Дуруд Абдувоҳид!

Ин ҳафта барои ман аз ғамангезтарин ҳафтаҳо буд. На — на, гумон накунед, ки ин ҳафта ҳам аз ҷабри коронавирус шахси бароям азизеро аз даст додаам. Не, ҳарчанд ҳанӯз доғи марги Маҳзун, он шоири дардошною ҳамеша табассум бар лаб, ҳанӯз аз қалби ман нарафта буд, вале хабари ҷигарсӯзи марги Диего Марадона- шоҳи дар рӯйи варақ эътирофнашудаи футбол ба якборагӣ маро кушт.

Медонед Абдувоҳид, бовар надоштам, ки замоне мешаваду афсонаҳои зинда мемиранд. Ҳа, медонистам, дарк карда будам, ки бибии бечораам маро дурӯғ гуфта. Бале, маро фирефта, ки дар афсонаҳо ҳамеша ҳақ бар ботил, ростӣ ба кажӣ, камбағал бар бой, оқил ба нодон ғолиб меоянд. Вале ҳаргиз дар зиндагии воқеӣ не! Фақат дар афсонаҳои бибии орзупарварам. Дар асл, ҳеч гоҳ адолат ғолиб намешавад, ҳақиқат ҳамеша кӯр аст, шиками судя барояш болотар аз сӯхтан дар ҳаққи як беваю бечора аст, погони пулис барояш болотар аз туҳмати гушношуниду бовар нокарданӣ аст, виҷдонро танҳо ба ивази пул мехарӣ… вале… билкул бовар надоштам, ки афсонаҳои зинда ҳам мемиранд, тамом мешаванд, ба фаромӯшии ёдҳо мераванд.

Мисли Марадона! Марадонае, ки истеъдоду ҳунараш аз ҳадди як инсони заминӣ фаротар буд, ҳатто қаттолтарин рақибашро водор мекард то лаб зери дандон, барояш каф кӯбад. Медонед, ман эҳсоси ин лаҳзаро дӯст медорам, тамошои ин лаҳзаро дӯст медорам, ки писханд зери табассуми зӯракӣ ва кина дар дилу дашному дуо зери лаб, водор шаванд то барои истеъдоди ту, маҳорати ту каф кӯбанд.

Марадона барои ман тимсоли як афсона буд, афсонаи мардӣ, афсонаи истеъдод, афсонаи маҳорат. Ӯ басо бузургтарин чеҳраҳоеро мисли шоҳи рӯйи коғази футбол Пеле, водор карда буд, то девонавор бадаш бинанд, вале эътирофаш кунанд, барояш каф кӯбанд.

Марги Марадона маро лаҳзае дар шок нигоҳ дошт, Абдувоҳид… Лаҳзае хешро гум кардам… Намедонистам гиря кунам ё ханда дар диҳам, ки алайҳи душманони ҳамешагиаш ғолиб омад, ба онҳо механдад, ба ҳолашон низ, ки дар зиндагиаш ӯро натавонистанд пушти панҷара баранд, теғ ба ҷигараш зананд, сари мағрурашро хам кунанд…

Марадона зиндагии шахсии хешро обод накард, ҳамеша гирифтору масти зиндагии заминӣ буд! Мо бояд имрӯз бипурсем, ки эй Шоҳ, ту миллионҳо нафарро тобеи истеъдоди хеш кардӣ, тобеи маҳорати нотакрори хеш кардӣ, моро ошиқ ба ин намуди зеботарини варзиш, ошиқ ба футбол кардӣ! Вале худ зиндагии орому сокит надоштӣ! Ҳамеша номи ту сархати хабарҳо доир ба мавзӯъҳое мисли нашъаву авбошию мастӣ буд! Зиндагии пуршӯру савдое доштӣ! Зебо зистӣ ва зебо рафтӣ! Ҳоло даҳсолаҳои дигар номи ту, истеъдоди ту, маҳорати ту миллионҳо нафарро ному нон хоҳад дод!

Падруд, афсонаи наврасии ман!

Падруд, идеали ман!

Падруд, шоҳи футбол!

Афсонаҳо тамом шуданд, ҳай дареғи афсонаҳои ростину зинда!

 

МАРАДОНА ВА ФУТБОЛИ ТОҶИК

Дуруд дӯстам Хуршед!

Мактубатонро хондаму пеши худ андеша кардам, ки шахсоне мисли Шумо ҳастанд, ки то синнашон ба ҷойе расидан ба афсонаҳо бовар доранд. Бовар доранд, ки ҳақ бар ботил ғалаба мекунад, ростиро ҳеҷ заволе нест, сарв агар хушк шавад боз асо мегардад! Аммо вақте ки худашон дар зиндагӣ ба нокомиҳо дучор мешаванд, корашон ба зимомдорони давр меафтад пай мебаранд, ки афсона дар ҳақиқат ҳам афсона будааст. Мисли ман.

Ростӣ ман аз реҳлати Марадона ун қадар ғамгин нашудам, ки аз марги пай дар пайи бузургони миллат шуда будам. Ба фикрам сабабаш ин буд, ки ман то вақте ки ягона писарам Ҳушанг бо донистани се-чор забони хориҷӣ ва доштани фаҳмиши дуруст дар дарсҳои мактабӣ ба футболи калон рӯй наовард, дар бораи футбол маълумоте надоштам. Ҳатто футболро бад ҳам медидам. На танҳо футболро, балки ҳама намуди варзиш бароям як сари мӯ қадр надошт. Ман дар дарсҳои варзиш ҳангоми мактабхонӣ дар синф мемондам. Дар 45 дақиқаи дарси тарбияи ҷисмонӣ “Самаки айёр” мехондам. Аз ин корам лаззати маънавӣ мебардоштам. Ҳамсинфонам ба ҳолам механдиданд. Мегуфтанд, ки ту бо ин афсонахоният ба ҷойе намерасӣ. Шояд дуруст ҳам мегуфтанд, чун ки ин ман будам, ки садди роҳи ба футболи калон, ба мамлакатҳои хориҷӣ рафтани Ҳушанг шудам. Шояд, агар чун Шумо ошиқи футболу Марадона мебудам ин вақт як тоҷикбача дар саҳнаҳои футболи дунё миллати моро муаррифӣ мекард?!

Баъди ба футбол дил бастани Ҳушанг оҳиста-оҳиста ман ҳам футболро фаҳмидам. Кам-кам фаҳмидам, ки футбол чӣ қадар намуди зебою дӯстдоштанист! Акнун фикр мекунам, ки футбол яке аз намудҳои беҳтарини варзиш аст, ки миллати мо бо аҳамият додан ба ин намуди зебои варзиш метавонад миллионҳо дошта бошад! Аммо бо дохил шудан ба муҳити носолими футболи тоҷик дилам монд. Агар писари Шумо ҳам ба роҳи футбол мерафт ун вақт дар бораи чӣ тавр ба ҳайати асосӣ ҷалб намудани футболбозони ватанию хориҷӣ, киҳоро ба ҳайати доварон таъйин намудан, чӣ тавр доварӣ намудани доварон дар бозии байни дастаҳо, фарзандон ва хешу таборони  киҳо дар ҳайати асосӣ интихоб шуданашон, маблағи ҳангуфте, ки барои футболи тоҷик ҷудо мешавад дар куҷо сарф шудан, маоши ногирифтаи чандмоҳаи футболбозон, надодани мукофотпулиҳои бозингарон, сару либоси бозингарон ва тӯбҳои футбол ва ғайраю ва ҳо казо хабардор мешудеду ҳар ҳафта як мақолаи пурсӯзугудоз менавиштеду дилатон ба куллӣ аз футболу футболбозу  Марадона мемонд!

Шояд мисли Марадон шахсе пайдо шавад, ки зиндагии шахсии худро қурбони футболи тоҷик кунад?

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳои футболи тоҷик, ҳоло ҳам дар як кунҷи дилам як орзу, як умеде ҳаст, ки чун ахгари нимфурӯзон диламро гарм медорад. Бо вуҷуди ин ҳама “проблема”-ҳо ба ояндаи футболи тоҷик хушбин ҳастам.

Бо эҳтиром Абдувоҳид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here