Кӣ шасти журналистонро ин навбат шикаст?

Нишастҳои матбуотӣ ба анҷом расиданд. Вале дар муқоиса бо нишастҳои қаблӣ, шасти журналистонро каме шикастанд. Норозигии ҳар ду ҷониб мисли пеш боқӣ монд. Ин ҳафта на мо аз баргузории нишастҳо розӣ будем ва на онҳо аз суолҳои матраҳкардаи мо.

Сулаймон Султонзода — директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз содир шудани 107 ҷинояте, ки бевосита ба гирифтану додани пора ва бо роҳи тамаъҷӯӣ соҳиб шудан ба мукофотҳои гуногунро дар бар мегиранд, ба журналистон хабар дод. Вале директори Агентӣ ба таври ошкоро аз онҳо ном набурд, ки киҳо барои гирифтани мукофот, ифтихорнома ва рутба ба кӣ чӣ қадар маблағ пешниҳод кардаанд ё мукофотдиҳанда, яъне мансабдор аз онҳо чӣ қадар маблағ хостааст. Ҳатто номи ниҳод зикр нагардид, ки барои баъзе аз ҳамкасбон каме шубҳаовар ба назар мерасид.

Журналистон ҳамчунин суол мегузоранд, ки чаро парвандаи Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки ба нақзи қонуни танзим муттаҳам мешуд, тариқи Телевизиони Тоҷикистон такрор ба такрор намоиш доданду вокунишҳои фаврӣ мекарданд, дар суҳбат бо хабарнигорон моҳияти дастгир шуданро хеле хуб ва бо далелҳои шайъӣ шарҳ медоданд, вале аз ифшои ошкорои номи 10 нафар мансабдоре, ки маҳз ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд, кормандони зидди фасод ҳатто дурӣ меҷустанд?

Ба нишасти Агентӣ бо 3 суол рафтем ва бо 100 савол ва гусели гарму табассуми хоси кормандон он ҷоро тарк кардем.

Дар нишасти Вазорати корҳои дохилӣ мисли доимӣ толор аз рӯзноманигорон пур буд. Худо кунад, ки ҳамеша чунин бошад. Вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода 8 сол аст, ки бо як масъулияти хеле бузург онро мегузаронад ва вазир мисли баъзе роҳбарон нест, ки вазифаи ҷониашонро бори муовинон мекунанду мегурезанд. Сабабаш ҳам аллакай маълум: баргузории нишасти матбуотиро вазир ба касе бовар намекунад. Ва хуб ҳам мекунад.

Варзоб яке аз мавзеҳои хеле диданиву сайёҳии кишварамон ба ҳисоб меравад. Вале сарфи назар аз ҳавои фораму истироҳати хуб, мутаассифона, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар соле ба фурӯхтани замин муттаҳам шудаву пушти панҷара мерафтанд. Аммо бори аввал аст, ки дар соли 2019 кормандони он аз фурӯхтани замин пешгирӣ кардаанд, ки аслан бовари кас намеояд. Вале раиси ноҳия Маҳмадулло Шерализода гуфт: «Ҳамаи мушкил ҳалли худро пайдо мекунад, фақат кор кардан, ба қонун итоат кардан лозиму аз ҷиноят содир кардан бояд тарсид. Бузургтарин дастоварди мо дар соли 2019 ҳамин буд. Чунин фактҳо дигар дар рӯйи варақи мо нест». Мо ҳам умед дорем!

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ки аслан хеле дипломати барҷаставу доно аст, ин дафъа ӯ низ гиламандии худро ошкор кард: «Баъзе журналистон аз мушкилоти мавҷудаи Ботканду Исфара бе факту далел Интернетро пур мекунанд. Масалан мо ҳоло ба музокирот ворид нашудаем, мебинем журналистон аллакай пеш аз мо ба минтақаи марзӣ омадаанд, суҳбати мо анҷом нашудаасту вале онҳо тамоми расонаҳои хабариро пур кардаанд, ки ҷониби Қирғизистон чунин гуфту Тоҷикистон чунон. Камтар тоқат бояд кунем ва кӯшиш намоем, ки муносибатҳоро ба ҷойи гарм кардан сард нагардонем».

Дар нишастҳои оянда, ки баъди 6 моҳ баргузор мегарданд, эҳтимол ҳам камбудиҳои ба самъи мо расидаро ислоҳ мекунем ва ҳам мансабдорон камбудиҳояшонро ислоҳ мекунанд.

 Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here