Ҷашн фархунда бод!
Гумон мекунам, ки ду ҷашни офаридгорон тавъам омаданаш бесабаб ва бе ҳикмат нест, чун яке гардонандаи зиндагиву дигаре барои бақои инсоният ҳастанд. Яке ғизои маънавиву дигаре моддӣ бар мо мебахшанд.
Аз ин рӯ, Худо барои одамон ду туҳфаи арзандае инъом кардааст, ки он ҳам яке модар асту дигаре табиат ва бояд мо натанҳо имрӯзу чанд рӯзи дигар дар васфи махсусан модар суханҳои неку ситоишӣ бигӯем, балки ҳар дақиқаву ҳар соат арҷгузор ва дӯстдори модар бошем ва бад-ин васила, шахси худро ҳам хоҳем шинохту донист, ки мо чӣ касем.
Ростӣ, ман зидди он суханҳое ҳастам, ки махсус дар як рӯзи муқарраргардида бар модар гуфта мешавад, чун бовар дорам, ки модар бо ҳама бузургӣ ниёзе ба ҳарфҳои ҷаълӣ, ки аз тарафи дигарон гуфта мешавад, надорад. Модар муҳаббат аст, модар синаи шафқат аст, модар ганҷинаи бидуни тиҷорат аст, модар ягона ва беназир фардест, ки ишқу садоқатро бар мо бахшидааст, модар маънии зиндагии дирӯзу имрӯзу фардои мост!
Модар маҳбубтарин шахс дар назди Парвардигор аст.
Ва агар ҳолиё шахсияти модарро бо ақл андозагирӣ намоем, ҳама чизу ҳама кас ибтидо мегирад аз модар. Бинобар ҳамин, чанд сухани дар боло гуфташуда қатрае аз баҳри бепаҳнои модар аст. Ҳасад бар касоне мебарам, ки дар қалби худ ҳамеша меҳру муҳаббати модарро доранд ва бузургиашро кашф кардаанд, вале ягон ҳарфе бозгӯкунандаи дарди дили онҳо набошад. Ҳар чизе, ки бузургони мо дар васфи зану модар гуфтаанд, албатта бисёр суханҳои эшон баланд гуфта шуда, аммо худи онҳо боз мегӯянд, ки «он чизе, ки ман дар дил дорам, то ҳол сухане наёфтам, ки бори маъниашро бардорад ва ман онро гуфта бошам».
Дар воқеъ, он шахсе дар ҳаққи модар сухани воло гуфта метавонад, ки вуҷудаш аз меҳри модар пур ва меҳраш софу беолоиш аст. Аз ин лиҳоз, муҳаббат ва меҳре, ки дар дил нисбати шумо — модарон дорам, пеш аз ҳама ҳамешагист ва дигар онро бо сухан баён кардан имкон надорад.
Фақат як гап:
Аё модар, пиҳил кун шири покат, ки то ҳастам,
Ҳама сӯи Худо ноланд, ман сӯи ту менолам.
Ҷашни бузургдошти модарон бар ҳама фархунда ва хуҷаста бод!
Зоҳири САЙФУЛЛО