Нишастҳои матбуотӣ оғоз шуданд. Ин навбат нишастҳои матбуотии роҳбарони идораву вазоратҳо мисли солҳои пешин бо норозигии ҷонибҳо ба анҷом намерасад.

Роҳбарон имкон медиҳанд, новобаста аз регламент, журналистон ҳамаи саволҳои худро ба масъулин диҳанд. Чашм нарасад, ин навбат ҳамкасбони мо аз нишастҳое, ки инҷониб иштирок кард, бе “хафагӣ” берун мешуданд. Ҳама ба саволҳои худ посух мегирифтанд, аммо камбудии чандсола, ки роҳбарон ҳисоботро мехонанду вақти зиёдро мегиранд, ҳамоно боқӣ мондааст. Албатта, ин аз роҳбарони марказҳои матбуотӣ вобаста аст, зеро баъзе ниҳод ҳатто сардори маркази матбуот надоранд ва ҳамаи камбудиҳои вобаста ба нишасту суолро ба ёрдамчии худ ҳавола мекунанд. Ин амал сатҳи саводи онҳоро ифшо мекунад.

Бояд иқрор шуд, ки сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт ҳафтаи сипаригашта ягона нафаре буд, ки резаахбори вазоратро ба беш аз 150 журналисти дохиливу хориҷии кишвар тавассути почтаи электрони пешакӣ ирсол кард. Ӯ бо ҳамкасбонаш ҷараёни ин нишастро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар эфири мустақим пахш намуд. Ин гуна масъулият дар дигар ниҳодҳо дида намешуд. Боз мегӯям, ки идораҳое ҳастанд, ки ҳатто корманде, ки ба матбуот ягон рабт надорад ва танҳо 2 ё 3 нафар аз журналистонро мешиносад, барои як соат масъули маркази матбуотӣ таъйин мекунанд. Ин чанд сабаб дорад. Баъзе роҳбарон ин корро аз камтаҷрибагии худ мекунанд, қисми дигар аслан парво надоранд, ки ҳатто маркази матбуотӣ роҳбар дорад, ё на.

Ман дар нишастҳо камҷуръатии ҳамкасбонамро эҳсос мекардам. Баъзеҳо, вақти саволдиҳӣ дар мавзуъҳои начандон ҷиддӣ, хеле эҳтиёткорона рафтор мекарданд, ба хусус дар нишасти Прокуратураи генералӣ.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки нахустин нишасти матбуотиро ба ҳайси вазир гузаронданд, мавриди накӯҳиш қарор гирифт. Ӯ дар нишасти матуботиаш гуфт, ки дар як моҳ дар хона 113 сомонӣ барои барқ пардохт мекунад, вале мардум, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф карда буданд, аз ӯ интизориҳои зиёд дошт, ки ҳамеша мегуфтанд, як менеҷери хеле тавоно вориди соҳа шудааст, аммо посухҳояш чандон касбӣ набуданд. Далер Ҷумъа солҳои тӯлони роҳбарии ширкати “Помир энержи”-ро ба ӯҳда дошт, яъне, ба қавле, нафари касбӣ ба курсии вазирӣ нишастааст, аммо…

Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чилазода ҳам ин навбат хеле иттилооти ҷолибро дастраси ВАО гардонд. Аз ҷумла, зарари молиявии бонки амонатгузории “Амонатбонк”, ки беш аз 41 миллион сомониро ташкил медод, пурбаҳс гардид. Рӯзноманигорон суолҳои зиёде дар ин робита доданд, ки Чилазода ҷузъиёти аудити филиали рақами 5-и “Амонатбонк”, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро, ба таври возеҳ шарҳ дод. Аз оғози соли 2018 то 2020-ум 41 миллион сомонии муштариёнро бе иҷозати онҳо гирифтаанд, ки ҳоло 23,6 миллионаш барқарор гардидааст.

Бештар ҷавобҳои бемасъулиятона ва подарҳавои ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода ҳайрати мардумеро, ки нишастҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дунбола мекарданд, овард. Ҳарчанд, пештар низ ба суолҳо чандон посухҳои қонеъкунанда надоштанд, ин бор, ба қавли маъруф, «тамоман гузаронданд». Масъала ин буд, ки ҳамкасбони мо пурсиданд, ки ӯ ҳамчун омбудсмени кӯдак аз ноболиғи 12-солаи таҷовузшуда дар шаҳри Ҳисор, ки яке аз пурсарусадотарин парвандаҳо гардид, хабар гирифтааст? Ӯ посухи рад дод. Танҳо тавассути комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Ҳисор аз аҳволи ӯ хабардор шудааст. Шояд чунин бемасъулиятиашон аст, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфояшро талаб карданд: «Ба мо чунин омбудсмен лозим нест, ҳайфи вазифа!».

Билохира, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, ягона мансабдоре буд, ки аз мардуми одӣ пуштибонӣ кард ва мавриди тавсифи ҳазорҳо нафар гардид. Ӯ дар пуштибонӣ аз ронандаҳое, ки ба истилоҳ бо “таксиҳои 5 сомона” кор мекунанд, гуфт, “онҳо ҳам зиндагӣ доранд, онҳо бояд нон хӯранд, аз ин рӯ, мо бояд ин масъаларо омӯхта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қароре қабул кунем, ки ба манфиати мардум бошад”.

Хулосаам ин аст, ки журналистон набояд дар нишастҳо мисли кормандони ҷаласаҳои вазоратхонаҳо ширкат кунанду ҳар чӣ вазиру кабире гуфт, маъқул надонанд, балки  рисолати хешро иҷро кунанд. Суол диҳанд, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд, зеро дар ин ҷомеа охирин умеди корафтода журналистон шудаанд. Пас, рисолатро бояду шояд иҷро кунед, то ҳамеша рӯсурх бошед. Зимнан, аз мансабдорон низ набояд бут сохт, онҳо ҳам одаманд ва рисолати онҳо низ хидмат ба халқ аст.

Нишастҳо идома доранд, интизор мешавем, то ин ҳафта кӣ чӣ дастагуле ба об медиҳад.

Ҷамила Мирбозхонова,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here