Ба назар чунин мерасад, охири моҳи май ва аввали июн давраест, ки одамони калонсол ба кӯдакон ва мушкилоти онҳо машғул мешаванд.

Албатта, кам ҳам бошад, мардум оҳиста — оҳиста фаҳмида истодаанд, ки 1-уми июн Рӯзи байналмилалии кӯдакон аст. Бурдани кӯдакон дар ин рӯз ба боғу ҷои истироҳатӣ то ҷое анъана мешавад. Баъзеҳо хайрият яктогӣ пуфакча ҳам мехаридагӣ шудаанд.

Аммо дар ин бора, ки пеш аз ин сана ҳамчунин рӯзи дигаре вобаста ба кӯдакон вуҷуд дорад, шояд ками одамон медонанд. Ҳарчанд ин таърихи рӯз хеле маҳзункунанда аст, аммо маъноеро надорад, ки онро бояд фаромӯш кунем. Дар дунё ин санаро хеле хуб медонанд ва ба он ҷиддӣ муносибат мекунанд. Сухан дар бораи 25-уми май меравад, ки дар тақвимҳо Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда аст. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба сарнавишти кӯдаконе арзёбӣ мешавад, ки беному нишон шудаанд.

Ин мушкил дар Тоҷикистон мумкин пештар ҳам вуҷуд дошт, аммо аз баҳори соли 2013, ки аз маркази пойтахт ду кӯдаки хурдсол — Араловаҳо нопадид шуданд ва инак 6 сол аст, ки онҳоро намеёбанд, ҷиддитар гирифта шуд. Пайвандонашон мегӯянд, агар онҳоро Худованд ҳифз карда бошад, ҳоло калониаш 10-сола ва хурдиаш 6-сола хоҳанд буд. Вале ин кӯдакон пайдо нашудаанд. Пас аз он ҳам теъдоди атфоли гумшуда кам нашуд. Имсолро намедонем, ки чанд кӯдак гум шуд. Аммо соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз Файзиддин Назарзода — сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда дар як мусоҳиба бо хабаргузории “Ховар” гуфта буд, ки дар 4 моҳи аввали ҳамон сол дар Тоҷикистон 129 кӯдак гум шудаанд. Аз ин шумора 112 нафарашро то он рӯз пайдо карда, ба оилаҳояшон баргардонидаанд, вале ҷустуҷӯи 17 нафари дигар идома дошт.

Овозаҳо дар бораи сабабҳои гумшавии кӯдакон ва омили авҷгирии ин ҷараён ба тарзи гуногун шарҳ дода мешавад. Аз ҷумла, ба хориҷи кишвар бурдани ин кӯдакон ва фурӯхтани узви бадани онҳо. Ба ин фарзия мақомот чандон ҷиддӣ наменигаранд, чунки ба гуфтаи онҳо, ягон далели аз Тоҷикистон берун бурдани кӯдакон то имрӯз ошкор нашудааст, ки гурдаашро фурӯхтаанд ё ҷигарашро.

Чанд сол пеш кормандони милиса аз боздошти зане хабар доданд, ки кӯшиши дуздии як кӯдакро дошт. Сарусадое низ баланд шуд, ки гӯё роҳбари мафияи кӯдакдуздон ҳамин бону бошад, ки роҳбарии як кошонаи ҳуснро ба уҳда дошт ва акнун ҳамаи саволҳо дар ин бора ҷавоби худро меёбанд. Аммо баъдан маълум шуд, ки ин зан дар пайи қассос аз модари кӯдак ба дуздии тифли ӯ машғул шудааст ва ин ҳодиса ба раванди афзоишёбандаи кӯдакдуздӣ дар Тоҷикистон рабт надорад. Мардум он замон онқадар ба хашм омада буданд, ки ҳатто баъзеҳо дар шабакаҳои интернетӣ навишта буданд: “Ин кӯдакдуздро, ки дар хонааш доруҳои мадҳушкунанда барои кӯдакро дарёфт карда буданд, дар назди мардум ба дор овезанд, то барои дигар кӯдакдуздон дарси ибрат шавад”.

Кӯдакон инсонҳои содаву самимианд. Онҳо аз ҳамин хотир ба одамон бовар мекунанд ва дар натиҷа ба доми одамрабоён ҳам меафтанд. Вале таҳлилгарон мегӯянд, кӯдакони тоҷик як махсусияте доранд, ки шояд дар кишварҳои дигар набошад — нодории мардум. Аз ҳамин хотир, кӯдаки тоҷикро бо як яхмос ё чанд дона қанд низ фиреб намуда, бо худ мебаранд.

Ҳолатҳои зиёди ба савдои салафану пакет машғул гардидан ва кондуктор шудани кӯдакони тоҷикро дар автобусҳо метавон мисол овард, ки онҳоро маҳз орзуи зиндагии хуб ва дарёфти маблағ ба ин роҳ мебарад. Албатта, баъзан аз ҷониби волидон, махсусан модарҳои танҳомондаи худ низ шояд маҷбур карда шаванд, то ба бозор бароянду пул ёбанд ва ҳамчун ноновари хона баромад кунанд.

Ба гуфтаи коршиносону равоншиносони тоҷик, кӯдак зиндагии нохубро дида, худаш аз пеши худ ташаббус нишон доданӣ мешавад, то дар ҳалли мушкилот кӯмак расонад. Ана ҳамин хоҳиш низ метавонад барои авҷи кӯдакдуздӣ мусоидат намояд.

Пас, бояд ҳама якҷоя, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои масъул, хусусан Вазорати корҳои дохилии кишвар талош намоем, то мушкилоти кӯдаконамон бартараф гардад ва ҳаргиз камбудиро набинанд.

Ин кор имконпазир аст!

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here