Чаро ба саволҳои ҷиддӣ ва муҳим ҳанӯз ҳам посух намедиҳанд?
Теъдоди гирифторон ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 4690 тан расид ва тибқи иттилои расмӣ, рӯзҳои охир фавт ба қайд гирифта нашудааст. Ин албатта хеле хабари хушҳолкунанда аст, ки маргу мир новобаста аз афзоиши ин беморӣ кам мегардад ва шифоёфтагон бештар.
Вале мавзӯи баҳси доруҳои ройгон ба беморон дар Тоҷикистон то имрӯз кам нашудааст. Табибони тоҷик дар аввали эълони расмии пайдоиши вируси сироятии коронавирус ба таври ғайрирасмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки гирифторони КОВИД-19 маҳз ҳамон илтиҳоби шуш ба шумор меравад. Инро аз рӯи нишонаҳои бемороне, ки онҳоро қаблан “пневмония” мегуфтанд, муқаррар кардан мумкин буд. Вале масъулини Вазорати тандурустии кишвар инро рад карда, мегуфтанд, нафароне, ки ба бемории илтиҳоби шуш гирифторанд, КОВИД-19 нестанд.
Албатта, ин ҳолат як навъ нофаҳмӣ ва сардаргумии байни мардумро ба вуҷуд овард. Ҳатто баъзеҳо ба таври масхараомез мегуфтанд, ки коронавирус дар тамоми ҷаҳон КОВИД-19 ном дошт, вале чун ба Тоҷикистон омад, тоҷро аз сараш гирифту номашро ба “пневмония” иваз кард.
Аммо бархе одамон мегуфтанд, ки ин гуна муомилаи масъулин як навъ тиҷорат аст ва дар мо мешавад ин бемории хавфнокро “бизнесвирус” ном дод. Барои ин мисолҳо низ меоварданд. Аз ҷумла, аз рӯи тестҳои муайянкунандаи КОВИД-19, чун онҳо на ба ҳама дастрасанд. Ин дар ҳоле, ки танҳо тавассути тест имкони мушаххас кардани коронавирус ҳаст. Дар мавриди доруҳое, ки вазири нави тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯянд, ройгонанд… Аз рӯи мантиқи ӯ, гӯё рост мегӯяд. Зеро, чун бемор аз тест нагузаштааст, касе ба бемории коронавирус гирифтор будани ӯро маълум карда наметавонад. Дар ин сурат, ҳамаи сарфу харҷи бемор пулакӣ хоҳад буд ва агар даъво кардед, ки бояд ройгон бошад, бароятон хоҳанд гуфт, ки исбот кунед, ки КОВИД-19 будед, на пневмония!
Бозии аҷиб? Тиҷорат? Бемасъулиятӣ? Ё чӣ?
Дар ҳамин ҳол, нафарони зиёде мегӯянд, ки барои пайдо кардани тест талош мекунанд, вале бенатиҷа. “Мегӯянд тест надорем, танҳо КТ басанда аст, ки шумо табобататонро оғоз кунед. Албатта табобати пулакиро”.
Ва хеле суҳбатҳои аҷиб ҳам пайдо мешаванд байни мардум. Аз ҷумла, як мақоми баландпояи БДА-и кишвар, генерал-майор Насимзода Акбар низ пас аз рухсат шуданаш аз беморхона дар суҳбат ба хабарнигорон иброз дошт: “Намедонам ба коронавирус гирифтор шудам ё ба илтиҳоби шуш, шифо ёфтам, ҳоло аз беморхона ҷавоб шудам, танҳо таъкиди хеле ҷиддӣ карданд ба ман, хеле эҳтиёт бояд кунам”. Яъне, ҳатто генерали тоҷик роҳгум задааст, ки аз кадом беморӣ табобат гирифтааст…
Масъалаи дигар он аст, ки ин тестҳоро агар ба аҳолӣ дастрас накунанд, пас дар куҷо онро истифода хоҳанд бурд? Оё ин тестҳо барои муайян кардани дигар намуди беморӣ низ истифода шуданашон мумкин аст? Ин савол ҳоло посухи илмиву итминондиҳанда пайдо накардааст. Аммо як иқрори масъулин масъаларо боз ҳам чигил намуд. Гап сари мусоҳибаи вазири тандурустӣ аст. Ӯ эътироф кард, ки тестҳое, ки барои муайян кардани КОВИД-19 гирифта мешаванд, на ҳама вақт ҷавоби эътимодбахш медиҳанд. Зеро, ба гуфтаи вазир, барои дуруст баромадани тест сараввал бояд он дуруст гирифта шавад. Ин ҷо гап шояд сари духтуроне меравад, ки истифодаи дурусти тестҳоро намедонанд. Инчунин, ба гуфтаи вазир, дақиқияти он ба интиқол ва ҳарорати дастгоҳ вобастагии зиёд дорад. Ҳангоме, ки тест гирифта шуд, он бояд то 75 соат ба дастгоҳ барои муайян кардан гузошта шавад. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки дастгоҳ пур аст ва муҳлати ба дастгоҳ гузоштани тест риоя намешавад, ки ин ҳолат метавонад сабаби хато баромадани рақамҳои тест гардад.
Масъаларо албатта Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон хеле ҷиддӣ гирифтанд ва маҳз барои зиёд кардани бемористонҳо дар тамоми ноҳияҳои чумхурӣ супоришҳои қатъӣ доданд, ки ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, то дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, беъмасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.
Пас, масъулин метавонанд нафаронеро, ки шикоят мекунанд, ки доруҳо ройгон нестанд, бигӯянд, ки «ту на гирифтори коронавирус ҳастӣ, балки ба “пневмония” гирифторӣ». Табобати маризҳои илтиҳоби шуш бошад…, он қадар ройгон нест.
Масъала албатта бисёр нозук аст, вале ҳамаро тавсия медиҳанд, ки аз рӯйи нишонаҳои сулфа, таби баланд, табларза, нафастангӣ аллакай табобатро оғоз кунанд.
Хулоса, саволҳо хеле зиёд ва ҷиддианд, вале мутаассифона дар бахши матбуотии Вазорати тандурустӣ касе ҳозир нашуд ба онҳо посух бидиҳад.
Ҷавоб надоштанд?
Ё масъала “бисёр нозук” аст?
Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи тағйироти охир ба қонунгузорӣ воридкардаи Маҷлиси намояндагон, ин ё он нафар, агар дар бораи коронавирус маълумоти нодуруст пахш кард, метавонад муҷозот ва бо пули калон ҷарима шавад. Аммо сардаргумиву саволҳо дар бораи КОВИД-19 дар Тоҷикистон зиёданд.
Пас ин ҳама ба манфиати кист?
Ана инашро намедонем…
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА