Номзад ба президентии Тоҷикистон бояд кӣ бошад?

Китоби “Алифбо”-и интихоботи президентии Тоҷикистон кушода шуд. Маълум нест, ки Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) номзади худро фақат барои он ки дар рӯйхати ҳизбҳо аввалинанд, якумин шуда пешниҳод намуд, ё ягон сабаби дигар ҳам доштанд. Раиси ҳизб Рустам Латифзода низ дар интихоботи президентӣ бори аввал аст, ки иштирок мекунад. Соли 2013 ин ҳизб номзади дигар дошт, ки аз Латифзода ҳам барои интихобкунанда ноошнотар буд, агар гӯям касе ӯро тамоман намешинохт, хато намекунам, вале ҷуръатро бубинед, ки номзадиашро пешниҳод кард. Медонед ӯ кӣ буд? Он вақт Толиббек Аҳмадович Бухориев ном нафаре дар маърака ширкат дошт ва аҷиб буд, ки 4,61 фоизи овозҳоро Комиссияи марказии интихобот ба манфиати ӯ эълон намуд.

Рустам Латифзода ба ҳар сурат чун Бухориев нест. Ӯ вакил, 3 маротиба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 2 маротиба аст, ки интихоб мешавад. Баъд аз 2-3 суҳбати рӯ ба рӯ ӯро ҳамчун як нафари ҳирфаӣ дар касбӣ худ дарёфтем. Як давраи бисёр кӯтоҳ, каме аз як сол бештар раиси ноҳияи Восеъ ҳам буд. Воқеан, аз давраи раисии Латифзода дар ноҳияи Восеъ соли 2013 интихоботи миёнадаврии парлумонӣ, ки барои курсии холишудаи раиси феълии ҲАТ баргузор шуд, дар доираҳои журналистӣ хотираҳо доранд. Он замон ҳудуди 60-70 журналист ба сифати нозири интихобот аз ҷониби номзади ҳамкасбамон Раҷаб Мирзо ширкат намуда, шоҳиди тақаллубҳои зиёд гаштанд ва дар ними рӯзи интихобот участкаҳои интихоботиро тарк гуфтанд. Новобаста аз ин, дар он интихобот номзади барои интихобкунандаи ҳавзаи Восеъ номаълум — Зайниддин Сафаровро ғолиб эълон карданд. Ин ҳамон Сафарове аст, ки ҳоло дар Ҳизби аграрӣ муовини аввали раис аст ва дар анҷумани ахири пешазинтихоботӣ Латифзодаро ба ҳайси номзад пешниҳод карду бе алтернатива анҷумани 120-нафара ӯро пазируфтанд. Сафаров ҳам ҳоло дар парлумон аз 1-уми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Журналист Шоҳин Облоқулзода дарҳол пас аз эълони ин хабар бо суоли “Рустам Латифзодаро мешиносед?” дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуд. Шарҳҳо хеле кам буданд, вале аксарият навиштаанд, ки ӯро намешиносанд ва “ҳеҷ хизмате ба мардум накардааст, ки имрӯз нияти президентшавӣ дорад”. Танҳо нафаре бо номи Баҳодур гуфтааст, ки Латифзодаро мешиносад, инсони хеле хоксору заминӣ аст. Дар ҷавоби ӯ ҳам навишта шуд, ки “хоксориву заминӣ будани ӯ моро сер намекунад ва ин имконнопазир аст, ки дар мо мансабдорон хоксор бошанд”.

Бо ҳамин ҳарфи аввалини алифбои интихобот бо номзаде оғоз гардид, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд “бовар надорем, ки ӯ ҷиддӣ вориди рақобат хоҳад гардид ва барои курсии президентӣ талош намояд”.

Аммо масъулини ин ҳизб ҳамеша шикоят аз он мекунанд, ки онҳо корҳои зиёд анҷом медиҳанд, фаъоланд, дар байни мардум ҳастанд, вале мардум фаъолияти онҳоро нодида мегиранду ҳамеша аз онҳо интиқод мекунанд:

“Мо намедонем дигар чӣ кор кунем, ки мардум моро бубинад, ҳама корро мекунем, вале аҳамият намедиҳанд ба фаъолияти мо. Мо ба мардум кӯмакҳои зиёд кардаем ва мекунем, вале доимо санг тарафи мо мепартоянд”,- гуфта буд Латифзода пеш аз интихоботи парлумонӣ дар расонаҳо. Вале шикояти ӯ бо ҳамин ба охир нарасид, ӯ дар идома аз нашрия ва шабакаҳои телевизионӣ ҳам шикоят дошт, ки ҷаласаҳои парлумонро дуруст инъикос намекунанд ва фаъолияти онҳо паси парда мемонад.

Инсофан бояд гуфт, ки пеш аз интихобот раиси ҲАТ дар “Фейсбук” хеле фаъол буд ва ҳатто рақамҳои телефони худро пешниҳод кард, то агар саволе доранд, ба ӯ муроҷиат намоянд. Вале бе хафагӣ пас аз интихобот фаъолмандии Латифзодаро дар ин шабакаи иҷтимоӣ надидем, ё шояд ба он ворид мегардаду чизе наменависад. Хулоса, ғайб зад.

Дар давраи бемории коронавирус ҳам Латифзода ба ноҳияи Восеъ рафт ҳамроҳи гуруҳи “Авангард” ва ба беморхонаи ин ноҳия кумакҳое расонд.

Пас аз ин ҷомеа ягона хабаре аз фаъолияти ин ҳизб ва раисаш дигар пайдо накард. Ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо даъво доранд пас аз ҳизби ҳоким сераъзотаринанд ва ҳизбашон тақрибан 50 ҳазор нафарро фаро мегираду дар ҳайати Маҷлиси намояндагон низ пас аз ҲХДТ намояндаҳои эшон бештар аст — 7 нафар.

Мардум мепурсанд, ки аз ин “бисёр” будани онҳо чӣ фоида, вақте садояшон намебарояд ва аслан намедонанд, ки барои чӣ одамон ба ин ҳизб аъзо мешаванд?

Ин гуна вокуниши мардум танҳо ба ҲАТ нест. Вақте хабаре паҳн шуд, ки аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси онҳо ва вакили парлумон аз ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффорзода дар интихобот иштирок хоҳад кард, шабакаҳои иҷтимоиро хандаву латифаҳои зиёд пахш кард. Хоса, вақте ӯ дар мусоҳибааш бо ҳамкасбони мо гуфтааст, ки дар сурати пирӯзӣ ба курсии президентӣ даромад ба пойтахтро пулакӣ мекунад ва барои мардум метро хоҳад сохт.

Дар ин баробар, муборизаҳои фейкӣ (яъне дурӯғин) ҳам аллакай сар шуд. Масалан аз номи раиси демократҳои тоҷик Сайидҷаъфар Усмонзода овозае паҳн кардаанд, ки гӯё гуфта бошад, ки дар сурати ғалаба мардумро ба кайҳон хоҳад бурд. Дертар раиси ҲДТ ин овозаҳоро рад карду кори душманонаш хонд.

Дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲСДТ дигар ҳизбҳоро “кисагӣ” ном мебаранд, ҳарчанд масъулини ҳизбҳо ба ин андешаҳо мухолифанд…

Имсол интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Чунин қарорро Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қабул кард.

Интихоботи президентии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки маъракаи ҳамчунин дар Белорусия ин кишварро ба буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуд. Яке аз сабабҳои ин ҳолатро таҳлилгарон дар он дидаанд, ки Алексадр Лукашенко — президенти феълии Белорусия дар интихобот тақаллуби зиёд намуд ва рақибони ҷиддиашро аз маърака берун ва ҳатто зиндонӣ кард. Бинобар ин, коршиносон мегӯянд кишварҳои дигар бояд ин ҳолатро хуб омӯзанд.

Албатта, ҳама орзу доранд, ки интихоботи мо бояд намунаи ибрат барои дигар кишварҳои пасошӯравӣ гардад, тавре ки дар баъзе масъалаҳо мо аллакай намуна ҳастем.

Ҳар нафар метавонад ғолиб ояд, ҷойи тарс ва хафагӣ нест.

Ман умед дорам.

Шумо чӣ?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here