Коронавирус то ҳамсоякишвар расид. Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад?

Ҳар сол мардуми Тоҷикистон иди Наврӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мекарданд. Вале имсол чӣ? Ҳама тарс доранд, ки оё метавонанд гирди як дастархони идона бо хешу ақрабову дӯстон бишинанд? Зеро масъулини Вазорати тандурустии кишвар дар як брифинг рӯзи 9-уми марти соли равон таъкид ба он доштанд, ки «барои пешгирии коронавирус ба ҷойҳои серодам наравед». Бояд наравем!

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам эълон кард, ки мардум бояд гигиенаро ба таври бояду шояд риоя кунанд. Ҳатто шабакаҳои телевизион ва расонаҳои давлативу мустақил низ видеороликҳоро барои пешгирӣ аз коронавирус пайваста намоиш медоданд: бо якдигар саломи дастӣ надиҳед, якдигарро дар хиёбонҳо набӯсед, ба оғӯш нагиред, фақат ҳамаи ин барои шиддат наёфтани маризии сирояткунандаи коронавирус аст, на чизи дигар.

Пас, Наврӯз имсол ба Тоҷикистон меояд? Бубинед, ки ҳар рӯз аз ҳар давлат хабарҳои ба вируси сирояткунанда гирифтор шудани одамонро пайваста аз расонаҳо мехонем ва намедонем, ки ин даҳшат, ки аллакай ҷони нафарони зиёдро рабудааст, бо чӣ анҷом меёбад? Имсол дар арафаи таҷлили иди Наврӯз вирди забони ҳамагон фақат як калима аст — коронавирус.

Бояд натарсем ва таваккал ба Худо кунем, вале мебинем, ки не, ҳама тарсид, чӣ бою чӣ камбағал. Ҷон ширин аст. Вақте ки сарҳадҳоро баста мебининӣ, ҳавопаймоҳоро дар дохили фурудгоҳ “хоб” мекунанд, тамоми дунё бо ниқоб мегардад, духтурон на хилъати духтурӣ, балки мисли кайҳоннавардон скафандерпӯшанд, барои нону орд навбатпоии чандсоатаро мебинӣ, ҷанг на барои тиллову пул, еврову юян, балки коғази ташнобро мебинӣ, вақте волидайн аз хатар ба фарзанд талхакафанд, вақте пул дориву доруву дармон намеёбӣ, вақте ронандаи вазиру нукарони сафирро дар як мағоза дар навбат барои маводи хӯрока мебинӣ, вақте издиҳомро дар бозорҳо мушоҳида мекунӣ, нархҳои осмониро мебинӣ, меларзӣ ва метарсӣ.

Воқеан, тарс аз он аст, ки аллакай дар 116 кишвари ҷаҳон коронавирус худашро расонидааст. Вале боз баъзе хабарҳои умедворкунандаро ҳам мешунавем, ки беш аз 70 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Духтурҳои чинӣ барои табобат ба дигар ҳамсоякишварҳо мераванд. Созмонҳои хориҷӣ бо доруву дармон ва кӯмакҳои аввалия ба назди мардум мешитобанд.

Вақте хабари ба коронавирус гирифтор шудани сарвазири Канада ва ҳамсараш, ба ҳалокат расидани ду вакилзани эронӣ ва мариз шудани наздикони президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро мешунавӣ, тааҷҷуб ҳам мекунӣ, ки наход, онҳо қоидаҳои беҳдоштро риоя накарданд?!

Вале беҳтарин дармон — ин оромиш аст. Бояд орзуву умеди нек кунем. Кормандони тиб ва дигар масъулини давлатӣ бояд пешакӣ чораандешӣ кунанд, ки чӣ бояд кард, то мардумро аз чунин тарс наҷот диҳем.

Бубинед, ки чанде пеш мардум чӣ гуна ба бозорҳо рехтанд, касе ва чизе пеши роҳашонро гирифта натавонист. Баъдан ВКД ва Прокуратураи генералӣ нисбати савдогарони беимон чораандешӣ карданд ва ҳатто хабар доданд, ки дар сурати баланд гардидани нархи хӯрока, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешванд.

Ҳатто дар шабакаҳои интернетӣ ҳам мардум бо тамасхур навиштанд: «Вакилҳо бояд мардумро ором кунанд, вале мебинем, ки як қисмашон барои пирӯз шудан дар интихоботи парлумонӣ вазифаро “мешӯянд”, қисми дигар барои фаъолияти 5-солаи “пурсамарашон” дар парлумон маошашонро интизоранд».

Вале мо бояд ҷои арзу дод ба дигарону интизори кӯмак шудан, барои пешгирӣ худамон масъулият ҳис кунем. Касе омада дасти моро намешӯяд!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here