Дуруд ба Хуршед!
Умедворам ҳолатон хуб аст.
Чанд рӯзи хунукии фасли сармо ҳам пушти сар шуд. Як ҳафтае, ки дар кишвари азизи мо сармои сард ҳукмфармо буд, мушкилиҳои зиёди хоҷагии халқ бармалло шуд. Вазоратхонаҳою кумитаҳою муассисаҳою ширкатҳое, ки камбудиашонро рӯпӯш мекарданду омори бардурӯғ медоданд, расво шуданд. Мо ҳам дар ин сардӣ зарари равонӣ дидем. Чун худамонро, хонаамонро, ҷойгоҳамонро, ҷойгаҳамонро ба сардӣ мувофиқ накарда будем, лоҷарам ба ин ҳоли бад афтодем.
Чанд рӯзи гузашта ва шукри Худо, имрӯз ҳам ҳаво офтобист. Рӯзи якшанбе фурсатро ғанимат шуморида, мошинбозор, барои тамошо рафтам.
Аслан, рӯзҳои якшанбе дар хона зиқ мешавам, пештар дар маҳаллаи Гулистони пойтахт як бозорчае буд, ки бо номи “сагбозор” машҳур буд. Ҳар якшанбе ҳамон ҷо мерафтаму паррандаю чаррандаю даррандаҳоро тамошо мекардам. Афсӯс, ки онро ба як гӯшаи дурдасти берун аз шаҳр кӯчониданду дигар имконияти ба он ҷо рафтан надорам. Аз ҳамин сабаб рӯзҳои якшанбе, агар офтобӣ бошад ба мошинбозор меравам. Ҳарчанд, ки мошинбозори ҳозира ҳам аз шаҳр хеле дур воқеъ аст, аммо дигар ҷойи рафт, ки надорам, маҷбур мешавам, ки пиёдаю савора бираваму биёям. Унҷа мерасаму мошинҳоро тамошо мекунам, нарху наворо мефаҳмам ба гуфти баъзеҳо “сара тоза” мекунам.
Чун қоидаи нонавиштаи бозор мошинбозор ҳам аз фурӯшандаю харидору ҳангомаҷӯйҳо иборат аст. Ин бозор ҳам ҷаллобони худро дорад. Аз як фурӯшандаи ба пул заруратдошта, мошинашро бо ҳазору як ҳиллаю найранг мехаранду болотар ё поинтари бозор ҷо мекунанду кам не, ғам не ба болояш аз 10 ҳазор то 20 ё 25 ҳазор сомонӣ нарх мегузоранд. Нарх мегузоранду мешинанд. Агар дар муддати як ё ду моҳ ҳам ҳамун мошинро бо нархи дилхоҳашон фурӯшанд, ба гуфтаи мардум “дар таги пул мемонанд”.
Мошинҳои аз хориҷа овардашуда ҳам фурӯшандаҳои худро доштааст. Инҳо аз Хуҷанд ё Турсунзода мошинҳоро аз вагон мегиранду бозор бароварда пули ҳангуфте ба болояш монда мефурӯшанд. Инҳо ҳам дар муддати як ё ду моҳ пуле кор мекунанд, ки Шумои медиамагнат дар як солу ман дар даҳ сол кор карда наметавонем. Агар ягон нафар шиноси аз хориҷа мошинмеовардаи аниқу боинсоф дошта бошед, албатта, хабардорам кунед. Меравам аз бонк қарз мегираму аз вагон мошин мегираму мошинфурӯш мешавам.
Ба ҳар ҳол мошинфурӯшӣ имонфурӯшӣ набудагист?! Чӣ гуфтед дӯстам?
Шунидам, ки мошингирон ҳастед. Маълумоти овардаам шояд лозиматон шавад.
Бо эҳтиром Абдувоҳид.
“Сагбозор”
Дуруд Абдувоҳид!
Дар он ҳафтае, ки ёдрас шудед, ман ба беморхона “гурехтам”. Ба маркази барқарорсозии саломатӣ бо номи “Пайрави Сино” рафтам. Бовар кунед, беморхона чунон гарм, чеҳраи табибон чунон кушода буд, ки ин сардиҳоро надидаму эҳсос накардам. Аз ин рӯ, метавонед ба ман ҳасад баред!
Медонед чӣ? Он “сагбозор”- е, ки ёдовар шудед, ҷойи дӯстдоштаи ман ҳам буд. Ҳар рӯзи якшанбе маҳз ба он ҷой мерафтам.Фарзандони хурдиамро ҳам бо худ мебурдам. Аммо барои дидани парандаву чарранда не, балки ба хотири маснуоти куҳна, корҳои дастӣ анҷомдодашуда, китобҳои камёфти детективнависон, суруду таронаҳои маҳфилии ҳунармандони пуровоза. Ва ҳатман чизе мехаридам. Баъзе аз онҳо дар утоқи кориам аст. Як нарди дастсохтеро, ки яқин дар кадом маҳбасхонае, кадом маҳбусе сохта буд, ҳам харида будам. Чаро чунин хулоса кардам? Зеро дар он панҷараҳои зиндону занҷираҳои дастон кашида шуда буд ва ҳам зане, ки онро аз ӯ харида будам, қисса карда буд, ки нардро писари зиндониаш фиристодааст, то фурӯшаду маблағашро ба маҳбас фиристад. Ҳоло бо ҳамсоядачаам, ҳамкасбамон Шарифи Солеҳ гоҳ-гоҳе нардбозӣ мекунему ба ёди “сагбозор” меафтам.
“Мошинбозор” — и Шумо кам меравам. Кори мошинфурӯшу мошинхарро имрӯз сайтҳои хариду фурӯш осон кардааст. Бозори гуфтаи Шумо бошад “толкучка”- и замони шӯравиро ба ёд меорад. Саг соҳибашро намеёбад. Даллолу беҳаёю дурӯғгӯ аз он бисёртар. Роҳи дароз, машинаҳои бетартиб болои он.
Дар масъалаи мошинхарӣ. Табибон тавсия доданд, ки бештар пиёда гардам. Ба саломатӣ фойида доштааст. Дар миёни издиҳоми мошиндорони имрӯз ҳам мошин рондан амали сангин аст. Боз ба ману Шумо, ки субҳи содиқ меоему пардаи торикӣ фарояд, хона меравем. Машинаҳои ойинасиёҳ, таксиҳои зарди бешумор ё бо рақамҳои давлатӣ фикр мекунанд хуҷаини роҳ онҳо ҳастанд. Ба касеву чизе наменигаранд. Аз ин рӯ, мехоҳам муддате пиёда гардам ё ақалан кӯдакиро ба ёд оварда, велосипедронӣ кунам. Аммо дар ин роҳҳои навсохти мо роҳи велосиперонӣ нест. Агар каме худро гум кардӣ, зери кадом машинаи бадҳайбат мемонӣ. Вале ман нек медонам, ки Шумо ҳар сол як ё ду машинаро иваз мекунед. Барои ҳамин, агар ба фикри машина афтодам, ҳатман бо Шумо барои харидан меравам.
Чӣ гуфтед Абдувоҳид?
Бо иродат Хуршед