«Ва ба занон маҳрашонро ба хушдилӣ бидиҳед. Ва агар занон аз баъзеи маҳр барои шумо ба хушдилӣ даргузаранд, пас, онро созгору хушгувор бихӯред».

Қуръон,Сураи Нисо, ояти 4

 Мувофиқи қонуни шариати Ислом пули нақд ва молу матоъ дар вақти никоҳ барои арӯс ба зиммаи домод муқаррар карда мешавад. Маҳр ҳаққи шаръии занон мебошад, ки вай метавонад онро ба захираи молӣ ва ё гардиши иқтисоди худ биафзояд ва ё ба ҳар сурате, ки салоҳ мебинад, дар он тасарруф намояд. Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳами шаръӣ (ҳафт мисқол нуқра ё тақрибан 500 сомонӣ) аст ва он набояд аз ин миқдор кам шавад. Таъйини аз ин миқдор болотари маҳри зан вобаста ба ризояти тарафайн сурат мегирад ва зан ҳаққи таъйин кардани онро дорад. Воҷиб шудани маҳр ба зиммаи мардон ин аз қадру қимати занҳо дарак медиҳад. Зеро дар замони ҷоҳилият маҳри занҳоро парастори ӯ мегирифт, ки гӯё духтар ба ин маҳр ҳеҷ алоқае надошт. Пас имрӯз маҳри духтар пеш аз никоҳ чӣ гуна ва чӣ миқдор пардохт мешавад ва он барои чӣ чиз харҷ мешавад ва оё он ба дасти арӯс мерасад ё на? Атрофи ин масъала чанд сухан хоҳем гуфт.

Аввалан, шарти якумини гирифтани маҳр дар ҷомеаи имрӯзаи мо қариб ки риоя намегардад. Миқдори маҳрро духтар муқаррар мекунад ва бояд ба худи ӯ дода шавад, аммо афсӯс, пул ба дасти ворисони арӯсшаванда мерасад. Миқдори муайяншуда аллакай маълум аст, аммо аз иҷрои ҳадди он аксарият зиёдаравӣ мекунанд. Худи маҳр, ки дар минтақаҳои кишвар ҳам молӣ ва ҳам ашёӣ дода мешавад, бо номҳои “қалин” ва “туқуз” ном бурда мешавад.

Дуввум, дар гирифтани маҳр имрӯз ба домодшавандагон аз ҷониби валии арӯсшаванда ба қавле ҷабр карда мешавад. Зеро миқдори маҳрро падару модари духтар муқаррар мекунанд, ҳол он ки, ин ҳуқуқро надоранд ва он низ ҳангуфт аст. Яъне ҳоло бинобар сабаби зиёд муайян кардани маҳри молӣ аз ҷониби парасторони арӯс аксарияти ҷавононро волидонашон зан намедиҳанд. Онҳо ба писаронашон мегӯянд, ки аввал пули қалинро кор кун ва баъд зан медиҳемат. Аммо барои пӯшонидани хароҷоти маҳр ва тӯй бечора домодро зарур меояд, ки як-ду соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кунад. Ин амал магар бераҳмӣ нисбати фарзанди дигар нест?

Саввум, ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” дар як даҳсола тавонист харҷу исрофкориҳои зиёдатии тӯю маъракаҳоро дар ҷумҳурӣ аз байн барад. Аммо дар ин қонун ҳадди маҳрро муқаррар накардаанд. Гарчанде ҳадди ниҳоии он муайян нашудааст, аммо барои ҷилавгирӣ аз ин худравиҳои волидони арӯсшавандаҳо дар муайян намудани маблағи молии аз ҳад зиёд барои домодро низ мебояд ба танзим даровард.

Охирон ин аст, ки он моли пардохтшударо шумо барои хариди либосу ашёву лавозимоти рӯзгори ояндаи духтар харҷ мекунед. Аввалан, хона хонаи домод аст, пас монед ба табъи дили худ асбоби рӯзгорашро худ муҳайё кунад ва зарурате нест, то падарарӯс манзили ӯро зебу зиннат диҳад, ки он ҳам бо моли худи домод анҷом меёбад.

Инро бояд дар ёд дошт, ки беҳтарини издивоҷ он аст, ки харҷаш кам бошад.

Аз мо сухан гуфтану расонидан буд, боз худатон медонед.

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here