Монолог
Вақте ки мо хушбахтем, ҳамеша хубем, вале вақте хубем, на ҳамеша хушбахтем.
Оскар Уайлд
Ин гуфтаи шоир ва нависандаи англис ба хотири ман намунаҳои накӯхоҳии ағлаби мардуми тоҷикро меорад, рафиқ Хоҷаев. Хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не. Чун миёни мардуми оддӣ зиёд мегаштам ва ҳоло низ гоҳ — гоҳе хумораш гиребонгир гаштаву чарх мезанам, зиёд дар ин боб гуфтаҳоро шунида ва шунидаҳоро таҳлилу тавзеҳ кардааму мекунам. Воқеан, ба нуқтаи назари ҷаноби Уайлд метавон то андозае мувофиқ буд. Зеро, бебасар нестем, ҳама биноем, ақлу ҳуш дорем, гарчанде баъзе худро дар моварои манфиату ҳадафҳои худ гунгу кару кӯр вонамуд мекунем, аммо сидқан, дар қалб орзуи расидан ба некӣ ва мушарраф гаштан ба унвони «накӯкор»-ро дорем. Пас, барои накӯкор будан чӣ кор бояд кард? Некӣ!
Аммо, дӯстам Хоҷаев, фарз кардем ту некӣ мекунӣ… Дар подош чӣ мехоҳӣ? Магар некии ту ба хотири манфиат, лоақал баҳри таърифу тавсифи осмонбӯсу заминхарош шунидан нест? Нашавад, ки мисли қаҳрамони “Лаҳзаҳои гуворо” Насриддин Нуриддинов” накӯӣ куну ба дарё андоз” гуфта, касеро аз ғарқшавӣ наҷот диҳӣ ва вопас ӯро миёни дарё афканӣ? Агар чунин аст, яъне, ҷавҳари накӯии ту ба расани ғоздору заҳролуди манфиатҳоят баста шуда бошад, пас беҳтараш аз баҳри накӯхоҳӣ гузар! Шарҳ медиҳам: Касе, ки накӯӣ мекунад ва бо гузашти айём аз он ёдовар мешаваду миннатгузор, лиҳозо накӯӣ накардааст. Тавре бош, тавре амал намо, тавре накӯӣ нишон деҳ, ки мухотабон аз рафторат миннатдор бошанд, на худат! Ҳатто ин гуфтаро метавонӣ ба суроғаи худат таҳдиду иҳонат шуморӣ. Ихтиёрат. Агар беҳушӣ, рӯзе ба ҳуш хоҳӣ омад, агар мастӣ, ҳушёр хоҳӣ шуд.
“Барои якрӯза зиёфат чил рӯз ташаккур бояд гуфт”. Ин сухани ман нест, ҷаноби Хоҷаев. Ин дурри суфта аз ганҷинаи пандҳои беҳамтои мардуми тоҷик аст. Аз ин нуқтаи назар, ман ҳам ба он ҳуқуқи моликӣ дорам, чун як тоҷик. Шояд даҳон то баногӯш во карда ва бо истеҳзо гӯӣ: “Воҳ, дигар кор надорам, ки чил рӯз дар фикри як чиз худамро сарборӣ диҳам?!”. Маҷбурӣ, масъулӣ, уҳдадорӣ, ки некии мардумро фаромӯш накунӣ, дӯстам. Ана ҳамин хел. Инҷо ягон ҷузъи номафҳум, ҳеҷ сухану имлову иншои мураккаб дар миён нест. Ту, як нафар инсон, бояд ҳатман ба қадри некии дигарон бирасӣ, то дигарон ба қадри некиҳоят бирасанд. Дар ин ҳол, метавон гуфтаи Оскар Уайлдро каме тағйир дод: “Вақте ки мо хушбахтем, ҳамеша хубем, вақте хубем, ҳамеша хушбахтем”.
Суханро ба дарозо намекашам, як ҳодисаи воқеиро бидуни ёдоварӣ аз номҳои қаҳрамонҳо қисса мекунам. Зимистони сарди соли 1999 буд. Рӯзи шанбе, дар пай бегоҳи якшанбе. Мани донишҷӯ ба хотири аёдати волидону дигар аҳли оила ба ноҳияи Файзобод сафар кардам. Он вақтҳо аз ҷумлаи нақлиёти мусофирбар бештар автобусҳо дар шоҳроҳ равуо доштанд. Автобусе, ки мо савори он будем, дар мавзеи наздики шаҳрак вайрон шуд. Ронанда ва ёрдамчии ӯ хуб заҳмат кашиданд, аммо автобус ба кор надаромад. Торикӣ фаро расид. Маслиҳат чунин шуд, ки ҳар касе дар маркази ноҳия хешу ақрабо дорад, ба қавле, “ҷонашро каҷ карда”, худро ба хонаи онҳо расонад. Ҳама ба мисли қатори турнаҳо пиёда роҳ ҷониби марказ пеш гирифтанд. Ҳамин вақт мошини сабукраве назди мо — ман ва як нафари дигар, ки ҳанӯз фурсати пурсидани ному аз кадом деҳа буданаш нарасида буд, истод. Тасодуф — ду ҷойи холӣ. Ҳарду нишастем. Аммо ҳамин замон садое баланд шуду моро моил кард, ки ба берун аз оинаҳои яхбастаи мошини сабукрав нигарем. Зани солманде даст меафшонд. Ӯ бо шитоб наздик омад ва чун дари мошинро кушодам, гуфт: “Писарҷон, ман меҳмонам, ба деҳаи Элок барои хабаргирии бародарам меравам”. Матлаби ӯ аллакай аз ин суханонаш маълум буд. Аз мошин фаромадам ва ӯ нишасту аз ронанда хоҳиш кардам, ки занро то пеши дари ҳавлии бародараш расонад. Ронанда розӣ шуд. Мошин рафт. Ман ба гуруҳи сенафарае пайвастам, ки ба манзили хеши як нафари онҳо раҳсипор буданд. Мизбон марди хушмуомилаву меҳмоннавоз будааст. Дастурхон орост, то як поси шаб нахобид ва бо мо дар суҳбат шуд. Субҳи барвақт ба мавзеи қарордоштаи автобус рафтем. Маълум гардид, ки ронанда бо ёрдамчиаш тамоми шаб нахуфтаву онро таъмир кардаанд. Хуллас, як рӯз дер ба хона рафта ва бегоҳи ҳамон рӯз бозпас ба пойтахт баргаштам. Вале ҳоло ҳам, чун он рӯзҳо ба ёд мерасанд, худро хушбахт меҳисобам, ки тавонистам ба касе некӣ кунам (миннат нашавад) ва дар подош аз нафари дигар некӣ бубинам.
Ин қисса, ки ёдовар шудам, як гуфтори риторикӣ буд, рафиқ Хоҷаев. Ростӣ, намедонам он ронанда зани солмандро то ҷойи таъингардида бурд ё на, вале бовариам назар ба шубҳа бештар аст. Зеро, тавре ишора кардам, теъдоди бештари миллати ман — тоҷикони бедордилу инсондӯст ҳамеша дар талоши некӣ намудан ва албатта, некӣ дидан ҳастанд.
Ман куллан муқобили онам, агар ҷомеаи моро орӣ аз мардони накӯхоҳ муаррифӣ кунанд. Ман намехоҳам, ки касе бо зикри адами хайрхоҳӣ “ҷое, ки саг нест, хук аккос мезанад” гуфта, масал занад. Ман хушдор нестам, вақте мегӯянд, ки “то даме дар дегат шӯрбо меҷӯшад, аз ту дида одами хуб нест”. Мехоҳам, ки ба инсон, минҷумла ба тоҷик аз нигоҳи инсонигарӣ баҳо дода шавад. Сарфи назар аз он, ки дар дегаш ош мепазад ё шӯрбо.
Ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳам некӣ дар корзор бо бадӣ мағлуб шавад!
Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»