Саломе чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Хуршед, мактубҳои Шумо маро ба ёди гузаштаҳо мебарад! Насталҷӣ!

Бояд бигӯям, ки ҳуш дошта бошед, ки гузаштаҳо дигар барнамегарданд!

Одамони ҳушёр гузаштаро кам ёд мекунанд, фақат ба оянда меандешанд. Ояндаи халқу миллату забону фарҳангу сиёсату раёсатро не, албатта. Ояндаи худашонро андеша мекунанд. Онҳо дар шаҳрҳо хонаҳои зиёде ба ҳар нафари аҳли оилаашон, ҳатто ба набераҳояшо ҳам, харида мондаанд. (Барои ҳамин ҳам аксари хонаҳои навбунёд беодам, сокин надоранд!) Дар деҳа ҳамин намуд одамҳо заминҳои обию лалмии зиёдеро ҳамчун саҳм ба хешу табору ҳаққу ҳамсояҳояшон номнавис кардаанду заминҳо бекор хобидаанд.

Чанд сол шуд, ки ба деҳа нарафтаам. Соле, ки сари қадам аз деҳа мегузаштам мошинро манъ кардаму рост сари қабри падару модарам рафтам. Рафтаму шиштаму хеле дарди дил кардаму гиристаму қалбамро холӣ кардам, чун дар деҳа каси дардидилшунаве намондааст.

Ман ба мағозаи оинабандии деҳа, ба хонаи муаллим Азизқулов, ки рӯ ба рӯи майдончаи варзишии мактаб қарор дошт, ба сартарошхона, ба саройи колхоз, ба пули рӯйи дарёчаи Уреҷ, ба тути яккаи назди мактаб, ба мӯйсафедони нуронии ришҳояшон пасту зебою саллаҳояшон базебу дилкаш, ба кӯдаконе, ки дар сарҳояшон тоқии чустии чоргулдошта, ба занҳое, ки дар сарашон яктаҳ доштанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо шахси номаҳрам рӯяшонро бо лаби яктаҳашон пинҳон мекарданд, ба духтарокони содаи ҳусни худододдоштаи шармгин, ҳатто ба Абдукарими Шошо одат карда будам. Ҳамаи онҳо хислати ба худ хос доштанд ва ҳама якҷоя барои ман “деҳа” буданд. Акнун ин ҳама ба таърих ворид шудааст ё ба ёдномаҳои ману Шумо! Ёдаш ба хайр бод!

Хуршедҷон! Рейсҳои чартерӣ, ки аксарашон барои баргардонидани шаҳрвандон ба кишвари худашон мебошад ба дарди муҳоҷирони ба ватанбаргашта намехурад. Ун бечораҳо хоҳ дар шаҳру хоҳ дар деҳа (муҳоҷиронро дар назар дорам), дигар чӣ кор ҳам метавонанд бикунанд?!

Дасти дуоямон ба сӯйи Худост. Худораҳматии бибӣ Мусаммоям як дуои хайр доштанд: Худо кӯпа саломат нигоҳ дорад! Яъне ҳамаи мардуми рӯйи оламро!

Масъалаи ҷойи кор, ки хотирррасон кардед як масъалаи ҳалношуда ва ба фикрам ҳалношуданист. Дар даврони Шӯравӣ ҳар як нафар хатмкунанда ба ҷойи кор таъмин карда мешуд. Агар дар ноҳияе, ки таваллуд шудааст ҷойи кор намебуд ба ноҳияҳои дигар сафарбар карда мешуд. Имрӯз муқаддасот дигар шудааст. Имрӯз “муқаддасоте” мисли шиносбозию хешутаборчигию ҳамшаҳрию, ҳатто ҳамдеҳагию аз кудом авлод будан рӯй задааст, ки бе шакку тардид теша бар решаи миллат задан дорад. О Хуршедҷон, шиносотон зиёд — ку!

Ман ҳам 35 сол шудааст, ки аз деҳа буромадаам. Аммо, агар як хабари хуш аз деҳа фаҳмам шод  мешавам, хурсанд  мешавам . Фақат заҷр мекашам, ки ба мушкилиҳояшон дастрасӣ надорам. Мушкилиҳои аҳли деҳ зиёданд, кудом якашро мегӯйӣ?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here