Аксар вақт мо барои чӣ ҳамсуҳбат хостанамонро намедонем, танҳо бо касе дар муошират будан мехоҳем…

Чанде пеш бо дӯстон ба Боғи Умари Хайём рафтем. Бо сабаби он ки зиёда аз даҳ нафар будем ва сухани якдигарамонро шунида наметавонистем, дунафарӣ ҷудо шуда, ба суҳбатҳои кӯтоҳ машғул шудем. Дар боғ донаи офтобпараст хоида, аз ину он суҳбат мекардем. Торафт ҳамраҳи ман мавзӯи суҳбатро ҷиддӣ карда, аз нақшаҳои барои чанд соли баъд таҳрезикардааш сухан мекард. Ҳарчанд мекӯшидам, таваҷҷуҳро пурра ба суханҳои ӯ нигаронида наметавонистам, зеро аллакай мо дар болои чархофалак будему Душанбе бо тамоми ҷузъиёташ дар пеши чашмамон менамуд. Пас аз ду рӯзи вохӯриямон хабар ёфтам, ки ҳамроҳам сахт хафа шудааст.

Ба назар менамояд, ки ҳоло аксарият шикоят мекунанд. Шикоят аз муоширати бад ва дар миён набудани ҳамдигарфаҳмӣ. Ба монанди ҳамон дӯсти мо. Дар ин росто мо ҳамеша кӯшиши гунаҳкор сохтани ҳамсуҳбат ё рафиқи худро мекунем. Ҳамин тавр аввалӣ гуноҳро ба дуввумӣ ва дуввумӣ ба сари саввумӣ бор мекунанд. Вале саволе пайдо мешавад, ки оё мо боре андешидаем, ки дар муоширати мо чӣ камбудӣ вуҷуд дорад, ки бо атрофиён ҳамдигарфаҳмӣ дар миёнамон нест? Бовар дорам, аксарият ин саволро ба худ надодаанд. Зеро мо ҳамеша худамонро ҳаққу дигаронро айбдор мешуморем, ки ин хатоии табиӣ ва ирсии мост. Мутаассифона, ин одати бад ба мо ёр шудааст.

Пас чӣ бояд кард, то дар муошират миёни мо ва атрофиёнамон ҳамдигарфаҳмӣ бошаду дӯстиамон пойдор монад? 

Ба назари мо, пеш аз он ки хоҳиши ҳамсуҳбат шудан бо касеро дошта бошем, бояд мавзӯи суҳбатамон дақиқ бошад. Барои суҳбат мавзӯи муайян доштан маънои онро дорад, ки мо ба ин ё он шахс аз рӯи нақша ва мақсади муайян суҳбат кардан мехоҳем. Ва ин суҳбатро метавон суҳбати мушаххас ва муҳим шуморид. Дар ин росто оё метавон гуфт, ки ин гуна суҳбат ба касе лозим нест? Ё боз метавон гуфт, ки аз ин гуна суҳбат мусоҳибон суд намегиранд? Албатта, не. Пас бояд бигӯем, ки қоидаи аввали муоширати хубу якдигарфаҳмӣ доштани ҳамсуҳбатон мавзӯи муайян бо нақшаву мақсад аст, ки бояд пеш аз суҳбат ба нақша гирифта шавад.

Вобаста ба мавзуъ ва шахсияти мусоҳиб макон ва замони суҳбатро бояд муайян кард. Масалан, бисёриҳо шикоят мекунанд, ки атрофиёнамон ба фалон сухани мо беаҳамиятӣ карданд.Боз ба мисли қиссаи дар боло овардаи мо, ки барои суҳбати ҷиддӣ макони мувофиқ набуд. Ин исботи он аст, ки мо бояд замон ва макони суҳбатро дониста мавзуъ кушоем ва муошират кунем. Вобаста ба ин бояд бигӯем, ки дар автобус достону романро хондану фаҳмидан имкон дорад, аммо физикаву кимиёро не. Дар вақти хӯроки шом филм тамошо карда мешавад, аммо мисолҳои математикиро ҳал кардан ғайриимкон аст. Барои ин бояд пеш аз гила кардан ба пешу паси худ нигарем, то ки худамон чӣ камбудӣ дорем. Аввал бояд худ ислоҳ шуд, баъд аз дигаре гила кард.

Талабот ё муҳимияти дигар он аст, ки ба кӣ чӣ гуфтанамонро бояд дақиқ донем. Фикри ғолиб он аст, ки дар ҳоли ҳозир касе вақти зиёдатӣ надорад барои сухани беҳудаи моро шунидан. Агар мо нафари даркориро пайдо карда, сухане, ки ба ӯ дахл дорад, бигӯем, пас дигар нофаҳмие пеш намеояд.

Ва аз ҳама охир, мо бояд пас аз ҳар суҳбате, ки бо атрофиёнамон мекунем, ба ҷуз хулосаи худро баровардан бояд бикӯшем, ки аз чеҳраи ҳамсуҳбат хулосаашро хонем. Ин маълум менамояд, ки то куҷо мавзӯи суҳбати мо барои мусоҳибамон муҳим ва даркорӣ буд. 

Мунтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар ин чанд меъёрро риоя карда, иловатан, мувофиқи характери атрофиёнамон гуфтор дошта бошем, ҳам муоширатамон хуб мешавад ва ҳам якдигарфаҳмӣ ба авҷи аъло мерасад.

Худо нигаҳбон!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here