Нишастҳои матбуотӣ идома доранд. Оё гуфтан мумкин аст, ки масъулин моҳияти аслии ташкил шудани онҳоро дарк кардаанд?

Аз ташкил шудани нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон қариб даҳ сол мегузарад. Хотиррасон мешавем, ки ин иқдомро Пешвои миллат аз 15-уми сентябри соли 2011 бо мақсади дастрасии ҷомеа ба маълумоти муҳим амалӣ намуд. Барои баргузории онҳо Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳар шашмоҳа нақша тартиб медиҳад ва тибқи он вазорату идораҳо вазифадоранд амал кунанд. Яъне дар сатҳи баланди ҳукумат моҳияти ин иқдомро дуруст мефаҳманд. Пас то куҷо гуфтан мумкин аст, ки дар сатҳи дигар инро дуруст дарк мекунанд?

Мутаассифона, на ҳамеша ба ин савол ҷавоби мусбат дорем. Сатҳу сифати нишастҳои рӯзҳои ахир далели ин гуфтаҳост…

Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён пас аз ҳисоботи фаъолияти ниҳоди зери роҳбариаш дар шаш моҳи ахир, суҳбати худро аз вокуниш ба матолиби рӯзҳои ахир навиштаи ҳамкасбонамон оғоз бахшид, ки албатта ин як навъ масъулият аст. Раиси Суди Олӣ ҳарчанд номи ҳамкасбони моро нагирифт, вале мегуфт, ки худаш хондаасту нусхаи ин матолибро ҳам дар даст дошт. Аммо ҳамагӣ хуб медонистанд, ки Шоҳиён дар бораи 3 масъалаи баррасинамудаи кадом ҳамкасби мо ҳарф мезанад. Вобаста ба қазияи журналист Рамзия Мирзобекова изҳори таассуф кард, ки онро то ҳоло ҳал накардаанд. Онро зери назорати худ қарор доданд ва ба масъулон супориш ҳам шуд, ки бо иштироки Мирзобекова рӯзҳои наздик онро баррасӣ намоянд. Вале, мутаассифона, доир ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, ки бо тамаъҷӯии 400

сомонӣ ба 11 сол зиндонӣ шудааст, гуфт, нисбаташ қонуни авф татбиқ

нагардид. Раиси Суди Олӣ аз парвандаҳои қаблии ин ҳамкасби мо мисол овард, аммо гуфтан мумкин нест, ки мо ва ҳамин тавр ҷомеаро итминон дод, ки ин ҳукм боинсофона аст. Ба ҳар сурат, журналистон то ҳанӯз мегӯянд, ки қазияи Исмоилов назар ба мансабдороне, ки ҳазорон маблағи буҷаи давлатро “обу лой” мекунанд, хеле ночиз аст ва бознигарии он обрӯи ҳукуматро махсусан пеш аз маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи президентӣ баландтар мебарад.

Шоҳиён дар масъалаи сеюми гузоштаи ҳамкасбони мо ваъда дод, ки дастрасӣ ба иттилооти вобаста ба мақомоти судӣ дар доираи барномаи ҳуқуқии барнома барои солҳои 2019-2021 ба нақша гирифта шудааст ва дар ин замина мурофиаҳои судӣ дар сомонаи ин ниҳод гузошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе масъулони баландпоя Суди Олӣ ишора ба он менамоянд, ки хеле хуб мешуд то он замон масъалаи тоҷикӣ кардани забони Интернет ҳалли худро меёфт ва дар он сурат мушкилӣ камтар мешуд.

Мешавад гуфт, журналистон аз толори нишасти матбуотии раиси Суди Олӣ қаноатманд баромаданд. Ба ҳар сурат, Шоҳиён чандин бор ишора кард, ки “саволи дигаре надоред?”. Яъне саволе беҷавоб намонд. Пешниҳодҳоямонро низ ба инобат гирифт дар масъалаи ҳабси абад барои таҷовузи ноболиғон.

Шерхон Салимзода — директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди 1 соли танаффус ба назди журналистон ҳозир шуд. Гап сари ин аст, ки соли 2019 ниҳоди зери роҳбарии ӯ бо сабабҳои номаълум аз рӯйхати нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ “хат” зада шуд. Гуфта мешуд, ба онҳо мактуб аз Дастгоҳи иҷроияи Президент омадааст, ки нишаст баргузор накунанд. Генерал-лейтенант Салимзода ин дафъа давоми 1

соат ба саволҳо бидуни кумаки зертобеонаш бо далелу арқом посух

медод. Масъалаи аз ҳама муҳим, ки дар нишаст садо дод, ин буд, ки ҳолати 296 кирдорҳои ғайриқонунӣ оид ба муомилоти маводи нашъаовар ошкор ва гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин, гуруҳи ҷинояткор дар ҳайати 57 нафар ва аз ҷумла фаъолияти 3 гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 7

нафар ошкор ва қатъ гардонид.

Вале дар муқоиса бо Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” замину осмонро мемонд. Онро муовини директор Абдулло Абдуллоев баргузор мекард ва ба назар мерасид, ки ба нишаст омода нашудааст. Дар натиҷа ба саволҳои рӯзноманигорон ё посух намедод, ё хеле бепарвоёна мегуфт, ки ба суолҳои шумо ҷавоби мушаххас дода наметавонам. “Ҳуҷҷатҳоро бо худ наовардаам, дар кабинет мондааст” ва посухҳое мисли ин.

Ба Шуҳрат Мақсудзода — роҳбари ин ниҳод, ки мегӯянд одами бофарҳангу масъулиятшиносест, зарур аст, ки дар нишастҳои матбуотии оянда ё худаш иштирок намояд, ё ягон намояндаеро фиристад, ки масъулияти ин гуна чорабиниҳоро эҳсос намояд.

Дар нишасти Қарахон Чиллазода — раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти бисёри муҳим ошкор шуд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки товони зарари молиявӣ ба маблағи 11,5 млн сомонӣ ё 97,4 фоиз, аз ҷумла буҷет 9,7 млн сомонӣ барқарор гардид. Маълумоти хеле ҷолиб дар ин нишаст садо дод, аммо то андозае аз таваҷҷуҳи журналистон дур монд. Тибқи маълумоти бадастомада, дар ин нишаст барои татбиқи «Барномаи рушди кино дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» чорабинии назоратӣ дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” гузаронида

шуд, ки дар натиҷа аз ҳисоби риоя нагардидани қонунгузории андоз, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ зарари молиявӣ ба маблағи 75, 4 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, пурра ба буҷет барқарор карда шуд. Дар ин замина бояд мавзуъ пайгирӣ шавад, ки тағйироти ахири роҳбарӣ дар ин ниҳод маҳз ба ҳамин масъала бармехӯрад, ё сабаби дигар дорад?

Дилмурод Давлатзода, ки пас аз роҳбарии Палатаи ҳисоб акнун дар курсии раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумат мешинад, дар нишасти хабариаш диққати ҳозиринро ба масъалаи то ҳанӯз ҳалношудаи муҳим — таъини нафақа барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷалб намуд. Зеро, “ҷониби Русия то ҳол пешниҳодҳои моро қабул намекунад” гуфт ӯ.

Журналистон мепурсанд, дар ҳал нашудани мушкиле, ки гуфтугузораш аз соли 2012 давом дорад, киро бояд масъул донист?…

Бо ин гуна масъалагузорӣ мо танҳо аз масъулин шикоят надорем. Дуруст аст, ки баъзе аз ҳамкасбони мо ҳам ба нишастҳо бе омодагӣ меоянд, ё саволҳое пешниҳод мекунанд, ки ба масъулияти ин ё он ниҳод марбут нест. Фикр мекунам, бо роҳандозии мониторинг дар бораи сатҳу сифати саволҳои пешниҳодкардаи журналистон аз ҷониби ягон созмони журналистӣ ин масъала ҳалли мусбати худро пайдо мекунад ва роҳбарони ВАО ба ин гуна нишастҳо корманди огоҳи худро мефиристанд.

Вале ин масъулияти масъулинро кам намекунад ва онҳо бояд донанд, ки нишастҳои матбуотӣ барои “мусобиқа”, “худсафедкунӣ”, “худширинкунӣ” бо журналистон ташкил нашудаанд. Ҳадаф ва рисолати ин нишастҳои матбуотӣ мушаххас аст: ба ҷомеа пешниҳод кардани маълумоти муътамад! Вақте ҳамаи роҳбарони идораву вазоратҳо ин маъноро дарк карданд, пас гуфта метавонем, ки онҳо маънои ин иқдоми беназири Пешвои миллатро, тавре мегӯянд, “бӯ” бурдаанд.

Ё нодуруст мегӯям?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here