Мардум аз гум шудани маблағ аз телефонҳои мобилиашон ба дод омадаанд. Аммо суоле, ки то имрӯз онҳоро ором намегузорад, ин аст, ки чаро мақомот ширкатҳоро тафтиш намекунанд?
Мардуми тоҷик имрӯз аз ширкатҳои мобиливу интернетрасоне, ки дар кишварамон фаъолият мекунанд, қаноатманд нестанд. Яке аз гум шудани пулаш дар як рӯз ба маблағи 83 сомонӣ мегӯяд, дигараш бошад, аз 200 сомонӣ. Нафари саввум аз гум шудани пакети якмоҳа интернет ҳайрон мешавад. Ва аксарият аллакай ба он боваранд, ки агар маблағ аз суратҳисоб ба таври мармуз гум шавад, ба офиси ширкатҳои мобилӣ занг задан дигар ягон фоидае надорад, зеро ба ҷойи маъзаратхоҳӣ, насиҳат мешунаванд: «Ой, камтар гап занед, пултон дар баланстон мемонад». Ҳатто лаҳзаҳоеро мардум мисол меоранд, ки агар якмоҳа пакети мегабайт харидорӣ кунед ҳам, баҳонаи «ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шудед»-ро пеш меоранд.
Мардум бештар аз ширкати мобилии «Мегафон» чунин шикоят доранд, ки дар ҳақиқат мегабайтҳоро медуздад. Бархе барои раҳо шудан аз чунин мушкилот маҷбур шудаанд, ки дар як моҳ ба ҷойи 99 сомонӣ ба 300 сомонӣ пакет харидорӣ кунанд. Вале ин ҳам натиҷа намедиҳад.
Аксарияти истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аз ин амали ширкати номбурда дар ҳайратанд. Баъзеҳо чунин тарзи пулкоркунии бе машаққатро беинсофии аз ҳад зиёд ном мебаранд. Ҳар рӯз смс-хабарҳо ба телефон ирсол мегарданд, ки «аз маблағи шумо барои фалон хизматрасонӣ пул ситонида шуд». Аксарият ин амали ширкатро амали куллан ғайриқонунӣ ва ғорати рӯйирости мардуми одӣ ном мебаранду аз Прокуратураи генералӣ барои тафтиши ширкат ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони гунаҳгораш тақозо мекунанд.
Ҳатто баъзеҳо даъво мекунанд, ки маблағи бештар дар моҳи шарифи Рамазон гум мешуд. Қисме нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, ки «ситонидани маблағ бо роҳи фиреб дуздӣ ҳисоб мешавад ва иншоаллоҳ насибашон намекунад».
Ғазаби муштариёни ин ширкат бештар аз он аст, ки ширкат фақат бо сухан ба онҳо кӯмак мекунаду халос. Аммо ҳеҷ кас дар тӯли фаъолияти 15-солаи ширкати «Мегафон» ёд надорад, ки ҳатто 1 сомонии муштариашонро баргардонида бошанд.
Аҳрор — як фаъоли шабакаи «Фейсбук» менависад: «1 ҳафта пеш аз номи ширкати «Мегафон» ба телефони мобилиам смс-пайём омад, ки «мо шуморо ба супер-определитель бо хоҳиши шумо пайваст кардем». Барои фаҳмидани хизматрасонии «хоҳишкардаам» ба ширкати «Мегафон» рафтам. Гуфтам, ки ҳамин хабар барои ман омад, чӣ маънӣ дорад? Ман аз шумо кай хоҳиш кардам, ки ба ман чунин хизматрасониро пайваст кунед? Гуфтанд, ки «шумо хоҳиш кардед, мо пайваст кардем». Гуфтам, ки ку хоҳиши ман? Гуфтанд: «Дар телефонатон, бинед». Гуфтам, ки дидам, нест. Ҷавоб доданд, ки «пас, шумо онро пок кардед». Асабӣ шудам ва гуфтам, ки агар ман пок карда бошам, пас аз компютери худатон нишон диҳед, чун хоҳиши ман ба компютери шумо омадааст. Гуфтанд, ки «агар шумо смс-ҳоятонро пок кунед, дар мо ҳам онҳо ба таври автоматӣ пок мешаванд». Аз чунин посухҳои корманд тааҷҷубам омад. Ягон фактро ба ман исбот карда натавонист ва бар замми ҳамаи ин, маъзарат ҳам нахост. Ду даст дар бинӣ ба хона баргаштам».
Корбари дигари шабакаи интернетӣ Сафо мегӯяд, ки «ширкат воқеан ҳам дуздиаш беҳисоб аст, вале аз одамони солхӯрда бештар пул медуздад. Ба онҳо ҳатто забони англисӣ меомӯзонад, бо «хоҳиш»-и худашон. Чун мебинанд, ки онҳо технологияро намедонанд».
«Заҳри танашон шавад пули мардум» — дуо мекунанд мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Барои чунин дуо нагирифтан, ширкатҳо бояд чӣ кор кунанд?
Худи онҳо донотаранд!
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА