуршед Шоимов аз маҳаллаи “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар аз Суҳроб Шарипов ном шаҳрванд ҳавлӣ харидорӣ мекунад, ки муодили 35 ҳазор доллари амирикоӣ арзиш доштааст. Ҳангоми хариду фурӯш онҳо фақат муодили 25 ҳазор доллар бо сомонӣ ба дасти Суҳроб Шарипов додаанд, чун ҳуҷҷатҳои хона дар яке аз бонкҳо ба гарав гузошта шуда будааст. Пас аз маслиҳат ҷонибҳо ба чунин қарор омадаанд, ки бақияи пул, яъне  муодили 10 ҳазор долларро ҳар моҳ месупоранд. Як сол маблағро супорида ва баъд фаҳмидаанд, ки ҳуҷҷатҳои хона ба номи Сайфуллозода Салоҳиддин ном як ҷавон аст, ки дар бонк кор мекунад ва ҳамзамон додарарӯси Суҳроб Шарипов будааст. Новобаста аз ин, Хуршед бо азобу меҳнати шабонарӯзӣ қарзро дар бонк дар муддати 1,5 сол пурра пардохт намудааст. Зеро мехостанд ҳарчи зудтар хонаро бо тамоми асноди лозима ба номи худ гузаронанд.

— Вале мо бехабар аз он, ки корманди бонк Сайфуллозода Салоҳиддин пинҳонӣ аз язнааш хонаро ба Баҳодур Нурматов фурӯхта будааст. Яъне як хонаро ба 2 кас фурӯхтаанд. Мо маҷбур шудем онҳоро ба суд диҳем. Суди якумро Абдураҳмон Ёқубзода баррасӣ намуд ва Суҳроб — соҳиби аслии хонаро ҷазо доданд. Албатта, барои мо аз ҷазо додани ӯ ягон манфиат нест. Барои ҳамин шавҳарам барои бекор кардани ҳалномаи суд талош намуд. Суди марҳалаи дуввумро Рустам Назарзода баррасӣ намуда, Салоҳиддинро (корманди бонк), ки ба Суҳроб 58 000-ро баргардонид, озод кард. Суди марҳалаи 3-юмро Дурандеш Иброҳимов дида баромаданд, ки ба муҳлати ҳабси Суҳроб ду соли дигар зам намуд. Суди марҳалаи 4-умро Сироҷ Саидализода — раиси Суди шаҳри Бохтар пеш мебурд ва ҳал кард: “Шумо бояд хонаро холӣ кунед!”. Чунин ҳалнома моро 4 соли дигар сарсону саргардон кард. Чунки на пуламонро баргардонданд, на хонаро ба мо доданд. Аз ҳукми Сироҷ Саидализода дар додгоҳ хулосаи мо ин шуд, ки ноадолатӣ кардааст ва шояд барои ин ошноии онҳо мусоидат намудааст. Чун ӯ бо падари Салоҳиддин ҳамсоя буданду эҳтимол дар ин замина баҳсро ба манфиати онҳо ҳал кард. Мо ба Суди Олӣ муроҷиат кардем. Пас аз кашолкориҳо парванда зиёда аз як сол баррасӣ нашуда, ҳоло бошад, бе иштироки мо онро муҳокима кардаанд. Дар мурофиаи 14-уми декабри соли 2020 қарор бетағйир мондааст, яъне мо дар кӯча мондем, гунаҳкорон бошанд, беҷазову дар озодӣ. Қонуни авф онҳоро аз ҷазо ҳимоя карду моро бо 4 фарзандам дар кӯча партофт,- мегӯяд Раънохон.

Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди мушкилот ҳар боре ба пойтахт меомад, мехост бо раиси Суди Олӣ, ҷаноби Шоҳиён суҳбат кунад, вале ин имкон барояш пайдо намешавад. Шоҳиён ҳамеша «бо супориш рафтааст» барои мардум тамоман дастнорас аст. Муовини раиси Суди Олӣ бошад, бо ӯ бисёр дағал муносибат мекардааст.

Бояд гуфт, ки баҳси мазкур ягона нест. Мардуми зиёде дар натиҷаи чунин баҳсу ҳолатҳо ба хулосае омадаанд, ки адолати судӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад. Дар ин гуна ҳолатҳо мардум аз ришвахории бархе судяҳо ҳам мегӯянд. Воқеан, чандин судяҳо буданд, ки бо фармони Пешвои миллат “барои рафтори бо кирдорҳои судя номувофиқ” аз кор озод шуданд. “Ҳамдилӣ”-и судяҳо ва ҳамдигарро “малол” накардани онҳо низ дар гуфтаҳои мардум зиёд иттифоқ меояд. Овозаи ин гуна баҳсҳо ба сатҳи баланд ҳам мерасад. Дар натиҷа Президентамон боре супориши қатъӣ ҳам дода буданд ба Прокуратураи генералӣ, ки судяҳое, ки ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ даст мезананду барои пулкоркунӣ ба додгоҳҳо меоянд, аз санҷишҳои тахассусӣ гузаронида шаванд. Вале бо гузашти 1 сол то ҳол аз иҷрои супориши Президент дар расонаҳо чизе намехонем, ки кадом судяҳо барканор шуданду чанд кас аз санҷишҳо гузаштаанд?

Албатта, ислоҳоти судӣ кори якрӯза нест, вале вақте чунин ноадолатиҳо зиёд пеш меоянд, эътимоди мардум ба суду судяҳо коста мегардад. Дар ин ҳолат ягона илоҷи мардум ба навиштани мактуби кушод ба Пешвои миллат мемонад, ки адолати судиро таъмин намояд ва судяҳоро ба иҷрои талаботи қонун водор созад. Дар ҳақиқат мо мактубҳои зиёдеро дар нашрияву расонаҳо мехонем, ки ба Президент навиштаву мегӯянд: “Умеди ягонаамон ба Шумост, Ҷаноби Олӣ”. Аммо маълум аст, ки на ҳама номаҳо ба Президент мерасанд.

Пас, мардум чӣ кор кунанд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here